БИНОБАР МАЪЛУМОТИ СУТ ШАБОНАРӮЗИ ОХИР ДАР ОЛАМ ТАҚРИБАН 8 ҲАЗОР НАФАР ИНСОН АЗ COVID-19 ФАВТИДААНД

Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ миқдори бо инфексияи коронавирус зарардидагон дар ҷаҳон беш аз 83 миллиону 910 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз онҳо зиёда аз 1 миллиону 839 нафар (то ҳолати 17:33 дақиқаи 4 январи соли 2021-уми вақти Аврупои марказӣ) вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ миқдори бо инфексияи коронавирус зарардидагон дар ҷаҳон беш аз 83 миллиону 910 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз онҳо зиёда аз 1 миллиону 839 нафар (то ҳолати 17:33 дақиқаи 4 январи соли 2021-уми вақти Аврупои марказӣ) вафот кардаанд. 
Шабонарӯзи охир дар олам 583 ҳазору 907 ҳодисаи нави беморӣ аз инфексияи коронавирус ошкор гардидааст, 7957 нафар беморон фавтидаанд. 
Бинобар маълумоти рӯзмарраи Донишгоҳи Ҷон Хопкинс (то ҳолати 09:22 дақиқаи 5 январи соли 2021-уми вақти Тошканд), дар олам зиёда аз 85 миллиону 653 ҳазор инсон бемор шудаанд, беш аз 1 миллиону 853 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. 
Бинобар миқдори ҳодисаҳои тасдиқшудаи беморӣ ИМА дар ҷойи аввал мебошад, ки мувофиқи маълумоти СУТ дар он беш аз 20,258 миллион нафар зарар дидаанд. Дар ҷойи дуюм Ҳиндустон (зиёда аз 10,340 миллион), дар ҷойи сеюм – Бразилия (беш аз 7,716 миллион), дар ҷойи чаҳорум – Русия (3,260 миллион), дар мақоми панҷум – Британия Кабир (2,654 миллион нафар) қарор доранд. 
Мувофиқи маълумоти СУТ шабонарӯзи охир дар ИМА 284 ҳазору 312, дар Ҳиндустон – 16 ҳазору 504, дар Бразилия – 15 ҳазору 827, дар Русия – 23 ҳазору 351 ва дар Британияи Кабир – 54 ҳазору 990 ҳодисаҳои нави беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. 
Ғайр аз ин дар як рӯз дар Фаронса 12 ҳазору 489, дар Олмон – 9 ҳазору 874, дар Италия – 14 ҳазору 245, дар Колумбия – 11 ҳазору 528, дар Нидерландия – 7 ҳазору 438, дар Австрия – 1 ҳазору 611, дар Дания – 1 ҳазору 170, дар Африқои Ҷанубӣ – 11 ҳазору 859, дар Малайзия – 1 ҳазору 704, дар Ҷопон – 2 ҳазору 893 ва дар Тайланд – 1 ҳазору 060 ҳодисаи нави беморӣ қайд гардидааст.    

Шуъбаи оид ба робитаҳо бо ҷомеаи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: