ФАЗОИ КУШОДИ ОШКОРБАЁНӢ ВА РӮШОДГӮЙӢ

Бо ибтикороти сарвари мамлакат тӯли се-чор соли охир дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар бахши расонаҳои ахбори оммавӣ, ислоҳоти тақдирсоз идома доранд.

Бо ибтикороти сарвари мамлакат тӯли се-чор соли охир дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар бахши расонаҳои ахбори оммавӣ, ислоҳоти тақдирсоз идома доранд. Бар асари ислоҳот фазои ошкорбаёнӣ ва рӯшодгӯйӣ ба таври  назаррас боз гардид, дар саҳифаҳои матбуот матолиби таҳлилию танқидӣ пайдо шуданд, матбуот, ки оинаи ҳаёташ меноманд, дар баробари зиндагии воқеӣ қарор мегирад.
Ҳар сол Президент ба ходимони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ, ба муносибати ҷашни касбиашон, номаи табрикӣ ирсол медорад. Суханони табрикии ӯ, ки саршор аз меҳр буд, мисли ҳамеша имсол низ ба шодию дилгармӣ, рағбат ва шуҷоати ходимони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ афзуд.
Фикр мекунам, хоссатан, ин суханони роҳбари давлат: «... дар се соли охир беш аз даҳ ҳуҷҷати қонунгузорӣ дар самти мазкур (ҷанбаи иттилоот дар назар аст) қабул  гардид», «Аз ҳама муҳимаш, расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ, ҷараёнҳои доманфарохи бозсозии мамлакатро аз ҳар ҷиҳат таҳлил намуда, диққати идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятро ба мушкилоти иҷтимоӣ ва камбудӣ дар маҳалҳо менигаронанд».
Бояд гуфт, ки рӯшодгӯйӣ ва ошкорбаёние, ки ҳоло дар фазои матбуот болупар мезанад, чанд сол қабл вуҷуд надошт. Ҳама саргарми ситоиш буданд, чун мегуфтанд: «танқид кунед», дами ходимони матбуот ба дарун мезад. Фазои сухани имрӯз аз фазои сухани дирӯз куллан фарқ дорад. 
Дар табрикоти хеш роҳбари давлат ҳамчунин изҳор дошта, ки «Дар солҳои охир қариб 290 нашрияи интернетии хусусӣ ва идоравӣ созмон дода шуданд». Дар доман густурдани фазои ошкорбаёнӣ хидмати блогерҳоро набояд нодида гирифт. Онҳо ҳарчанд журналисти касбӣ нестанд, аммо аксарияташон тибқи қонунҳои мавҷуда ва қарору фармонҳои роҳбари давлат мушкили мардумро дар маҳалҳо натанҳо барои шаҳрвандони мамлакат, балки ба аҳли ҷомеаи ҷаҳон низ менамоянд. Ҳокимон ва мансабдорони кишварро водор месозанд, ки шаффофияти кору фаъолиятро таъмин созанд, бо дарду ғами халқ ба сар баранд. Бояд гуфт, ки баъзе расонаҳои ахбори оммавии чопӣ дар ин раванд ҳанӯз фаъол нестанд, дар онҳо матолиби таҳлилию танқидӣ кам чоп мешаванд, ба рӯйи журналистон дари мансабдорони давлатӣ ба осонӣ боз намегардад, хабарнигорон дар гирифтани маълумоти зарурӣ аз ходимони хидмати матбуоти корхонаву идораҳо ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд...
Дар қатори нашрияҳои ҷумҳурӣ рӯзномаи «Овози тоҷик» низ яке аз расонаҳои ахбори оммавӣ маҳсуб меёбад, ки қариб як аср боз дар хидмати мардум аст. Баъзе мансабдорони идораҳои давлатӣ ва ходимони хидмати матбуот пеш аз он ки маълумотеро ба мо пешниҳод намоянд, дар худ меандешанд: «Ба «Овози Тоҷикистон» оё чизе пешниҳод кардан мешавад? Магар гап намешунавем?..» То ба онҳо мефаҳмонед, ки «Овози тоҷик» рӯзномаи Тоҷикистон нест, рӯзномаи Шӯрои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст», яку ду рӯз мегузарад. Роқими ин сатрҳо бо ин мушкилот (фикр мекунам дигарон низ) борҳо мувоҷеҳ шудааст... 
Президент шурӯъ аз соли аввали кору фаъолияташ як шиори созандаро ба миён гузошт, ки ин аст: «На халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд!». 
Ба фикрам, ӯ хеле хуб медонад, ки танҳо волоияти қонун, матбуоти озод ва ошкорбаёнию рӯшодгӯйӣ водор месозад, ки шаффофияти кору фаъолияти идораҳои давлатӣ таъмин гардад ва ходимони мақомоти давлатӣ ба халқ хидмат кунанд.
Тавре ки сарвари давлат дар табрики хеш таъкид намудааст: «Мо бояд дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба талаботи қатъӣ ва маҳакҳои журналистика, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд, риоя намоем. Муҳимтарин принсипҳои он объективӣ ва эътимоднокист». Объективӣ, яъне беғараз ва бо назардошти манфиати давлату ҷамъият равшан кардани ҳодисаҳо. Барои ин, бояд дар доираи қонун амал кард. Дар ҳамон сурат манзара бо тамоми паҳлуҳояш пеши назари хонанда менамояд. 
Бале, «ҳар касе, ки дар фазои иттилоот фаъолият менамояд — хоҳ журналист, хоҳ блогер бояд ба ин қоида (принсипи объективӣ ва эътимоднокӣ) риоя кунад».

Абдулло СУБҲОНОВ,
муҳаррири шуъбаи «Овози тоҷик».  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: