ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ!

Антон ЧЕХОВ:

БАРОИ КАСОНЕ, КИ ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДОРАНД

Зиндагӣ чизе талху нохушоянд аст, вале зебо сохтани он кори мушкил нест. Барои сохтани ин дигаргунӣ лозим нест, ки масалан, дусад ҳазор рубл дар лоторея бубарӣ ва ё ба дарёфти медали «Уқоби сафед» ноил шавӣ ё бо хонуми зебову хуштипе издивоҷ кунӣ ё ба унвони як одами хушқалб дар тамоми дунё шинохта шавӣ.
Неъматҳоеро, ки баршумурдем фанопазиранд ва ба одати рӯзона табдил мешаванд.
Барои он ки ҳамеша, ҳатто дар мавқеи ғаму мотам эҳсоси хушбахтӣ кунӣ, бояд аввал аз он чӣ, ки дорӣ, розиву хуш бошӣ ва дувум ин ки аз ин андеша, ки «мумкин буд аз ин бадтар шавад» эҳсоси хушӣ кунӣ ва ин кори душворе нест.
Вақте қуттии гӯгирд дар ҷайбат оташ мегирад, аз ин ки ҷайбат пур аз борут набуд, хуш бош ва Худоро шукр кун.
Вақте теъдоде аз хешу табори бечораат ба хонаи иҷораат меоянд, зиқ нашав, балки хуш бошу фарёд бизан, ки: «ҷойи хушист, ки хешовандонам омадаанд, на пулис».
Агар хор дар ангуштат халид, бар он шукр кун, ки «чӣ хуб шуд дар чашмам нахалид».
Агар зан ва ё хоҳарарӯсат оҳангеро бесуру фач бихонанд, авқотатро талх макун, хуш бош, ки ба мусиқӣ гӯш мекунӣ, на ба зузаи шуғол ё мияв-мияви гурба.
Бар он Худоро шукр кун, ки на аспи боркаш ҳастӣ, на хук, на хар, на гамбуск ва на хирс.
Рақс кун, ки на фалаҷ ҳастӣ, на кӯр, на кар, на гунг ва на мубтало ба марази вабо. Хушҳолӣ кун, ки дар ҳамин лаҳза рӯйи курсии муттаҳамин нанишастаӣ.
Агар дар минтақаи бисёр дур зиндагӣ мекунӣ, аз ин, ки хонаат дигар ҳам дуртар нест, хушҳолӣ кун.
Агар фақат як дандонат дард мекунад, дилатро ба ин хуш кун, ки хуб аст ҳама дандонҳоят дард намекунанд.
Вақте туро ба маҳкама эҳзор мекунанд, аз ин, ки ту ба муҳокима меравӣ, на ба дӯзах, хушҳол бош ва ҷастухез бизан.
Агар занат ба ту хиёнат мекунад, дил ба ин хуш дор, ки ба ту хиёнат мекунад, на ба Модар-Ватан.
Ва ба ҳамин тартиб... эй одам, насиҳатҳои маро ба кор гир, то тамоми зиндагиат пур аз хушиву хушҳолӣ шавад.

Тарҷумаи Ҳорун ЮСУФӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: