Барномаи «Макони сабз» – дар амал

Дар мактабҳо корҳое ҳаст, ки масъулияти хосса талаб мекунад.

Ҷаҳонгир Қиличев дувоздаҳ сол боз дар мактаби рақами 13-уми  ноҳияи  Мирзочӯл  ҳамчун муовини директор бино ба корҳои хоҷагӣ кор мекунад. Ӯ вазифаву супоришҳои ба зимма  гирифтаашро сари вақт бе камбудӣ ба иҷро мерасонад.
Ҳар рӯз ба тартиб даровардани синфхонаву гирду атрофи мактаб масъулияти муовини директор  бино ба корҳои хоҷагӣ аст. Ҳоло дар мактаб аз рӯйи нақшаи «Макони сабз» дар саҳни мактаб зиёд кардани дарахтҳои манзаравӣ ва мевадор дар ӯҳдаи ӯст.
Дар сурат: Ҷаҳонгир Қиличев бо ҳамкоронаш.
Суратгир: 
Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: