КАШФИЁТИ НАВИ КӮҲНАВАРДОН

Вилояти Сурхондарё аҷоиб манзараҳои дилфиреб дорад.

Дарёҳои пурҷӯшу хурӯши обашон мусаффо, арчазорони сабзу даштҳои хуррам, кӯҳҳои осмонбӯсу дараҳои танги мӯъҷизаосо, деворкӯҳҳои баланду дароз маҳз дар Сурхондарёст. То соли 1991 Ҳазрати Султон баландтарин қуллаи Ӯзбекистон маҳсуб меёфт. Вале соли 1991 аз тарафи кӯҳнавардон аниқ гардид, ки баландтарин қуллаи Ӯзбекистон қуллаи Хоҷабаркӯҳи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё будааст. Инчунин, дар вилояти Сурхондарё, ки кӯҳҳову деворкӯҳҳо бисёранд, ғорҳои мӯъҷизавӣ ҳам хеле бисёранд. Ғори Тешиктоши Мачай (маскани аввалин одами неандертал), ки аз тарафи бостоншинос Герасимов кашф гардидааст, худ як мӯъҷизаест. Инчунин ғорҳои Гургуратов низ далели гуфтаҳои болост. Моҳи август боз як кашфиёти нав дар Сурхондарё ба қайд гирифта шуд, ки рекорди чуқуртарин ғорро дар минтақаи Осиё нав намуд. Кашфи ғори Бойбулоқи ноҳияи Бойсун, ки аз маркази ноҳия 60 км дур аст, ҳайати экспедитсияи 33 нафараи кишварҳои Русия, Чехия ва Тайванро, ки бо раҳбарии Вадим Логинов ташкил гардида буд, ба ҳайрат гузошт. Экспедитсия аниқ намуд, ки чуқурии ғори мазкур 1517 метр ва дарозии он 17 км аст. Кашшофон ё худ кӯҳнавардони қаблӣ чуқурии ғорро 1430 ва дарозиашро 15,2 км муайян карда буданд. Ҳамин тариқ, ин ғор дар Осиё аз ҳама чуқуртарин ва дар миқёси дунё ҷойи 12-умро ишғол менамояд.

Дар сурат: ҳайати экспедитсия баъд аз кашфи ғори Бойбулоқ.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: