ДАР ҲАЛЛУ ФАСЛИ МУАММОҲО ИҚДОМИ ҶИДДӢ МЕБОЯД

Ба идораи “Овози тоҷик” аз номи як гурӯҳ бошандагони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқи ноҳияи Марҳамат, воқеъ дар вилояти Андиҷон мактуб расид.

Ба идораи “Овози тоҷик” аз номи як гурӯҳ бошандагони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқи ноҳияи Марҳамат, воқеъ дар вилояти Андиҷон мактуб расид. Дар оғози ин нома, ки ба он 35 нафар имзо гузоштаанд, омадааст, ки аҳолии ҷамоат ҳудуди чаҳор ҳазор нафарро ташкил мекунад ва ҳамаи онҳо тоҷиктабор мебошанд. Тавре ки дар идомаи нома зикр шудааст, мардуми Шӯрқишлоқро як қатор муаммоҳо фаро гирифтаанд ва ҷиҳати ҳаллу фасли он мақомот бояд ҷиддан чорабинӣ намоянд.
“Ба мустақил шудани Ватани азизамон сӣ сол пур шуд. Бо вуҷуди ин, баъзе кӯчаҳои маҳаллаамон ҳамвор ва мумфарш карда нашудаанд. Дар фасли гармо чангу ғубор ба ҳаво мехезад ва боиси нороҳатии мардум мегардад. Дар фасли сармо ва боришот одамон  дар ин кӯчаҳо бо мушкилот равуо мекунанд. Барои таъмини мардум бо оби ошомиданӣ лӯлаҳо хобонида шудааст, вале аҳолӣ аз камбудии оби ошомиданӣ ҳамеша мушкилӣ мекашад”, навиштаанд сокинони маҳаллаи Шӯрқишлоқ.
Дар маҳаллаҳои нави тобеи Шӯрқишлоқ симчӯбҳои барқ насб нашудаанд ва бошандагони чанд манзил хати барқро тавассути боми ҳамдигар кашида оварда, худро бо нерӯи барқ таъмин кардаанд. Инчунин, аҳолии ин маҳалла ба иллати набудани гази табиӣ дар фасли сармо ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки чанд сол муқаддам барои таъмини аҳолии он лӯлаҳои гази табиӣ кашида шуданд ва шитҳои тақсимкунандаи газ низ мавҷуданд, аммо аз гази табиӣ солҳои дароз дарак нест.
Дар нома омадааст, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқ барои соли 2021 ба Барномаи давлатии “Деҳаи обод” шомил шуда буд. Мардуми он умедвор буданд, ки бар асоси татбиқи ин барнома кӯчаву тангкӯчаҳои маҳалла ободу зебо хоҳанд шуд ва як қатор муаммоҳо ҳаллу фасли худро пайдо хоҳанд кард. Вале ба сабабҳои номаълум ин кор ба таъвиқ афтода, аҳолии маҳалларо ноумед кардааст.
 “Чаро касе ба мо тавзеҳ намедиҳад, ки Шӯрқишлоқ бар асоси кадом далелҳо аз Барномаи давлатии “Деҳаи обод” афтид?” суол кардаанд муаллифони нома. Дар он боз ҳалли масъалаву муаммоҳои дигар, аз ҷумла, беҳбуди таълиму тадрис барои фарзандон, адами хизматрасонии тиббӣ ба поликлиникаҳои деҳаҳои ҳамсоя равуо кардани беморони синну соли гуногун ва амсоли он ба миён гузошта шудаанд.
Ин нома моро ба ноҳияи Марҳамат раҳнамоӣ кард. Мошин баъди убури қаламрави ноҳияи Қува аз роҳи шағалпӯши дуру дароз ба самти ноҳияи Марҳамат пеш мерафт. Баъди чанде ба деҳаи Равоти ноҳия расидем. 
– Роҳсозон роҳро то ин ҷо мумфарш карданду сонӣ нопадид шуданд. Тавре ки мебинед, танҳо як қисми роҳи деҳа мумфарш асту халос. Ба гуфтаи  онҳо маблағ тамом шудааст ва ҳар вақт аз буҷа маблағ ҷудо шавад,  мумфаршкунии роҳро давом медодаанд, – гуфт як сокини деҳаи Равот.
Роҳи нав мумфаршгардида чандон дароз набуд ва қисмати боқимондаи он низ то маркази ноҳия солҳои пеш мумфарш гардидаву ҳоло он ҷиддан тармим мехост. Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқ дар ҳамин самти ноҳия воқеъ гашта будааст. Аммо пеш аз он ки ба ҳамон самт мошин тоб хӯрад, лозим донистам, ки бо ҳокими ноҳия ҳамсуҳбат шавам. Барояш арз намудам, ки ташрифи мухбири “Овози тоҷик” ба ноҳия ба чи далел сурат гирифтааст ва ба масъалаҳои таъмини аҳолии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқ бо нерӯи барқ, гази табиӣ, оби нӯшокӣ, расонидани хизмати тиббӣ ва монанди он бояд равшанӣ андозам. 
Ба сифати маълумот: Бобирбек Юлдошев моҳи майи соли 2020 ба мақоми ҳокими ноҳияи Марҳамат тайин шудааст. То тайин шудан ба ин вазифа дар мақоми саринспектори шӯъбаи кор бо ниҳодҳои ҳокимияти давлатии Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон кор кардааст. Аз рӯи тахассус муҳандис-иқтисодчӣ мебошад.
– Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқ ба сектори якум шомил аст, ки роҳбарии он ба дӯши ман гузошта шудааст. Дар ин ҷо аллакай мо ба иҷрои як қатор корҳо ноил шудем. Боз моро лозим меояд, ки дар ҳалли масъалаҳову муаммоҳое, ки мардуми шаҳраку рустоҳои моро ноором сохтаанд, аз ин ҳам беҳтару бештар кор кунем, – гуфт Бобирбек Юлдошев. 
Баъд  ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба сохтмон Исроилҷон Тешабоев маро ба Шӯрқишлоқ ҳамроҳӣ кард. То расидан ба манзил аз роҳбарони идораҳои газ, барқ, обрасонӣ, тиббиёти ноҳия тақозо намуд, ки ба маркази маҳаллаи Шӯрқишлоқ биёянд ва ба муроҷиату саволҳои мардум бевосита худашон шарҳу эзоҳ диҳанд.
Ногуфта намонад, ки сокинони ин маҳалла бо маблағҳои худ баъзе кӯчаҳоро шағалрезӣ кардаанд, то ки кори роҳсозон осон шавад, инчунин барои ба роҳ мондани поликлиникаи оилавӣ аз роҳи ҳашар бинои хушсохту замонавӣ сохтаанд, аммо идораи тиббиёти ноҳия барои корбасти он ҳанӯз иқдом нанамудааст ва аҳолӣ маҷбуранд барои гирифтани ҳатто як сӯзандору ба деҳаи ҳамсоя равуо кунанд.
– Дар мавриди дархости мардуми маҳалла ҷиҳати таъмин бо оби нӯшокӣ ҳаминро қайд мекунам, ки соли 2022 барои аз зери замин бо насосҳои пурқувват кашидани оби ошомиданӣ аллакай аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо шудааст. Қаблан дар кӯчаи “Бунёдкор”-и маҳалла мо аз 50-60 метр об кашидем ва то ба таври оммавӣ таъмин кардани аҳолӣ бо оби тоза сокинони ин маҳалла аз оби ҳамон насос истифода мекунанд, – гуфт сармуҳандиси идораи “Сувоқава”-и ноҳия Саъдулло Эсанбоев.
Маълум шуд, ки барои кашидани оби ошомиданӣ ҳадди ақалл 270 метр заминро кофтан лозим меояд. Дар акси ҳол нӯшидани оби сатҳи болоии зеризаминӣ на ҳамеша мумкин мебошад. Тасмим гирифта шуд, ки якҷо бо фаъолони маҳаллаи мазкур корҳои бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ба давраи ниҳоии худ расад ва мардум аз давлату ҳукумат розӣ шавад.
Зимни саволу ҷавобҳо бо сардори идораи таъмини нерӯи барқи ноҳия гуфта шуд, ки агар симчӯбҳои нимабетониву чӯбине, ки солҳои муқаддам мардумро бо барқ таъмин менамуд, ҳоло бо бетонӣ иваз шавад, барои таъмини хонаводаҳои як қатор кӯчаҳои нав бо қувваи барқ, ягон мушкил эҷод нахоҳад шуд.
– Ба манзури иҷрои Барномаи давлатии “Деҳаи обод”, “Маҳаллаи обод” мо насби симчӯбҳои бетониро ба 64,5 километр барномарезӣ кардаем. 7,5 километри он марбути маҳаллаи Шӯрқишлоқ мебошад ва мардум медонанд, ки дар чанд кӯча ин навъи симчӯбҳоро насб намудем. Ин маҳалла ба се адад трансформатори пурқувват ниёз дорад. Аз ин шумор ҳоло 1 дона трансформатор оварда, ин ҷо насб намудем, – гуфт сардори идораи барқ Ҳасанбой Аҳмедов.
Вай афзуд, ки дар як соли охир куллан аз хомӯшшавии нерӯи барқи ин мардум ва деҳоти атроф ҷилавгирӣ шудааст. Аммо ба далели он ки мардуми Шӯрқишлоқ низ пурра бо гази табиӣ таъмин нашудааст, 80 дарсади онҳо барои гарм кардани хонаҳои худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд. Маҳз ҳамин иллат боис мегардад, ки баъзе трансформаторҳо ба чунин тарзи истифодаи барқ бардошт дода наметавонанд.
Шикояти мардум дар робита бо гази табиӣ чандон беасос набудааст. Маълум шуд, ки қисмати аъзами аҳолии ин маҳалла бо гази табиӣ таъмин нест. Ин дар ҳоле мебошад, ки дар кӯчаҳову паскӯчаҳои он як замон мардум бо гази табиӣ таъмин шудаанд ва баъд лӯлаҳои интиқолдиҳанда худ аз худ “ғайб задаанд”. Дар айни ҳол аксари хонаводаҳоро мешавад, ки бо гази табиӣ таъмин намуд. Аммо ин ҷо овардани ҷавоб ба як муроҷиатномаи аҳолии Шӯрқишлоқ бамаврид мебошад: “Кӯчаи Оби зам-зами Шӯрқишлоқ ҳудудест, ки ба он ҷо кашидани лӯлаи гази табиӣ имконнопазир мебошад. Барои ҳамин танҳо бо таъмини балонҳои гази фишурдашуда ба мардуми шумо иктифо мекунем”. 
– Шумо ҳамеша иддао мекунед, ки мардуми мо бо балонҳои гази фишурдашуда таъмин карда мешаванд ва ин кор минбаъд низ ягон мушкил эҷод нахоҳад кард. Аммо ба назари ман ин балонҳо на барои гарм кардани хонаҳо, балки барои пухтану гарм кардани хӯрок истифода мешаванд. Набояд ду масъаларо баҳам омезиш дод. Балонҳои гази фишурдашуда ҳаргиз ҷои гази табииро нахоҳанд гирифт, – гуфт яке аз иштирокчиёни ин мулоқот. 
– Ман ба ин ҳарфҳои шумо комилан мувофиқ ҳастам. Ба маълумоти ҳамаи шумо мерасонам, ки дар ноҳияи мо танҳо 38 дарсади аҳолӣ бо гази табиӣ таъмин шудааст ва чунин ҳолат фақат хоси мардуми маҳаллаи шумо нест. Қисмати боқимондаи аҳолиамон аз роҳи алтернативӣ, яъне ба воситаи ангишт хонаҳои худро гарм мекунанд. Аз ҷумла, дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандон маҳаллаи Шӯрқишлоқ танҳо 76 хонавода бо гази табиӣ таъмин мебошанд. Мутаассифона, аҳолии боқимондаи он аз истифодаи гази табиӣ маҳруманд, – қайд намуд роҳбари идораи “Тумангаз” Асадулло Эсанбоев.
Ба гуфтаи ӯ ба манзури таъмини аҳолии ноҳияи Марҳамат бо гази табиӣ роҳбарони идораҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ тамоми талошҳоро ба роҳ андохтаанд. Вай афзуд, ки ҳамон рӯз низ фаро хоҳад расид, ки ин муаммои барои мардум басо муҳиму ҳаллаш ногузир бартараф ва дар чаҳор фасл мардум аз гази табиӣ истифода хоҳанд бурд.
Дар маркази Шӯрқишлоқ як бино аз тариқи ҳашар бунёд ёфтааст. Аммо ин бино ҳанӯз аз тарафи иттиҳодияи тиббии ноҳия баҳрабардорӣ нашудааст. Муаммо аз ҳамин иборат аст, ки агар дар ин бино як нафар пизишк ва ҳамшираи шафқат ба кор тайин гарданд, мушкили беморони зиёд худ аз ҳуд ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Чанде муқаддам як соҳибкори маҳаллӣ ин биноро пурра бо ҷиҳози зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, асбобҳои зарурии хидмати аввалияи тиббӣ таъмин намудааст ва гуфтааст, ки маоши пизишкону ҳафшираҳои шафқат, инчунин посбони онро аз кисааш мепардозад. Ӯ афзудааст, ки аз нигоҳи молӣ таъмин намудани ходимони он бидуни ягон ғараз сурат хоҳад гирифт. Дуои беморон барояш кифоя аст. Аммо рӯзе ду нафар пизишк ва ду хоҳари шафқат, ки он ҷо машғули кор буданд, бо сабабҳои номаълум аз  хизматрасонии тиббӣ даст кашидаанд ва биноро тарк намудаанд.
Ба мутасаддиёни Иттиҳодияи тиббии ноҳия, ки он ҷо ҳузур доштанд, гуфта шуд, ки дар ҷойи дигар сохтани бино барои таъсиси ягон поликлиника ё бунгоҳи тиббии деҳот машаққати калонест. Аммо ин ҷо бино тайёр аст, танҳо бо кадр таъмин шавад, масъала ҳаллу фасл мегардад. Гузашта аз ин, аз сокинони ин деҳ, ки соҳиби маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси пизишкиву тиббӣ ҳастанд, дар ҷойҳои дигар ба кор ҷалб шудаанд. 
– Мо дар масъалаи барқарор намудан саломатии одамон наметавонем ба ҳатулкориву бемасъулиятӣ роҳ диҳем. Зеро ин кор бархурди ҷиддӣ тақозо мекунад. Ғайр аз ин, пештар дар соҳаи мо андак камбудии кадрҳо эҳсос мегардид, аммо ин масъала бо омадани чанд кадри ҷавон аз байн хоҳад рафт, – гуфт намояндаи Иттиҳодияи тиббиёти ноҳия Ботирҷон Қаюмов.
Ба таъкиди ӯ вале иттиҳодияи тиббиёти ноҳия дар ин маврид ба мардуми Шӯрқишлоқ ҳатман дасти кӯмак дароз мекунад. Маълум шуд, ки 12 нафар кадрҳои малаканок ба кор пазируфта шудаанд. 
– Яке аз ин кадрҳоро маҳз ба ҳамин маҳалла барои расонидани хизмати тиббӣ сафарбар мекунем. Ҳамроҳи вай ҳамшираи тиббӣ низ дар хидмати мардуми ин ҷамоат қарор хоҳад дошт. Инчунин, ҷиҳати ҳалли фаврии ин масъала аз қувваи патронажҳое низ метавон истифода намуд, ки мунтазам аз ҳоли беморони маҳаллаи Шӯрқишлоқ хабар мегиранд. Дар ҳар сурат, ин бино бояд соҳиби худро пайдо кунад, – иброз дошт Ботирҷон Қаюмов.
Як идда бошандагони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрқишлоқ аз дастандаркорони идораҳои ноҳияи Марҳамат дархост намуданд, ки ба манзури беҳбуди шароит, фаровонии ҳаёт, барҳам додани муаммоҳои мардум ва пешрафти кор чунин суҳбату мулоқотҳои сайёр барпо намоянд.  
Ҳамин тавр, роҳбарону мутахассисони идораҳои марбути ноҳияи Марҳамат ба мардуми Шӯрқишлоқ ваъда доданд, ки мувофиқи имкониятҳои мавҷуда барои дар ояндаи наздик ободу зебо шудани кӯчаҳои Ӯрикзор, Оби зам-зам, Олимпия, Бунёдкор ва амсоли он амалан машғул мешаванд. Инчунин, дар масъалаи бо оби ошомиданӣ, барқ, гази табиӣ таъмин кардани аҳолии он чораҳо меандешанд.
Мо низ ба умеди он ки ин ваъдаҳо иҷро мегарданд ва мардуми Шӯрқишлоқро розӣ мекунанд, ноҳияи Марҳаматро тарк намудем.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: