ӮЗБЕКИСТОН ДИЁРИ МЕҲРУБОНИ ҚАВМУ МИЛЛАТҲО

Рӯзи дӯстии халқҳо дар Ҷиззах ҳам чун дар саросари кишвар бо тантана таҷлил гардид.

Тӯли ду рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят таҳти шиори «Қудрати мо дар дӯстист!» анҷуману ҷашнвораҳои дӯстӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва бадеӣ баргузор шуданд.
Алалхусус, ҷашнвораи байналхалқии ҷавонон зери унвони «Бародарам, оянда дар дасти мост!», ки дар шаҳри Ҷиззах ба вуқӯъ пайваст, намояндагони ҷавони миллатҳои ӯзбек, тоҷик, қазоқ, русу қирғиз ва ғайраро гирдиҳам овард. Аз ҷумла, 30 нафар ҷавонон аз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамин қадар аз Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Дар боғи экологии «Ӯрда» ва дигар ҷойҳои фарҳангӣ бо иштироки онҳо барномаҳои консертӣ баргузор гардид, суруду таронаҳо бо забони халқҳои бародар садо доданд.
Рӯзи дӯстии халқҳо дар шаҳраки Марҷонбулоқи ноҳияи Ғаллаарал, ки таҳти шиори «Ӯзбекистон – диёри халқҳои бародар!» гузашт, низ ба ҷашни дӯстии миллатҳо табдил ёфт. 
Чорабинии идонаи воқеъ дар ноҳияи Зафаробод бошад, бо маҳфили китобхонӣ ҳусни оғоз гирифт.
Сипас пойгаи «Панҷ ҳазор қадам пиёда»  дар шаҳри Ҷиззах доир гардид. Дар ин маросим беш аз ду ҳазор нафар  одамони синну солашон аз 7 то 70 сола ширкат ҷустанд.
Иддае аз фаъолони марказҳои миллию фарҳангии вилоят ба пойтахти кишвар рафта, дар чорабиниҳои идонаи ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд. Гурӯҳе аз ҳамватанон бо Фармони Президент ба гирифтани мукофотҳои олии Ватан мушарраф шуданд. Боиси хурсандист, ки дар байни онҳо намояндагони Ҷиззах ҳам буданд.
Бори савум аст, ки ҷашнвораи дӯстӣ дар вилоят хеле мутантан мегузарад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: