ДАР МАҲАЛЛАҲО ШАБАКАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ МЕАФЗОЯНД

Дар асоси қарори Президент «Дар бораи чораҳои дар тӯли солҳои 2024-2026 инкишоф додани инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар иншооти инфрасохтории иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ фароҳам овардани иқтидорҳои нав ба сифати нишондодҳои мақсаднок муайян гардиданд.

Барои ба ҳаёт татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» муайян шудаанд, бахусус дар маҳаллаҳо беш аз пеш инкишоф додани инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолӣ, барои соҳибкорон фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоявӣ чораҳо андешида мешаванд. Ҳокимияти ноҳияи Янгийӯл, ки ба вазифаҳои мазкур эътибори алоҳида медиҳад, низ баҳри беш аз пеш инкишоф додани фаъолияти шабакаҳои саноатӣ саъй дорад.
– Мувофиқи таҳлилҳо туфайли хунукиҳои шадиди моҳҳои январ-феврали соли 2023 дар таъминоти электр ва гази табиӣ норасоиҳои мунтазам ба миён омаданд, ки ин ба иҷрои нишондодҳои пешбинишуда таъсири манфӣ расонид. Вале барои аз байн бардоштани муаммоҳои мавҷуда корҳои мунтазам татбиқ шуданд, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Янгийӯл, сардори шуъбаи сармояҳо, саноат ва савдо Илҳомҷон Ҷӯраев. – То 1 декабри соли гузашта миқдори лоиҳаҳои ба кор даромада 58 ададро ташкил дод, ки арзиши умумии онҳо 765,9 миллиард сӯм мебошад. Шумораи ҷойҳои нави корӣ бошад, ба 2271 расидааст. Дар самти саноат 38 адад корхонаи арзиши умумиашон 655,7 миллиард сӯмина ба истифода супурда шуданд. Дар 2-тои онҳо аҳолӣ бо шуғл таъмин гардиданд. Яке аз онҳо корхонаи «KIDDY TOYS» мебошад, ки дар маҳаллаи «Туябӯғиз» ҷойгир буда, барои бачагон лӯхтак истеҳсол мекунад. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо кишвари Белорус ба кор супурда шуд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли он 18,5 миллиард сӯмро ташкил дод, ҳаҷми содирот бошад, ба 420 ҳазор доллар расид. Дар ин давр грануллаҳои махсус, ки барои лӯхтакҳо пешбинӣ шуданд, истифода гардиданд ва 600 навъи лӯхтак истеҳсол шуд. Алҳол дар ин ҷо 120 нафар аҳолӣ бо шуғл таъмин мебошанд, ки 70 нафари онҳо занону духтарон ба шумор мераванд.
Дар корхонаи «MISS MADI BUSINESS», ки дар маҳаллаи Ғалаба ҷойгузин мебошад, низ истеҳсоли мебелҳои барои бӯстонсароҳо ба роҳ монда шудааст, дар он тақрибан 50 нафар мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд. Баробари оғоз ёфтани мавсими корӣ боз наздики сад нафар шаҳрвандон ба кор ҷалб карда шуданд. Тӯли соли гузашта аз Чин технологияҳои махсус оварда ва истеҳсоли 10 навъи маҳсулот ба роҳ монда шуданд. Маҳсулоти истеҳсолшуда ғайр аз бозорҳои дохилӣ ба кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия ҳам содир мегарданд. Корхона барои соли равон ба миқдори 5 миллиард сӯм воми имтиёзнок гирифта, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани фаъолияти корхонаро ба нақша даровардааст.
Умуман, дар маҳаллаҳои ноҳияи Янгийӯл аз тариқи зиёд кардани чунин шабакаҳои саноатӣ аҳолӣ бо шуғл таъмин  мешавад ва даромади вай зиёд мегардад.

Абдулазиз МУСОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: