Рӯнамойии китоби «Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он», ки ба қалами Раҳматуллоҳ Шоҳимардонов, як тан аз омӯзгорони эҷодкори ноҳияи Бойсун мутааллиқ аст, даҳҳо нафар алоқамандони маънавият ва маърифат, намояндагони фаъоли ҷомеа, роҳбарони идора ва кормандони воситаҳои ахбори умумро гирдиҳам овард.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори дастандаркорони нашри китоб дар маҷлисгоҳи мактаби рақами 33-юми ноҳияи Бойсун баргузор гардид. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Қудрат Эшонқулов дар бораи китоб маълумоти мухтасаре дод ва бо мӯҳтавои он ҳозиронро шинос намуд. Аз ҷумла гуфт, ки мардуми Бибиширин, ки саросар тоҷиконанд, дер боз мунтазири нашри чунин як китоб буданд ва боиси хушнудиҳост, ки ин орзуи онҳо дар амал татбиқ гардид ва нашриёти «Сурхон-нашр» китобро бо сифати баланд нашр кард. Кунун таърихи ин деҳаи кӯҳистонӣ тадқиқ гардидаву бо далелҳои муҳкам собит шуда, пешкаши хонандагони дӯстдори таърихи диёр ва муҳаққиқони илми этнография қарор гирифтааст. Китоб аз шаш боб таркиб ёфта, ҳар бахши он аз рӯзгори мозӣ ва имрӯзи бошандагони ду ҷамоати шаҳрвандон – Бибиширин ва Ширинобод ҳикоят мекунад. Ҷо-ҷо ҳикояву мақолаҳои аҳли назар доир ба шахсиятҳои таърихии деҳа, фарзандони барӯманди он оварда шудаанд, ки ба ҷаззобияти китоб афзудааст.
Раиси маҳаллаи Ширинобод Нормамат Азизов таъкид кард, ки ин китоб бояд дар бойгонии хонадони ҳар як бошандаи деҳа ҷой гирад.
Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони ноҳияи Бойсун Ғаффор Норбоев зимни суханронӣ гуфт, ки дар китоби мазкур олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода муқаддимае навиштаву аз таърихи ноҳия суханҳои илмие ба миён гузоштааст, ки то ҳол ба аҳли қаламрав маълум набуд. Этимологияи Бойсунро, ки қаблан аксар ба ривоятҳо такя мекарданд, дар асоси навиштаҳои олимони ҷуғрофишиноси асри Х ва маъхазҳои таърихии минбаъда шарҳ дода, навиштааст, ки Бойсун ҳамон калимаи дар гӯишҳо каме тағйирёфтаи «Басанд», «Босанд» ва «Босунд» аст ва маънои шаҳри дорои кӯшк ва қалъаи дастнорасеро дорад ва ин шаҳр дар байни ду давлат – Суғд ва Бохтари қадима ҷой гирифтааст. Бибиширин бо фарзандони фарзонаи худ чун доктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев ва писари ӯ доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, доктори илмҳои техникӣ, профессор Абдуҷаббор Саидқосимов, шоир Равшани Эҳсон, номзади илмҳои техникӣ Раҳматулло Каримов, омӯзгори бахши забон ва адабиёти руси ДД Тирмиз Маҳмуд Абдуллоев ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шариф Халил ифтихор дорад. Ба забони фасеҳи тоҷикӣ иншо гардидани китоб худ далели он аст, ки ҳанӯз бошандагони ин деҳа ҳуввияти миллии худро аз даст надодаанд. Аммо Ғаффор Норбоев аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки дар мактаби соф тоҷикии деҳа синфҳои тоҷикӣ сол аз сол коҳиш меёбанд. Ба гуфтаи ӯ, кунун замонаҳо тағйир ёфтааст ва эҳё намудани дабистонҳои тоҷикӣ, ки дар собиқа амал мекарданд, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Маркази фарҳангии тоҷикон ва фарзандони худогоҳи он мебошад.
Китоб навиштан, хоса китоби таърихию этнографӣ бо сӯзан чоҳ канданро мемонад ва машаққати сангине дорад. Дар шаш боби ин китоб таърихи ташаккули як деҳаи тоҷикнишини Бойсун хеле хуб ба қалам дода шудааст ва онро метавон шиносномаи деҳаи Бибиширин унвон кард.
Анвар ХОЛОВ,
омӯзгори фанни таърихи мактаби рақами 33-юми ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.