– мегӯянд фарзандони хонаводаи лӯлӣ
Таърихи бани башар ба забони ҳол мегӯяд, ки аз байни ҳама қавму халқиятҳо, аз ҷумла лӯлиён, олимон, шоиру нависандагон, рассому оҳангсозон ва арбобони давлатӣ ба камол расидаанд.
Дар минтақаи мо низ лӯлиён аз замонҳои хеле қадим зиндагӣ мекунанд. Садсолае пеш дар бораи коллективикунонӣ ва саводнок кунондани фарзандони онҳо саъю кӯшишҳо ба харҷ дода шудаанд. Ҳанӯз аз ҳамон замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракати ба мактаб ҷалб кардани фарзандони онҳо оғоз ёфта буд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз онҳо низ инсонҳои соҳибмаърифат ба камол мерасанд.
Замоне дар қитъаи Африқо низ сиёҳпӯстон ба таҳсил фаро гирифта намешуданд. Имрӯз фарзандони онҳо дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои таълими олӣ мехонанд, дар ҳама ҷанбаҳо кору фаъолият доранд, дар идора кардани давлат, воситаҳои электронӣ аз ҳеч кас камӣ надоранд.
Ҷойи шубҳа нест, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ хонондани фарзандони лӯлӣ як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла, аз онҳо канора ҷустани фарзандони маҳаллӣ, ба маҷлисҳои умумӣ даъват кардани падару модарони онҳо, ки на ҳамаашон ҳуқуқи худро медонанд, ба миён меоварад. Вале фаромӯш набояд кард, ки гузаштагони мо низ ба мактабҳои типи нав ба осонӣ ҷалб нашудаанд.
Тибқи Конститутсияи Ӯзбекистон дар кишвари мо ҳар як шаҳрванди аз 7 то 17-сола, сарфи назар аз миллату дин, нажод ва баромади иҷтимоӣ ҳуқуқи дар мактаб таҳсил карданро дорад. Инак, ду сол аст, ки се нафар фарзанди лӯлӣ – Дамир Эргашеви 13-сола, Ишолда Эргашеваи 8-сола ва Лобар Эргашеваи 6-сола мехоҳанд, ки дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 21-уми ноҳияи Олмазори пойтахт, ки ба маҳалли иқоматашон наздик аст, таҳсил гиранд.
Аммо директори мактаби номбурда Барно Шоқурбонова бо баҳонаҳои гуногун хоҳиши онҳоро рад карда истодааст.
Ба қарибӣ ба ӯ такроран муроҷиат намудам, ки ба қабули онҳо ба мактаб мусоидат намояд. Вай ба ман чунин ҷавоб дод:
– Давронака, охир онҳо лӯлӣ-ку?
Агар як нафар зиёӣ, педагог, роҳбари муассисаи таълимӣ чунин фикр дошта бошад, аз дигарон чӣ гила? Лӯлӣ будани онҳоро камина низ хуб медонам. Вале падару модари онҳо мехоҳанд, ки бачаҳояшон дар мактаб хонанд, саводнок шаванд.
Ҳар дафъа аз гузаре, ки дар он чанд кӯдаки ташнаи илм зиндагонӣ мекунад, мегузарам, онҳо давида омада, пеши роҳамро гирифта, баумед аз ман мепурсанд: “Амак, ба хондани мо кай рухсат медиҳанд? Мо ҳам хондан мехоҳем...»
Бале, онҳо хондан мехоҳанд.
Умед аст, ки дар роҳи ҳаллу фасли масъала роҳбарони соҳаҳои масъули шаҳру ноҳия кумакашонро дареғ намедоранд.
Даврон АҲМАД,
ш.ТОШКАНД.