БАЧАГОН ДАР ОҒӮШИ ТАБИАТИ КӮҲСОР

“Моҳи ҷавонон” эълон шудани моҳи июни соли ҷорӣ ва бинобар он ба ҷавонон фароҳам овардани имкониятҳои муайяни иҷтимоӣ боз як намунаи эътибор ба нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошад.

“Моҳи ҷавонон” эълон шудани моҳи июни соли ҷорӣ ва бинобар он ба ҷавонон фароҳам овардани имкониятҳои муайяни иҷтимоӣ боз як намунаи эътибор ба нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Дар кишвари мо ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии онҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ҷумла, барои онҳо дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи саросари ҷумҳурӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба талабҳои замонавии таълиму тарбия ҷавобгӯ мебошанд. Яке аз чунин истироҳатгоҳҳо воқеъ дар деҳаи Хондиза аст, ки дар фосилаи 60 км дуртар аз маркази ноҳияи Сариосиё ҷой гирифтааст ва дар назди дарёи Чағонрӯди таърихӣ қариб 50 сол пеш бунёд гардидааст.
Ҳар сол ҳазорҳо нафар фарзандони халқ таътили тобистонаи худро дар ин ҷо мегузаронанд. Айни ҳол онҳое, ки давраи ҷавонии худро дар иҳотаи табиати кӯҳсори мазкур сипарӣ кардаанд, аз он лаҳзаҳои хотирмон бо некӣ ёд мекунанд. 
Маҳз, дар давраи роҳбарии Р. Соҳибов дар истироҳатгоҳ пешравиҳои назаррас ба амал омад. Хусусан, чанд соли охир мувофиқи талаби давр имкониятҳои васеъ муҳайё гардиданд. Аз таъмири куллӣ баровардан, атрофро дар баландии 2,5 метр иҳота кардан, бо ҷиҳозҳои зарурии замонавӣ таъмин намудани истироҳатгоҳ аз ҷумлаи корҳоест, ки солҳои охир анҷом дода шудаанд.
Имсол дар ҳудуди Сурхондарё асосан чаҳор истироҳатгоҳи бачагона фаъолият  доранд, ки яке аз онҳо Муассисаи истироҳативу солимгардонии бачагонаи «Хондиза» ба шумор меояд.
Он бояд тибқи нақша дар як баст 250 нафарро қабул кунад, аммо соли ҷорӣ ба сабаби дар саросари ҷаҳон доман паҳн кардани пандемия ва риоя ба қоидаҳои карантин 160 нафар ҷалб карда шуданд. Бачагоне, ки аз гӯшаҳои гуногуни вилоят омадаанд, имсол дар истироҳатгоҳ  таътилро самарабахш сипарӣ ва дар оғӯши табиати мусаффо сайругашт мекунанд, бо намудҳори гуногуни варзиш машғул гардида, саломатиашонро обутоб медиҳанд.  
Дар истироҳатгоҳ маҳфилҳои варзишӣ, рассомӣ, табиатдӯстони ҷавон, забони англисӣ, кор бо компутер амал мекунанд, ҳамчунин, озмунҳои шаби шеър, саёҳат ба олами афсона ва монанди инҳо гузаронда мешаванд. 
Ба бачагон чор маҳал хӯроки босифат дода мешавад, масалан, хӯроки наҳорӣ асосан, аз ғизоҳои ширӣ, панир, тухм иборат аст. Дар вақтҳои нисфирӯзӣ ва шом низ бачагон бо хӯрокҳои серғизо таъмин карда мешаванд.
Истироҳатгоҳ амфитеатр, китобхона, хонаи маънавият, майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз дорад, ки барои обутоби ҷисмонии бачагон ва баланд бардоштани маънавияти онҳо имконият фароҳам меоранд.
 –Дар истироҳатгоҳи мо фарзандони миллатҳои гуногун истироҳат мекунанд, ҳамаи онҳо бо ҳам дӯсту тифоқанд. Зеро ҳама фарзандони Ӯзбекистони соҳибистиқлол ҳастанд, ки давлат ва ҷамъият аз онҳо умеди калон дорад. Ба шароити имрӯзаи пандемия нигоҳ накарда, барои обутоби ҷисмонӣ ва такмили зеҳни бачагон аз тарафи ҳукумати кишвар шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, то ки вақти холии худро дар ҳалқаи дӯстону ҳамсолони худ сипарӣ кунанд, – мегӯяд сарвари Муассисаи истироҳативу солимгардонии бачагонаи “Хондиза” Раҳматулло Соҳибов ва илова мекунад: –Дар пешрафти кори истироҳатгоҳ ва хуб ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ шифокор  Зоҳира Шоназарова, сарошпаз Зуҳро Эсанова, сарпешоҳанг Шерзод Соҳибов, намояндаи шуъбаи корҳои дохилӣ Акбар Худойқулов, педиатр Гуландом Шерова, дезинфектор Аҳмад Кенҷаев, мудири анбор Абдураҳмон Муҳиддинов ва дигарон заҳмат мекашанд.   
Бинобар таъкиди ӯ бо назардошти бехатарии саломатии бачагон ва риоя ба қоидаҳои карантин байни онҳо фосилаи муайян нигоҳ дошта мешавад ва ҳудуди истироҳатгоҳ доимо таҳти назорат аст.  

Х.ҲАМИДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: