ШИРИНКОРОНИ ШИФОХОНА

Ё ХУД ҲАДЯИ ХУРСАНДӢ БА БАЧАГОНИ РАНҶУР

Дар табобатхонаи кӯдакон на ҳама вақт хандидани беморон ва  парасторони онҳо ба мушоҳида мерасад. Зеро дар маконе, ки  калимаи  «дард» ҷой дорад, хушнудӣ нест. Вале табибон бо ханда табобат кардани  беморонро таъкид мекунанд. 


Беш аз 15 сол аст, ки дар кишвари мо бо ташаббуси марди хайрхоҳу савобталаб аз Нидерландия Петер Аммес кӯшиш мекунанд, ки дар  табобатхонаҳо муолиҷагирандагонро хушҳол созанду онҳоро зудтар сиҳат намоянд. 
Чанде пеш мо бо ҳамкасбон дар табобатхонаи бачагонаи рақами якуми   шаҳри Самарқанд шуда, шоҳиди он гардидем, ки чӣ тавр писараку духтаракони хаста ширинкориҳои масхарабозонро дида ба завқ меоянд.  
Дар табобатхонаҳои Самарқанд бо ташаббусу дастгирии Петер Аммес ва шифокорони бачаҳо Алишер Расулов, доктори фанҳои тиб Азамат  Раҳимов табобат бо усули ширинкорӣ ба роҳ монда шудааст, ки лоиқи ситоиш аст.
Воқеан каси беморро хандондан кори осон нест. Ин аз ширинкор маҳорат ва истеъдоди хоса талаб мекунад. Дар ҷаҳон ташкилоти байналхалқии ширинкорони шифохонавӣ арзи вуҷуд дошта, дар он ҷо рӯҳшиносон, педагогҳо, табибон, кадрҳои баландихтисос ва бомаҳорат тайёр карда мешаванд.
– Ба ман – ҳунарпешаи театри драмаи Самарқанд ширинкори шифохонавӣ шудан осон набуд, – мегӯяд Светлана Шаруда. Дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунӣ халос, аммо дар касалхонаҳо бо кӯдакони бемор рӯ ба рӯ шудан, онҳоро хандондан аз кас маҳорат, сабру тоқат, сухангӯйии ғайриоддӣ, либосҳои мазҳакавӣ лозим. Алалхусус, дар табобатхонаи бемориҳои саратон, яъне онкологӣ, ки он ҷо модарони парастор ниҳоят  ғамзадаанд. 
Барои сайқал додани истеъдоди хеш аз дарсҳои Петер Аммес солҳои сол сабақ гирифтам. 
Ҳунарпешаи тоифаи олии театри драма Бахтиёр Салимов ба ин касб дар синни бузургтар шурӯъ кард. Вай солҳои тӯлонӣ дар театри драмаи Бухоро фаъолияти гуногунҷабҳа бурда, рӯҳияти тамошобинони нуктасанҷ, хосатан  бачагонро, хуб омӯхтааст. Аз ин рӯ, таҷрибаи кофӣ самараи хуб дод, ки ҳоло дар пешаи ширинкори табобатхонавӣ зуд эътибор  пайдо кард. 
– Бо бачагон на танҳо кор, балки дар олами онҳо зиндагӣ мекунам, – бо табассум мегӯяд ӯ. – Рӯҳияти бачагон ғайриоддӣ ва гуногун аст. Барои бачагон шифохона гӯё маҳбас аст, бинобар ин онҳоро шабу рӯз дилгир, ранҷуру хаста, асабашон вайрон мушоҳида мекунед. Рӯҳи модарони онҳо  низ касро ба андеша водор мекунад, ки барои тасвир шояд қалами тавоно ҳам оҷиз бошад. 
Акнун тасаввур кунед. Ман аз соли 2006 ба палатаҳои табобатӣ  ворид шуда, бачагони бемор ва парасторони онҳоро умедвор дида, дилам об мешавад, лекин кӯшиш мекунам, ки бо ширинкорӣ рӯҳи «тамошобинон»-и  худро хурсанд кунам...
– Бисёр мехостам, ки дар Ӯзбекистон табобат бо ширинкорони касбӣ равнақ  ёбад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Петер Аммес. – Воқеъан, дар дунё ин гуна табобат солҳои сол амал мекунад ва соҳибони ин касб аз ҷониби  давлат рағбатнок мешаванд, зиндагиашон бад нест. Масалан, агар 4 рӯз кор кунанд, як моҳ рӯзгори онҳо фаровон аст. 
Дар омади гап таъкид намуд, ки Петер Аммес зуд-зуд ба Самарқанд омада, барои ҳамкасбони савобталаби худ дарси маҳорат ташкил медиҳад ва баҳри сайқал додани истеъдоди эшон саҳмгузор аст. Вай гуфт, ки Самарқанд чун  Амстердам ба зодгоҳи дуюми ӯ табдил ёфта, мардуми он меҳмоннавоз, кушодачеҳра, дилёбу дарёдил ҳастанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: