БОЗ ЯК ИНШООТИ БОШУКӮҲ

Дар мамлакатамон корҳои васеъмиқёси ободонӣ ва бунёдкорӣ бурда мешавад.

 Ҳар рӯз маҷмӯи савдо, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ  ва зиёратгоҳҳо қад рост мекунанд. 

Натиҷаи чунин саъю ҳаракатҳо аст, ки дар маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Оқолтин боз як иншооти бошукӯҳ – бинои масҷиди ҷомеи Хоҷа Шайхуддинхоҷа ба истифода супурда шуд. Бо нияти неки он ки аз ин маҳалла ҳам уламоҳои бузург бароянд, масҷид чунин номгузорӣ шудааст. Ба айвони масҷид, ки дар намозҳои ид хеле серодам мешавад, дар як вақт наздик ҳазор нафар меғунҷанд.
Баъди корҳои сохтмон, ки қариб як сол давом кардааст, қиёфаи ин маҳалла ва масҷид куллан тағйир ёфт. Беш аз 200 нафар усто, муҳандис, ҳунарманд, ороишгар ва мутахассисони дигар аз ҳама ҳудудҳои кишвар ҷамъ омада, ба ободии иншооти нав саҳми худро гузоштанд.  
Майдони масҷид аз 56 сотих иборат буда, баландии гумбази бино 6,5 метр аст. Дар ин ҷо хонақоҳи калони дорои 2500 ҷой, айвон, таҳхона, китобхона ва хона барои хидматгузор барпо карда шудааст. Дар паҳлуи масҷид барои занон ибодатгоҳи алоҳида бунёд гардид. Дар як вақт беш аз 100 нафар занон метавонанд намоз гузоранд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: