– мегӯяд муаллиф ва муҳаррири барномаи “Рангинкамон” Шарофат Эрматова
– мегӯяд муаллиф ва муҳаррири барномаи “Рангинкамон” Шарофат Эрматова
Армони дил
Шарофат ҳамон рӯз аз вилояти Самарқанд хеле хушҳолу қаноатманд баргашт. Ба вай ва аъзои гурӯҳе, ки ӯро ҳамеша дар сафарҳои хидматӣ ҳамроҳӣ мекунанд, имкон даст дод, ки бо фарзандони фарзонаи ин шаҳри бостонӣ суҳбатҳои муфиду ҷолиб анҷом диҳад.
– Ин суҳбату мулоқотҳо саросар самимӣ ва пур аз меҳру муҳаббат буданд, – мегӯяд ӯ. – Ҳамон ҳафта барномаи “Рангинкамон” ҳаёту фаъолияти як гурӯҳ одамони шӯҳратёри Самарқандро ба тамошобинон намоиш дод. Ҳар кадоми ин одамон дар пешрафти илму фарҳанг ва адабу маърифат саҳми бузург мегузоранд.
– Пеш аз сабт ба майдони Регистон омадам. Онро бо шавқ тамошо кардам. Эҳсос намудам, ки пеш аз шурӯъи кор ба ин ҷо беҳуда қадам ранҷа накардаам. Дарҳақиқат, барои тамошои Регистон ҳамасола даҳҳо ҳазор сайёҳ меояд.
Дидани ду шаҳри бостонӣ ва марказҳои тамаддуни олам – Самарқанду Бухоро барои вай нерӯи тоза мебахшад. Ба забони ноби форсӣ суҳбат кардани мардуми зиёд дар бозору растаҳои савдо басо гуворову дилкаш мебошад.
Эрматова мегӯяд, ки таҳсил дар ин шаҳри бостонӣ як умр барояш армон шуда мондааст. Вақте ба падараш гуфт, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилашро дар Самарқанд идома хоҳад дод, аз падар ҳарферо шунид, ки дар дилаш ба ҳамин армон як умр лона гузошт.
– Духтари азизам, шаҳри Самарқанд аз мо хеле дур. Беҳтараш, ба Тошканд раву дар ягон ҷо таҳсил намо. Агар писар мебудӣ, пеши роҳатро намегирифтам, – гуфтааст падараш.
Дар мактаби миёна муаллими забону адабиёт Шоюсуф Шоёқубов аз онҳо ҳамеша талаб мекард, ки дар мавзӯъҳои гуногун иншо нависанд ва бештар шеър азёд кунанд, то ки саводашон боло равад ва нутқашон бурро гардад.
Зодгоҳи Шарофат деҳаи Нанай дар минтақаи кӯҳистони вилояти Тошканд воқеъ гаштааст. Мактаби миёнаро ӯ дар ҳамин деҳ ба итмом расонидааст. Дар фасли тирамоҳу зимистон аз барфу боронаш ва дар фасли баҳору тобистон аз чангу ғубораш ба серӣ “баҳра” бурдааст.
– Падарам нутқи хуб доштанд. Ҳарчанд аз рӯи тахассус агроном буданду бештар ба кирмакпарварӣ машғул мешуданд, маҳфилҳои зиёдро бо шеъру ғазалхонӣ шукӯҳ мебахшиданд. Дар кӯҳистони мо аз танги тирамоҳ то охири зимистон одамон бекор мемонанд. Падарам барои одамони деҳ, ки дар як ҷо гирдиҳам меомаданд, маҳфилороӣ мекарданд.
Техникум маҷрои ҳаёти ӯро дигар кард
Дар оила онҳо даҳ фарзанд ва падар тани танҳо онҳоро мехӯронду мепӯшонд. Вақте ки шаҳодатномаи хатмкуниро гирифт, шаҳри Тошканд омад. Аммо ҳаргиз гумон намекард, ки вай солҳо ба наттоқиву барандагии телевизион машғул хоҳад шуд ва кори омӯзгорӣ, ки ҳамеша орзу мекард, насиби вай намешавад. Ба тақдир тан доду соли 1980 ба техникуми маданияти шаҳри Тошканд ҳуҷҷат супурд. Аксари баҳоҳои шаҳодатномааш “аъло” буд ва ифтихорномаҳои зиёд бо худ дошт, барои ҳамин дар комиссияи қабул гуфтанд, ки вай танҳо як имтиҳон месупорад.
– Аммо номамро дар рӯйхати дохилшудагон пайдо накардам. Дар техникум ҳама худро ба нодонӣ заданд. Маҷбур шудам, ки ба Вазорати маданият рафта ҳаққамро ҳимоя кунам. Баъди суҳбат бо вазири вақт бе гапу калочаи зиёд маро ба ин техникум қабул карданд. Бо вуҷуди ин, ним сол ба ҳайси шунавандаи озод ва бидуни стипендия машғули дарсхонӣ шудам. Аз ин ҳодисаҳо падарам ҳаргиз хабар надоштанд. Ғайр аз он ки дар дарсу машғулиятҳо фаъол будам, дар мавсими пахтачинӣ худро нишон додам. Донистанд, ки духтари кӯҳистон дар чидани пахта дигаронро чӣ тавр ба ҳайрат мегузорад. Оқибат, аз шунавандаи озод ба талабаи ҳақиқӣ табдил ёфтам ва 37 сӯму 50 тин стипендия мегирифтагӣ шудам. Ин миқдор пул ҳамон замон маблағи калон ҳисоб меёфт, – ба хотир меоварад Шарофат.
Аз мусаҳҳеҳӣ – то масъули “Рангинкамон”
Баъди хатми техникум дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба кор даромад. Дар як вақт дар шуъбаи ғоибонаи факултаи режиссураи Донишкадаи маданият ва санъати Тошканд таҳсил кард. Зимнан, аз устод Сотимхон Инъомхӯҷаев, ки ба шогирдон аз нутқи саҳна дарс медод, дарси маҳорати наттоқиро омӯхт.
– Баъд дар шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ барномаи тоҷикӣ ба роҳ монда шуд, ки масъулияти онро устод Ҷонибеки Қувноқ бар дӯш доштанд. Он кас ҳамон давраҳо аз бемории қалб хеле азият мекашиданд. Вақте ки устод Қувноқ маро ба ин барнома даъват карданд, чанд нафар нобоварӣ намуданд, ки ман аз ӯҳдаи ин кор баромада метавониста бошам. Баъзан аз 45 дақиқа то якуним соат барномаи тоҷикӣ пахш мешуд. Аммо оҳиста-оҳиста ин барнома аз ним соат ба 15 дақиқа кам карда шуд.
Ҳамон солҳо ба забони тоҷикӣ барномаи иттилоотии даҳдақиқаӣ низ пахш мегардид. Сонитар барномаҳои иловагии “Меҳрангез” арзи вуҷуд намуд. Ин барномаҳо аз номи шӯъбаи “Дӯстӣ” пахш мегардиданд.
– Ёдовар шудани баъзе паҳлӯҳои корамон дилро ба риққат меорад. Замоне аз мо тақозо гардид, ки барномаро ба забони ӯзбекӣ пахш кунем, бигзор қаҳрамонҳои он одамони тоҷиктабор бошанд. Ҳамаи мо ба ҳайрат афтодем. Ба кӯмаки мо ходимони дастгоҳи ҳамонвақтаи Президент Нарзулло Ҷӯраев ва Ҳасан Қудратуллоев расиданд ва нагузоштанд, ки ин амри бемаънӣ амалӣ шавад. – мегӯяд Ш. Эрматова.
Аз ин дида бештар ҳодисаи риққатовар дар соли 2005 рух дод – пахши сурудҳои тоҷикӣ барҳам хӯрд ва ин раванд то ҳол идома дорад.
– Аз соли 1990 узви фаъоли Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд – “Ориёно” будам. Ба он Мӯҳсин Умарзода, Сотимхон Инъомхӯҷаев, Собитхон Қурбонов, Тӯхтамурод Набиев, Холназар Ӯролов, Давлатбек Саъдуллоев, Ҳисомиддин Абдувалиев ва чанд муддат ман раисӣ кардем. Соли 2008 маркази ҷумҳуриявӣ кушода шуд. Ҳамон вақт ман ровии барномаҳои “Садои дил”(таронаҳо) ва “Ширу шакар”-и ширкати садову симо будам. Баъд масъули барномаҳои телевизионии “Ӯзбекистон – маъвои умумии мо” ва “Дар оилаи ягона” таъин шудам. Ин барномаҳо ба забони ӯзбекӣ пахш мегардид, – ёдовар мешавад Шарофат.
Ӯро солҳои зиёд боз мешиносам, вале аз як қатор дастоварду муваффақиятҳои ӯ огаҳӣ надоштам. Яке аз чунин дастовардҳо дар соли 2002 ба ордени “Дӯстлик” сазовор шудани ӯ мебошад.
– Хеле дер аз ин фармон маро хабардор карданд. Вақте ки барои гирифтани ин мукофот вориди толори васеъ шудам, ҳанӯз боварам намеомад, ки дар шумори орденгирҳои зиёд номи ман низ қайд шудааст. Ҳамон рӯз хеле шоду хуррам ба хона баргаштам. Аъзои хонавода ва дӯстони зиёд маро бо ин мукофоти давлатӣ табрику шодбош гуфтанд, – бо фурӯтанӣ мегӯяд Шарофат.
Маълум шуд, ки соли 2007 вай бо амри дигари сарвари давлат ба унвони “Ходими шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон” сазовор шудааст. Шарофат мегӯяд, агар кас меҳнат кунаду меҳнаташ қадрдонӣ шавад, сараш ба осмон мерасидааст. Ин унвон масъулиятамро дучанд намуд.
Раиси бемаош
– Шумо ҳафт сол ба ҳайси раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ фаъолият кардед. Оё бароятон иҷрои ду кор мушкилӣ эҷод наменамуд? – пурсидам аз ҳамсуҳбатам.
– Хеле мушкил буду тоқатфарсо! Масъулияте, ки дар ивазаш маош мегиред, ба назари ман нисбат ба вазифае осонтар аст, ки бидуни маош кор мекунед. Бо вуҷуди он ки ҳаққулзаҳмат намегиред, шуморо вақту новақт ба маҷлису маҳфилҳо даъват мекунанд, мехоҳанд, ки ба ҳамон чорабиниҳо боз духтарони хушлибос ва овозхонҳои тоҷикро низ бо худ оварӣ, – мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Тавре ки вай ёдовар шуд, бо дархости як гурӯҳ падару модарон ба ноҳияҳои Шаҳрисабз, Китоб ва Деҳқонободи вилояти Қашқадарё, ноҳияҳои Бойсун, Сариосиё ва Деҳнави вилояти Сурхондарё сафар намудааст. Гуфта шуд, ки бо тақозои баъзе дастандаркорони шуъбаҳои таълими халқи ин ноҳияҳо дар чанд мактаби тоҷикӣ забони таълим ба ӯзбекӣ тағйир дода шудааст.
– Ба деҳаҳои Саричашма, Ғелон низ рафтам, ки аҳолиаш саросар тоҷикон мебошанд. Ба масъулини идораҳои марбута фаҳмондам, ки фарзандони ин деҳот шири модари тоҷикро хӯрдаанд ва аллаҳои ӯро шунида бузург шудаанд. Чаро бояд ба забони дигар таҳсил кунанд? Машварат шуд, ки беҳтараш дар ин мактабҳо таълими забони давлатиро беҳтар ба роҳ монанд, он гоҳ ҳеч мушкилоте дар ҷараёни таҳсили фарзандони ин мардум арзи вуҷуд нахоҳад кард, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Шарофат баъди бозгашт аз ин сафар бо нахуствазир сӯҳбат карда масъалаи барҳамхӯрии мактабҳои тоҷикиро дар як қатор минтақаҳои кишвар кундаланг гузоштааст. Сарвазир ба вазорати таълим дастур додааст, ки пеши ин раванд гирифта шавад ва фарзандони мардуми тоҷик ба забони модарии худ таҳсилро идома диҳанд.
– Ана ҳамин кор рух доду чанд мактаби тоҷикӣ дар ин ду вилоят барқарору пойдор монданд, – гуфт ӯ.
Пою қадами нек
– Медонед, баъди он ки Шавкат Мирзиёев ба сари давлат омад, вазъият куллан тағйир ёфт. Дар айни ҳол ба сафорати Тоҷикистон дар Тошканд рафтану бо кормандони он вориди мулоқот шудан ба як кори осону сода табдил ёфтааст. Қаблан ин гуна мулоқоту муошират метавонист оқибатҳои ногуворро ба сари одам оварад, – изҳор кард Шарофат. – Равуо ба Тоҷикистон низ мисли он аст, ки аз як вилоят ба вилояти дигар, ё аз як шаҳр ба шаҳри дигар меравию меоӣ. Барои ҳамин мардуми ду кишвар дар ҳақи Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дуоҳои нек мекунанд, зеро маҳз бо ташаббусу шарофати онҳо ҳамаи яхҳо об шуданду сардии муносибатҳои миёни ду халқи дӯсту бародар аз байн бардошта шуд.
Дарахт дар як ҷо месабзад
– Барои беҳбуди барномаи “Рангинкамон” чӣ корҳоро мебояд иҷро кард? – пурсидам дар ҷараёни суҳбат аз Шарофатбону.
– Агар ин барнома ҳафтае як маротиба ва дар як вақти муайян пахш гардад, нур болои нур хоҳад буд. Зеро зуд-зуд вақту соати онро тағйир медиҳанд. Ҳарчанд сафарҳои хидматӣ барои корманди телевизион як шарти ногузир мебошад, ҳанӯз дар ин самт мо аз шароити мусоид баҳра бурда наметавонем. Хосатан, беҳбуди шароити молӣ ва коғазбозиҳои зиёд сарфи назар мехоҳад, то ки мо бидуни мушкилот ба шаҳру вилоятҳои гуногуни тоҷикнишин рафта, бо одамон суҳбат анҷом диҳем, мазмуни барномаҳоямонро ғанитар гардонем, барномаи тоҷикӣ марбути шуъбаи барномаҳои таҳлилии ахбор ва маърифатӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки “Рангинкамон” бояд ба шуъбаи “Дӯстӣ” мутааллиқ бошад, он гоҳ мундариҷа ва муҳтавои ин барнома ба номаш мувофиқат хоҳад кард. Инчунин, дар ояндаи наздик таъмини “Рангинкамон” бо кадрҳои лаёқатнок бояд ҳаллу фасл гардад.
Дар айни ҳол барои таҳияи барномаҳои “Рангинкамон” аз вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва Сирдарё мухбирон бо ман аз наздик ҳамкорӣ мекунанд. Дар барномаи “Рангинкамон” маводи фиристодаи онҳо пешкаш мегардад.
– Аммо агар имкон фароҳам оварда шавад, ки аз ҳаёти ӯзбекони Тоҷикистон баъзан барномаҳои ҷолиб таҳия намоем, доираи бинандагони “Рангинкамон” боз васеътар хоҳад шуд, – зикр намуд Шарофат Эрматова.
Вай соҳиби ду духтар мебошад. Чаросбону дар Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишери Навоӣ аз забони форсӣ дарс медиҳад. Наберагони Шарофатбону – Фараҳнозу Имронҷон фарзандони ҳамин духтари ӯянд. Парвина соҳаи дорушиносиро интихоб кардааст ва дар ин соҳа машғули фаъолият мебошад.
Дарвоқеъ, “дарахт дар як ҷо месабзад” гуфтани бузургон беҳуда нест. Шарофат тайи солҳои тӯлонӣ барои пурмуҳтаво ва сермазмун шудани барномаи “Рангинкамон”-и садову симои ҷумҳурӣ талош мекунад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.