ЭТНОФЕСТИВАЛИ «ҶИЛОИ ПАНҶ ҚИТЪА» БАРГУЗОР ШУД

Дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ»-и Маркази байналмилалии сайёҳӣ этнофестивали «Ҷилои панҷ қитъа» гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо асари саҳнавии ҳунарпешагони Театри драмаи мусиқии вилоят, ки аз таърихи Самарқанд нақл мекунад, оғоз гардид. Инчунин, дар ҷашнвора баромадҳои намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии вилоят пешкаши ҳозирон карда шуд. 
– Бори дуввум меҳмони шаҳри Самарқанд мешавам, – гуфт сайёҳи ҳиндустонӣ Суҳан Гопал. – Аз ин нӯҳ сол муқаддам ҳамроҳи дӯстон омада будам. Ҳоло бо оилаи худ омадем. Қиёфаи шаҳр комилан тағйир ёфта, ободу зеботар гардидааст. Аз тамошои маркази нави сайёҳӣ чашми кас меболад. Дар доираи сафар аз этнофестивал дидан кардем. Дар ин ҷо бо урфу одат ва анъанаҳои намояндагони миллатҳои гуногун шинос шудем.
Иштирокдорони тадбир ва сайёҳон баромад ва сурудҳои ансамбли фолклории «Бешқарсак»-и ноҳияи Ургутро бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: