ЧОРАБИНИИ ҶАШНӢ-МУСИҚӢ

ба истиқболи 100-солагии Артисти халқии Ӯзбекистон Эргаш Йӯлдошев

Чусти куҳану ҷавон — сарзамини равшанфикрон, зиёиён ва ҳунарпешагон, аз  он ҷумла, зодгоҳи адибон Муҳаммадшариф Сӯфизода,  Набихон  Чустӣ  ва  Сотим Улуғзода, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистону Тоҷикистон  Матлуба Дадабоева,   Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Мирзо Азизов, артистони  шоистаи ҷумҳурӣ  Ҳалимҷон Ҷӯраев,  Ҳошим Арслонов  ва  боз  чандин нафар машҳурон ҳаст.  Дар ин макон гоҳ-гоҳ вобаста ба онҳо чорабиниҳои гуногунмавзӯъ ва рангоранг  баргузор мегарданд. 

 

Ба қарибӣ дар қасри маданияти шаҳри Чуст бо сарварии ҷонишини роҳбари шуъбаи маданияти ноҳия Гулсорахон Насимхонова ва ташаббуси фарзандони санъаткори номдор Артисти халқии Ӯзбекистон Эргаш Йӯлдошев – Дилором  ва Козимҷон ба муносибати 100-солагии ӯ боз як тадбири ҷашнӣ-мусиқӣ ва адабӣ-хотиравӣ барпо шуд. Мо аз даври ҷавонӣ  тавассути ҷаҳоннамою радио сурудҳои  ин ҳофизи хушовозро гӯш кардаем. Эргаш Йӯлдошев дар деҳаи Ахчаи ноҳия таваллуд шудааст.
Тадбири ҷашниро, ки бо намоиши лавҳаҳои таърихии солҳои пешини Ӯзбекистон аз ҳаёти ҳунарманд  сар шуд, раиси Бунёди  «Нуронӣ»-и ноҳияи Чуст Ҷӯрахон Аҳмедов бо сарсухан боз намуд. Роҳбари шуъбаи вилоятии маънавиёт ва маърифати ҷумҳурӣ  Мусохон  Оппоқов дар бораи фаъолияти ҳунарпешаи мардумӣ ва мавқеи ӯ дар санъати миллӣ сухан ронд. Меҳмонони тошкандӣ, раққосаи собиқадори дастаи рақсии «Баҳор» Нурхон  Зулинова ва раққоса Наргиза Олимова дар бораи ҳамкорию дӯстиашон бо санъаткор нақл карданд. Роҳбари шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи нависандагони  Ӯзбекистон Зиёвуддин Мансур,  шоира Дилбарбону ва ҷияни ҳунарманди мардумӣ, муаллими мактаби мусиқии ноҳияи Поп Мирфайёз Йӯлдошев дар бораи шахсияти сароянда мулоҳиза ронданд.
Шермамат Шерматов, Шораҳим Қаландаров, Шермат Бӯриев, Мансурхон Музаффаров, Шоиста Қӯчқорова, Ботирҷон Йӯлдошев, роҳбари дастаи халқии «Чуст тароналари»  Дилмурод Темиров ва дигарон сурудҳоро аз репертуари Эргаш Йӯлдошев иҷро намуданд.
Ҳунарпеша соли 1991 вафот кардааст.

Ш. МИРЗОЕВ.         
Вилояти  НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: