Энергияи “сабз” ба яке аз драйверҳои иқтисодиёти мо ва ҳаракати ҳақиқатан миллӣ табдил меёбад

  • Энергияи “сабз” ба яке аз драйверҳои иқтисодиёти мо ва ҳаракати ҳақиқатан миллӣ табдил меёбад
  • Энергияи “сабз” ба яке аз драйверҳои иқтисодиёти мо ва ҳаракати ҳақиқатан миллӣ табдил меёбад
  • Энергияи “сабз” ба яке аз драйверҳои иқтисодиёти мо ва ҳаракати ҳақиқатан миллӣ табдил меёбад
  • Энергияи “сабз” ба яке аз драйверҳои иқтисодиёти мо ва ҳаракати ҳақиқатан миллӣ табдил меёбад

Президент Шавкат Мирзиёев 28 феврал оид ба самтҳои афзалиятноки афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҷаласа баргузор намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидори энергияи офтобу шамол дар кишвари мо нисбат ба талаботи имрӯза ба нерӯи барқ ​​10-12 маротиба зиёд аст, вале аз чунин имкониятҳои назаррас солҳои зиёд истифода нашудаанд.

Солҳои охир давлат ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда истодааст: заминаи дахлдори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, барномаҳои калон оид ба ташкили иқтидорҳои истеҳсолии «энергияи сабз» роҳандозӣ гардида, фазои ҷолиб барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст.

То имрӯз ба соҳа 2,1 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда, лоиҳаҳо боз ба маблағи 13 миллиард доллар амалӣ мешаванд. Қариб дар ҳамаи вилоятҳо неругоҳҳои барқии ҳозиразамони офтобӣ ва шамолӣ сохта мешаванд.

Аз ҷумла, дар Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд ва Сурхондарё 9 неругоҳи калони барқии офтобӣ ва шамолӣ ба кор андохта шуд, ки иқтидори умумии онҳо 1,6 гигаватт мебошад. Дар вилоятҳои Андиҷон, Самарқанд, Сурхондарё ва Тошканд 6 нерӯгоҳи хурду бузурги иқтидори умумиашон 183 мегаватт ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин дар иншооти иҷтимоӣ, корхонаву ташкилотҳо, биноҳои соҳибкорон ва биноҳои истиқоматӣ панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 457 мегаватт насб карда шудаанд. Ба ин мақсадҳо бонкҳо ба миқдори қариб 2 триллион сӯм маблағ ҷудо карданд.

Дар натиҷаи ин имконият ба вуҷуд омад, ки ба таври илова 5 миллиард киловатт-соат қувваи электри аз ҷиҳати экологӣ тоза ва 1,5 миллиард мукаабметр газ сарфа карда шавад.

Корҳои азими дар саноат ба роҳ мондашуда ба зиёд шудани истеҳсоли трансформаторҳо, кабелҳои гуногун, коллекторҳои термикӣ, панелҳои офтобӣ, изоляторҳо, конструксияҳои металлӣ ва дигар маҳсулот аз тарафи корхонаҳои маҳаллӣ ба дараҷаи назаррас мусоидат намуд.

Ҳамин тавр, энергияи «сабз» ба яке аз драйверҳои иқтисодиёти мо ва ҳаракати ҳақиқатан умумихалқӣ табдил меёбад.

Дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли «энергияи сабз» ба 13 миллиард киловатт-соат мерасад ва ҳиссаи он дар тавозуни умумии энергетикии кишвар 15 фоизро ташкил медиҳад. Барои чунин як муддати кутоҳ ин, албатта, нишондиҳандаи хеле таъсирбахш аст. Аммо дар ин соҳа ҳанӯз бисёр имкониятҳое ҳастанд, ки на дар ҳамаи ноҳияҳо пурра истифода  мешаванд.

Дар робита ба ин, дар ҷамъомад нақшаҳои нави афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва рушди дахлдори инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки дар асоси таҷрибаи ҷамъшуда аз соли ҷорӣ бояд ба татбиқи барномаҳои сесолаи бунёди иқтидорҳои бузурги «энергетикаи сабз» гузашт.

Дар асоси эҳтиёҷоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисод дар се соли оянда 28 неругоҳи бузурги офтобӣ ва шамолӣ бо иқтидори умумии 8 гигаватт ба истифода дода, 944 километр шабакаҳои баландшиддати барқ ​​ва 6 зеристгоҳи бузург бунёд карда ва 18 системаи нигоҳдории энергияи иқтидорашон 2,2 гигаватт насб карда мешавад.

Барои таъмини устувории системаи энергетикӣ зарурати аз ҳоло оғоз намудани сохтмони шабакаҳо ва истеҳсоли маводи зарурӣ зикр гардид.

Вазири энергетика хабар дод, ки дар соли ҷорӣ 14 истгоҳи дар барномаи сесола пешбинишуда бо иқтидори умумии 2,6 гигаватт ба кор андохта шуда, барои пайваст кардани онҳо ба шабака иқтидори 5 зеристгоҳ ва 500 километр шабакаи барқи баландшиддат барқ ​​васеъ карда мешавад.

Умуман аз ҳисоби иқтидорҳои нав имсол камаш 85 миллиард киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол карда, аз онҳо 6 миллиард киловатт-соат дар неругоҳҳои  офтобӣ ва шамол ҳосил карда мешаванд.

Рафти корҳо оид ба насби панелҳои офтобӣ низ баррасӣ шуданд.

Ба мақсади баланд бардоштани манфиатдории аҳолӣ ба ин дар кишвари мо барномаи «Хонаи офтобӣ» фаъолият дорад. Тибқи ин барнома ба сокиноне, ки панелҳои офтобӣ насб мекунанд, барои ҳар киловатт неруи барқ ​​1 ҳазор сӯм ҳақ дода мешавад. Ҳоло қариб 11 ҳазор нафар соҳибони манзил аз ин имконият самаранок истифода мебаранд.

Таъкид гардид, ки барои тавсеаи ин кор бояд ва минбаъд ҷолибиятро баланд бардошта ва дастгирии корбарони панелҳои офтобиро идома дод. Дар назар аст, ки барои ин мақсадҳо ба таври иловагӣ 50 миллион доллар захира ҷудо карда, боз 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Барои соҳибкорон дар соҳаи истифодаи энергияи офтоб низ имтиёзҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, имтиёзҳои гумрукӣ барои воридоти батареяҳои офтобӣ, инверторҳо ва аккумуляторҳо то панҷ соли дигар дароз карда мешаванд.

Ба масъулин супориш дода шуд, ки барномаи алоҳидаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар чунин бахшҳои энергияталаб, аз қабили кишоварзӣ, хоҷагии об ва таъмини оби нӯшокӣ таҳия карда шаванд.

Рушди ин соҳа ба соҳаҳои ҳамҷавор таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои бузурги офтобӣ ва бодӣ, пайвасти онҳо ба шабака, нигоҳдорӣ ва таъмири онҳо бозори на камтар аз 1 миллиард долларро барои корхонаҳои ватанӣ боз мекунад.

Аз ин рӯ, соли ҷорӣ дар “Кластери офтобӣ”-и шаҳри Қаршӣ татбиқи лоиҳа оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, инверторҳо, обгармкунакҳо, дар минтақаи саноатии Оҳангарон – кабелҳо ва трансформаторҳо, дар шаҳри Нуқус ва ноҳияи Андиҷон – панелҳои офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президент дастур дод, ки ба корхонаҳои ватанӣ дар гирифтани сертификатҳои байналмилалии сифат ва мутобиқ гардонидани истеҳсолот ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Вазири энергетика ва ҳокимон дар бораи нақшаҳои ташкили кор оид ба вазифаҳои дар ҷамъомад гузошташуда маълумот дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: