МАЙДОНИ МУҲИМ БАРОИ МУЛОҚОТ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ

Дар Маҷмӯи намоишгоҳи миллии «Ӯзэкспомарказ»-и пойтахт чорабинии намоишгоҳии «ZIYORAT TURIZMI – 2023» баргузор шуд.

Дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои бузурги сайёҳӣ, ширкатҳои авиатсионӣ ва меҳмонхонаҳо, фаъолони машҳур аз Арабистони Саудӣ ва халиҷи Форс ширкат варзиданд. Ҳамчунин беш аз 100 Оҷонсии бузурги сайёҳии  Русия, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар хидмати худро пешниҳод намуданд. Боиси зикр аст, ки мақсади намоишгоҳ нафақат созмон додани саёҳати зиёратии ҳамватанони мо, балки боз саёҳати саёҳони хориҷӣ дар Ӯзбекистон мебошад. Маълум аст, ки Ӯзбекистон аз ҷумлаи гаҳвораҳои тамаддуни бостонӣ ва ҳалқаи муҳими Шоҳроҳи абрешим ба шумор меравад, ба роҳ мондани сайёҳии зиёратии онҳо ба ҷойҳои муқаддас дар пояи меъёрҳои байналхалқӣ аз ҷумлаи вазифаҳои ӯст.
Бо шарофати сиёсати ошкоро ва муътамади хориҷии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мамлакат муҳити дӯстӣ ва кушодадилӣ барои сайёҳон ва намояндагони доираҳои корчаллони кишварҳои дӯст ва мамлакатҳои ҳамкор фароҳам оварда шудааст. Бекор карда шудани режими раводид нафақат ба ҳамдиёрони мо, балки боз ба шаҳрвандони кишварҳои ҳамкоре чун Арабистони Саудӣ, Туркия, Озарбойҷон барои боздид аз Ӯзбекистон сазовори эътибори махсус мебошад. 
Иттиҳодияи зиёрати умраи Ӯзбекистон фаъолияти худро 7 октябри соли 2022 ба мақсади босифат созмон додани умра барои шаҳрвандони мамлакати мо ва рушди сайёҳии зиёратӣ оғоз намуд. То имрӯз беш аз 25 оҷонсии байналхалқӣ ва ватании сайёҳӣ узви ин Иттиҳодия мебошанд. Иттиҳодия анқариб бо 10 ширкати бузурги байналхалқии сайёҳӣ ҳамкорӣ дорад. Дар натиҷаи ин танҳо дар мавсими гузаштаи «Умра – 2023» бо дастгирии фирмаҳои сайёҳӣ – аъзои иттиҳодия тақрибан 51 ҳазор зоирон дар шароити мусоид зиёратро анҷом дода, ба Ватан баргаштанд. 
Барои он ки ҳамватанонамон зуд, сабук ва бароҳат то Арабистони Саудӣ бираванд, зиёда аз 10 ширкати бузурги авиатсионӣ ба ин кор ҷалб карда шуданд. 
Зиёрат бинобар ду шакли барнома – барои 10 ва 15 рӯз ташкил карда шуд. 
Ба мақсади пурмазмун гузаронидани вақти зоирон дар шаҳри Мадина зиёрати махсус ба кӯҳи Уҳуд, осорхона, дар Макка бошад, ба ҷойҳои муқаддас, аз ҷумла кӯҳи Арофот, водиҳои Мино ва Муздалифа, кӯҳистони Ҳира ва Савр ташкил карда шуданд. Сифат ва тарзи ба роҳ мондани сайёҳии зиёратии фирмаҳо, аъзои иттиҳодия таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. 
Намоишгоҳи «ZIYORAT TURIZMI - 2023» дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи зиёрати умраи Ӯзбекистон аввалин намоишгоҳи бузургест, ки ба босифату намунавӣ ташкил кардани сайёҳии зиёратӣ дар мамлакати мо ва хориҷи он бахшида шудааст.

Назокат УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.   
Суратгир: 
Муҳаммад АМИН (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: