Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки дар семоҳаи аввал беш аз 7 миллиард доллар сармояи хориҷиро аз худ кунад

Қарори Девони Вазирон аз 14 феврали соли 2024 № 92 "Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи Барномаи сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар семоҳаи I-уми соли 2024" қабул гардид.

Тибқи нишондодҳои мақсадноки рушди соҳаҳо ва минтақаҳо дар семоҳаи аввал азхуд намудани сармояи хориҷӣ ба маблағи 7,2 миллиард доллар (аз он ҷумла соҳаҳо – 4,1 миллиард доллар, минтақаҳо – 3,1 миллиард доллар) ба нақша гирифта шудаанд.

Аз ин соҳаҳо Вазорати энергетика аз ҳама бештар (қариб 1,7 миллиард доллар), Агентии хоҷагии ҷангал бошад, аз ҳама камтар  (1,5 миллион доллар) азхуд мекунад.

Дар қисмати минтақаҳо нишондиҳандаҳои ҳукумати пойтахт (428 миллион доллар) пешсафанд. Нишондиҳандаи камтаринро Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон (тақрибан 50 миллион доллар) дорад.

Инчунин, барномаи мақсадноки 276 лоиҳаҳои сармоягузории пешомаднок ба қариб 33 миллиард доллар тасдиқ карда мешавад.

Дар соли 2024 дар доираи 70 хати кредитӣ 11 бонки ҷумҳурӣ ба маблағи 2,3 миллиард доллар захираҳои қарзии хориҷӣ ҷалб хоҳанд кард.

Имсол 24 вазорату идора ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар грант ҷалб хоҳанд кард (аз ҳама бештар (150 миллион доллар) Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати муҳити зист мебошанд.

Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ эълон шуда, аз 15 феврали соли 2024 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад "Norma".

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: