АЗ ПАДАРУ МОДАРОН НАБОЯД МАБЛАҒ ТАЛАБ КАРДА ШАВАД

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бахшида ба «Натиҷаҳои соли 2023 ва фаъолияти равандҳои аттестатсияи омӯзгорон дар системаи вазорат дар соли ҷорӣ» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар он ҷонишини вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ Сардор Раҷабов, мушовири вазир Азизбек Турдиев ва роҳбарони садоратҳои вазорат ширкат варзиданд.

Сардор Раҷабов таъкид кард, ки соли гузашта шумораи муассисаҳои таълими томактабӣ ба 33 942 адад расид. Ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани бачагони 3-7сола ба 74 фоиз ва фарогирии таълими мактаби кӯдакони шашсола ба 93 фоиз расид. Дар асоси системаи баҳодиҳии MELQO 100 муассиса интихоб гардида, баҳогузорӣ карда шуд. 6 598 муассисаи таълими томактабӣ ва 92 коллеҷи омӯзгорӣ бо 36 номгӯи адабиёти таълимию методӣ ва маводи дидактикӣ таъмин гардиданд. Барои  муассисаҳои таълими томактабии ҷумҳурӣ таомномаи ягонаи мавсимӣ ҷорӣ карда шудааст.
Дар давоми соли хониш ҷамъ дар 10163 муассисаи таълимии миёна 6,476 млн. хонанда таҳсил гирифт. Соли гузашта синфи 9 ва 11-ро 974 778 нафар хатм намуданд. Ба 37 филиали таълими мактаб мақоми таълими мактаби миёна дода шуд. 689726 нафар бачагон ба синфи якум қабул карда шуданд. Баҳои миёнаи хатмкунандагон дар дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ 77,1 холро ташкил дод.
– Ба мақсади баланд бардоштани мутолиа ва китобдорӣ китобхонаи бачагонаи ҷумҳурӣ, 232 маркази захираи ахбор ва 9 877 китобхонаи мактаб фаъолият доранд. Дар маркази ахбору китобхонаи мактабҳо 22,8 млн. нусха китоб мавҷуд буда, зиёда аз 210 600 нусхаи он адабиёти электронӣ мебошанд, — гуфт А. Турдиев. 
Ӯ таъкид намуд, ки бобати телефони мобилӣ бештар муроҷиат мекунанд. Онҳо бояд дуруст фаҳманд, ки дар ҷараёни дарс ҳеҷ кас ҳуқуқи дахолат карданро надорад. Шарти асосӣ дар давоми дарс хомӯш кардани телефон мебошад. Дар акси ҳол, аввал хонанда, сипас, падару модари ӯ ба мактаб даъват шуда, огоҳонида мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар низоми таълими томактабӣ ҳолатҳои ришваситонӣ ба назар мерасад. Бинобар аз байн бардоштани ҳолати мазкур корҳои низомнок бурда мешаванд.
Дар муассисаҳои томактабӣ воситаҳои санитарӣ-гигиенӣ аз ҳисоби буҷети давлат расонда мешаванд. Бинобар ин, набояд аз падару модарон маблағ талаб карда шавад. Касоне, ки ба ин ҳол дучор мешаванд, метавонанд ба вазорат муроҷиат кунанд ва ин муамморо ҳал кунанд. 
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ метавонанд доир ба камбудиҳое, ки дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ ба назар мерасанд, ба вазорат муроҷиат карда, мушкилоти мавҷударо дар ҳамкорӣ омӯхта, ҳаллу фасл намоянд.
Беҳтар гардондани таъмини кӯдакон бо ғизо аз ҷониби иштирокдорони тадбир зикр гардид, масъулони вазорат бинобар ин масъала ибрози ақида карданд ва пешниҳод шуд, ки таҳти назорат гирифтани хӯроки бачагон аз ҳар ҷиҳат амри зарурист.
Маълум шуд, ки дар соҳа камбудиҳо ба назар мерасанд. Барои зина ба зина баланд бардоштани тарбияи кӯдакон нақшаҳои низомнок андешида мешаванд, то он ки низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ ба соҳаи пешрафта табдил ёбад. Зеро хишти аввали ояндаи дурахшони бачагон дар мактаб не, балки дар кӯдакистонҳо гузошта мешавад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: