ҶАВОНОН ҲУНАРМАНД БОШАНД…

ё худ чаро онҳо ба ҳунарҳои бобоӣ рӯ намеоранд?

ё худ чаро онҳо ба ҳунарҳои бобоӣ рӯ намеоранд?
Ба қарибӣ дар миқёси мамлакат ҷаласаи васеъ оид ба ривоҷи ҳунарҳои миллӣ баргузор гашт. Онро Президенти кишвар ифтитоҳ намуда, баҳри рушди соҳа дар маҳаллаҳову шаҳарчаҳо андешаҳои ҷолиб баён кард. Солҳои охир ҳунарҳои миллӣ фаромӯш шуда буданд. 
Дар гузашта ниёгони мо ба тарбияи фарзандон аҳамияти ҳамаҷониба медоданд. Мунтазам мекӯшиданд, ки фарзандонашон баробари илм омӯхтан, соҳиби касбу коре гашта, аз пушти дастранҷи хеш нон хӯранд. Шахсе, ки соҳиби касбу коре нест, дар зиндагӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Аз ин ҷост, ки Низомии Ганҷавӣ дар ин боб хеле дуруст фармудааст:
Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Бешубҳа, ҳунар касро дар байни мардум соҳибобрӯ мекунад. Аз ин лиҳоз мавриди баррасӣ қарор додани ин мавзӯъ дар ин айём айни муддао аст. 
Яке аз касбҳои пуршараф  оҳангарӣ ба ҳисоб меравад. Ривоят мекунанд, ки замонҳои дури дур дар деҳаи Дарбанд Хӯҷаи худкор (ё хубкор) ном оҳангари моҳире зиндагӣ мекардааст. Ин марди меҳнатӣ дар даромадгоҳи дараи Дарбанди ноҳияи Бойсун оҳангархонаи калоне дошта, барои сокинони деҳа ва корвониён асбобҳои рӯзгор сохта, мушкили ҳазорон-ҳазор мизоҷонро софдилона осон карда, зиндагии фақиронаи хешро пеш мебурдааст. 
Ёд дорам, ки дар замони шӯроҳо дар деҳаи Бозорсой Усто Абдулаҳад ном марди заҳматпеша дар хонаи хеш оҳангархонае ҷӯр карда буд. Махсусан, фасли баҳорон ташвишу тараддуди ин марди соҳибкасб хеле зиёд мегашт. Усто Абдулаҳад барои ҳамдеҳагонаш дос, табар, қайчӣ, наъли асп, омоч сохта, мушкили онҳоро сабук мекард. Мардум аз дастранҷи ин марди соҳибкасб қаноатманд буданд ва ӯро дар ҳузуру ғайбаш ба некӣ ёд мекарданд. Сад афсӯс, ки ҳозир аз ин оҳангархона нишоне намондааст. Ҳоло дар ин деҳаи сераҳолӣ касе нест, ки касбу кори ин марди ҳунарро идома диҳад. Одамон барои харидани як доси алафдаравӣ хароҷот карда, ба маркази ноҳия меоянд. Ё ин ки, дар ин деҳа то ба ҳол сартарошхонае нест, ки муътадил фаъолият кунад. Дар бораи дукони мӯзадӯзӣ ҳоҷат ба гуфтан нест. Гӯё касе барои таъмири пойафзор зарурате надошта бошад! Чанде пеш мо ба деҳаи Сайроб рафта, аз набудани чунин дуконҳои ҳунармандӣ афсӯс хӯрдем. Аз котиби маҳаллаи Сайроб Сафарбой Чоршанбеев ин ҳолро пурсон шудем. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки солҳои охир ба мо ҳеҷ кас барои кушодани сартарошхона, ё дукони оҳангарӣ муроҷиат накардааст. То ҳол дар деҳа ҷавонмардеро вонахӯрдаем, ки соҳиби чунин касбу кор бошад. Чунин  дуконҳои ҳунармандӣ дар дигар деҳаҳои ноҳия низ мавҷуд нест. Ҳалли ин мушкилот касро ба андеша кардан водор мекунад. Наход, ҷавонон барои соҳиби касб шудан андеша накунанд? Ба миён гузоштани ин масъала ва эҳё кардани ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев моро ҳушдор медиҳад, ки масъулони маҳалла ва машваратчиён ба ҷавонон дар роҳи интихоби касбу кор маслиҳатҳои муфид  дода, дар ташкили чунин корҳои хайр ташаббускор бошанд. Агар мо ба ин кор муваффақ шавем, бовар дорам, ки насли оянда роҳи дурусти зиндагиро  пайдо карда, барои беҳбудии рӯзгори хеш талошҳои бемисл зоҳир хоҳад кард.

Нуралӣ РАҶАБ.  
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: