НАТИҶАИ РЕКОРДӢ АЗ ҲОСИЛИ ПИЁЗ

Замини диёри мо зархез аст.

Бемуҳобо, агар тухмӣ ба хок афтад, аз таъсири гармиву равшании офтоби оламоро ва намӣ ба сабзиш сар мекашад. Ва агар ба замин меҳр бандеду меҳнат кунед, аз кишт ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳад омад.

Бахтиёр Мирзоеви зоминӣ солҳои дароз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафт ва охиру оқибат ба кишоварзӣ руй овард. Ризқу рӯзиро аз Ватани хеш дарёфт. Ба 2-3 гектар майдони замин пиёз ва ба ҳамин монанд сабзавоту зироат корид. Кишти такрорӣ гузаронд. Ин дафъа пиёз корид, обёрии усули қатрагиро ба роҳ монд, саривақт бо ғизо сер кард. Ҳосили зиёд дод пиёзи ӯ. Аз ҳар гектар 150 тонна ҳосил ба даст овард. 
– Тухмии аз Ҳӯлланд гирифтаамонро аз нав кор  кардем, – мегӯяд ӯ, – дар натиҷа тухмии аълосифат ҳосил шуд. Аз сӯи дигар бо тарзи қатрагӣ обёрӣ кардан ва ба қадри кофӣ нуриҳои маҳалливу кимёвӣ пошидан  хеле фоида расонд.
Масъулони хоҷагии қишлоқи ҳокимияти вилояти Ҷиззах  ба фермер Бахтиёр Мирзоев барои аз пиёз ҳосили рекордӣ рӯёниданаш мошини замонавӣ туҳфа кард.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: