ДАР БОРАИ ВАСЕЪ ҶАШН ГИРИФТАНИ 580-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ШОИР ВА МУТАФАККИРИ БУЗУРГ АЛИШЕРИ НАВОӢ

Мероси бебаҳои эҷодии шоир ва мутафаккири бузург, арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Алишери Навоӣ дар таърихи рушди на танҳо адабиёти ӯзбек, балки ҷаҳон, фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонбинии адабию эстетикии мардуми мо аҳамияти хоса дорад.

Мероси бебаҳои эҷодии шоир ва мутафаккири бузург, арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Алишери Навоӣ дар таърихи рушди на танҳо адабиёти ӯзбек, балки ҷаҳон, фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонбинии адабию эстетикии мардуми мо аҳамияти хоса дорад. Вай дар асарҳои ҷовидонии худ ғояҳои олии инсонпарварӣ ва арзишҳои умумиинсониро тараннум намуда, аз имкониятҳои бузург, ғановатмандиву зебоии забони модарии худ истифода бурда, дар дили миллионҳо китобхонон мустаҳкам ҷой гирифт.
Дар солҳои охир барои амиқ омӯхтани мероси беназир, серқирраи эҷодии Алишери Навоӣ, васеъ паҳн кардани осори шоир дар мамлакати мо ва берун аз он ва абадӣ гардонидани хотираи ӯ корҳои васеъ анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, ҳамасола дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани зодрӯзи Алишери Навоӣ – 9 феврал ҳамчун иди дурахшони адабиёт ва санъат ба ҳукми анъана даромадааст. Китобҳои ӯ мунтазам нашр мешаванд, бахшида ба эҷодиёти ӯ таҳқиқоти васеъ, конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешаванд.
Ташкили Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ, гузоштани муҷассамаҳо ба аҷдоди бузурги мо дар кишвар ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, нашри маҷмӯаи пурраи асарҳо дар ҳаёти фарҳангии мо рӯйдодҳои муҳим гардиданд. Инчунин дар Боғи миллии маркази пойтахт, ки ба номи ӯ гузошта шудааст, Хиёбони адибон бунёд ёфтааст.
Имрӯз, вақте ки мамлакати мо дар асоси тамоюли асосии «Аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ» ба зинаи нави рушди худ қадам гузошт, таҳкурсии давраи  нави Эҳё — Наҳзати сеюм ташаккул меёбад, мероси бебаҳои адабии Алишери Навоӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
Бо назардошти аҳамияти беназири асарҳои Алишери Навоӣ, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ амиқ, нақши онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, дар афзоиши нерӯи зеҳнӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас инъикос ёфтаанд, инчунин бо мақсади таъмини омӯзиш ва оммавигардонии минбаъдаи мероси адабӣ ва илмии шоир ва мутафаккири бузург:
1. Пешниҳодҳои Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат ва намояндагони аҳли ҷомеа дар бораи таҷлили васеи 580-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ дар соли 2021 маъқул дониста шаванд.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 580-солагии таваллуди Алишери Навоӣ (минбаъд –  Кумитаи тадорукот) тибқи замимаи №1;
Барномаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 580-умин солгарди таваллуди Алишери Навоӣ (минбаъд –  Барномаи чорабиниҳо) мувофиқи замимаи №2.
Ба зиммаи Кумитаи тадорукот вазифаҳо оид ба дар сатҳи баланд ташкил кардани чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 580-умин солгарди таваллуди Алишери Навоӣ, ҳамоҳангсозии иҷрои саривақтӣ ва босифати ин қарор ва Барномаи чорабиниҳо гузошта шавад.
3. Девони Вазирон якҷоя бо вазоратҳои дахлдор дар давоми ду моҳ:
бо мақсади васеъ омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Алишери Навоӣ ва таблиғи мероси ӯ дар мамлакати мо ва берун аз он, лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ташкили Фонди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишери Навоӣ»-ро таҳия намояд;
бо мақсади баҳои муносиб додан ба саҳми бузурги шаҳрвандони мамлакати мо ва дигар давлатҳо, инчунин муассисаҳои илмию эҷодӣ дар амиқ омӯхтан ва оммавӣ гардонидани мероси эҷодии Алишери Навоӣ пешниҳоди таъсиси ордени Алишери Навоиро тақдим намояд;
имкониятҳои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ободониро дар маҷмӯаи ёдгории Алишери Навоӣ дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омӯзад ва пешниҳодҳои дахлдор тақдим намояд.
4. Вазорати фарҳанг якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Академияи илмҳо ва Кумитаи давлатии гумрук бояд барои ба даст овардани нусхаҳои факсимилии дастхатҳои муаллифии Алишери Навоӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ маҳфузанд ва дигар дастхатҳои даврони ӯро андешанд.
5. Академияи илмҳо:
якҷоя бо Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус дар давоми солҳои 2020-2021 оид ба нашри илмии осори Алишери Навоӣ дар асоси дастхатҳои шоир корҳо анҷом диҳанд;
якҷоя бо Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус то моҳи декабри соли 2020 корҳои тартиб додани шарҳҳо оид ба мероси эҷодии Алишери Навоиро ба итмом расонанд ва барои ворид намудани онҳо ба барномаи махсуси «Навоӣ ва ҷавонон» ба Агентии кор бо ҷавонон пешниҳод намоянд;
дар Осорхонаи давлатии адабиёти ба номи Алишери Навоӣ моҳи ноябри соли 2021 намоиши адабӣ ва бадеии дастхатҳо ва нусхаҳои асарҳоро дар бораи муҳити адабӣ ва фарҳангии давраи Алишери Навоӣ, ҳаёт ва эҷодиёти шоир, мураббиён, ҳамзамонон ва пайравони ӯ ташкил кунад.
6. Вазорати рушди инноватсионӣ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар давоми ду моҳ дар асоси талаботи фармоиши давлатӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ озмуни лоиҳаҳои илмиро оид ба омӯзиши ҳаёт ва мероси эҷодии Алишери Навоӣ эълон кунад.
7. Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Академияи илмҳо то охири соли 2021 дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон платформаи электронии таҳқиқоти илмӣ оид ба осори Алишери Навоӣ, инчунин дар соҳаи навоишиносӣ созмон диҳад.
8. Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати таълими халқ, Вазорати таҳсилоти томактабӣ, Агентии рушди мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирон Консепсия омӯзиши пайвастаи осори Алишери Навоиро таҳия кунанд ва аз соли таҳсили 2021/2022 дар ин замина омӯзишро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таъмин намояд.
9. Агентии кор бо ҷавонон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор то моҳи декабри соли 2020 таҳия ва татбиқи барномаи махсуси «Навоӣ ва ҷавонон»-ро таъмин намояд, ки инҳоро фаро мегирад:
дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор намудани озмуни хониши шеърҳои «Пайравони Навоӣ», дар байни хонандагони мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсус — озмуни иншои «Дарки нобиғаи Навоӣ» ва мукофотонидани шоистаи ғолибон;
дар доираи татбиқи Панҷ ташаббуси муҳим офаридани замимаҳои мобилӣ бо асарҳои Алишери Навоӣ бо ҷалби васеи барномасозони ҷавон ба ин фаъолият ва дар байни ҷавонон оммавӣ гардонидани онҳо.
10. Пешниҳоди Агентии рушди мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирон ва ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ташкили мактаби эҷодии ба номи Алишери Навоӣ дар соли 2021 дар Тошканд маъқул дониста шавад.
11. Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, ҳокимиятҳои вилояти Навоӣ ва шаҳри Тошканд якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар даҳаи аввали моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Навоӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Нақши мероси эҷодии Алишери Навоӣ дар рушди маънавию маърифатии башарият» ва дар шаҳри Тошканд – чорабиниҳои адабию бадеӣ бахшида ба 580-солагии зодрӯзи шоир ташкил намуда, дар дараҷаи баланд баргузор кунад.
12. Вазорати фарҳанг намоиши спектаклҳои навро аз рӯи асарҳои Алишери Навоӣ дар соли 2021, баргузории фестивали театрҳои ҷумҳуриявии «Дар саҳна – образи Навоӣ ва осори ӯ», шабнишиниҳои «Шеър ва мусиқӣ» дар асоси ғазалҳои шоир, инчунин озмуни макомҳоро таъмин намояд.
13. Агентии миллии “Ӯзбеккино”оид ба дар давоми соли 2021 офаридани филмҳои бадеӣ ва мултфилмҳо аз рӯи асарҳои Алишери Навоӣ, филмҳои пурраметражаи бадеию публитсистӣ дар асоси маълумотҳои нав ва далелҳо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоир чораҳо андешад.
14. Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати молия якҷоя бо Академияи илмҳо, Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус оид ба дар соли 2021 чоп кардани силсилаи китобҳои «580-солагии зодрӯзи Алишери Навоӣ», ки асарҳои шоирро фаро мегирад, инчунин асарҳои илмию оммавӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ чораҳо андешанд.
15. Вазорати корҳои хориҷӣ аз соли 2021 сар карда, ба таври муназзам:
якҷоя бо Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар намояндагиҳои дипломатии мамлакати мо дар хориҷа бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Алишери Навоӣ чорабиниҳо баргузор намоянд;
бо ҷалби мутахассисони берунмарзӣ оид ба забони ӯзбекӣ ва тарҷумаи бадеӣ корҳои мунтазамро оид ба тарҷума ба забонҳои хориҷӣ, нашр ва муаррифии осори Алишери Навоӣ дар кишварҳои хориҷӣ амалӣ намоянд.
16. Вазорати молия, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ҷиҳати ҷудо кардани маблағ барои азнавсозии бинои Осорхонаи давлатии адабиёти ба номи Алишери Навоӣ, ташкили экспозитсияи нави замонавӣ, таъминоти зарурии моддию техникии музей ва то моҳи октябри соли 2021 ба анҷом расонидани корҳои таъмир тадбирҳо андешанд.
17. Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон ва иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» дар моҳи феврали соли 2021 намоишгоҳҳои асарҳои санъати тасвирӣ, минётураҳо ва намунаҳои санъати амалии халқиро, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Алишери Навоӣ ташкил кунанд.
18. Ба Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи электронӣ ва дигар васоити ахбори омма инъикоси васеи чорабиниҳои марбут ба таҷлили 580-солагии зодрӯзи Алишери Навоӣ, омода кардани барнома ва намоишҳои махсус, филмҳои таълимию маърифатӣ асоси осори шоир тавсия дода шавад.
19. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои дар ин қарор пешбинишуда аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои ташкилкунандагон ва дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, муайян карда мешаванд.
20. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
19 октябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: