ОЁ САНҶИШИ ТИББӢ БЕПУЛ НЕСТ?

Рӯзе Шаҳризода (номаш иваз шудааст) худро каме нороҳат ҳис кард.

Бо кор машғул шавад ҳам, дард ором намегузашт. Охир қарор дод, ба шифохонаи оилавии шаҳр равад. Баъди санҷиши шифокори оилавӣ маълум шуд, ки ҳомила аст. Духтур фармуд, ки худи ҳамин рӯз аз назорати шифокорон гузарад. Вале ба ёдаш расид, ки пул надорад. Бо сад андешаву хаёл назди дари «Рӯйхатгирии занони ҳомила» рафт. Назди компутер ҷавонзане менишаст. Шифокор баъди саволу ҷавоб Шаҳризодаро ба рӯйхати ҳомилаҳо даровард ва гуфт, ки 30 ҳазор сӯм диҳад. 
– Ҳоло пул надорам, дафъаи оянда  диҳам мешавад, – пурсид оҳиста Шаҳризода.
Ҷавонзан бо тааҷҷуб ба Шаҳризода нигаристу ба маънии тасдиқ сар ҷунбонд.
Ҳамин тавр ӯ аз се шуъбаи шифохона гузашт. Ниҳоят ба шуъбаи охир даромад, ки бояд хулосаи умумиро менавишт. Шифокор дафтарро пур карду  ба дасти Шаҳризода дод. 
– Ин дафтарро ба шуъбаи занҳо супоред, – гуфт ӯ. 
Шаҳризода хушҳол сӯйи дар шитофт.
Шифокор бо димоғи сӯхта садо дод: «Келинмулло, дафъаи оянда ҳамроҳатон ширеши дафтар оред. Мо онро барои навиштани дафтари бемориву часпонидани хулосаи тиббӣ истифода мебарем. Ҳар рӯз дар қабуламон чӣ қадар шумо барин арӯсон меоянд».
Шаҳризода аз оҳанги гуфтори шифокор фаҳмид, ки гап сари чист. Чун лаблабу суп-сурх шуду бадар рафт.
Ӯ раҳораҳ худ ба худ андеша кард. Оё санҷиши тиббии шифохонаи оилавӣ бепул нест? Дирӯз келини ҳамсоя гуфта буд, ки барои кушодани дафтари ҳомила зиёда аз сад ҳазор сӯм сарф карда, барои ин аз хушдоманаш «қандалот» барин суханҳои «ширин» шунид. Шояд худи мо айбдорем, ки ба кисаи шифокорон «нарзи даст» гӯён пул меандозем, – хулоса кард вай...

Асалмоҳ САРХАТЗОДА.
ш. САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: