Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандонашонро сода менамоянд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақша доранд тартиби сабти номи муваққатӣ барои шаҳрвандони худро сода гардонанд.
Вакилони Парлумони Тоҷикистон аллакай протоколи ворид кардани тағйироту илова ба Созишнома бо ҳукумати Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд. Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар Палатаи поёнӣ зикр намуданд, ки бо дарназардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ онҳо баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расида, тибқи он ба бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шуд.
Тибқи ин бандҳо, шаҳрвандони давлати яке аз тарафҳо, ки ба қаламрави давлати ҷониби дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи иқомат ба муҳлати 10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати ҷониби қабулкунанда озод мешаванд.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки мақомоти Ӯзбекистон аз 16 март маҳдудияти убури марз бо Тоҷикистон ва Қазоқистонро, ки моҳи январи соли 2022 бо далели паҳн шудани штамми нави коронавируси омикрон ҷорӣ шуда буд, аз миён бардоштаанд.