Адаш ИСТАД

АКАДЕМИЯИ ОДАМОНИ БОВИҶДОН

(Ҳикояи 
нимҳаҷвӣ)

Дар як шаҳри бостонӣ одамони бостонӣ мезистанд. Шиорашон - як рӯз бошу хурӯс бош! Шиори дигарашон - ҳар кас тонаду дарнамонад!
Ҳар кас дар ин шаҳр касбу коре дошт. Ба синни нафақа расад, хурсанд мегардид, аммо дере нагузашта аз бекорӣ зиқ мешуд, агар фарзанду набера надошта бошад.
Амонака аз ин тоифа буд. Занаш вафот карду худаш танҳо монд. Як ҷавонзанро бо чор бачааш тӯй карда гирифт.
Акнун барои онҳоро хӯрондану пӯшондан нафақапулӣ намерасид. Чанд рӯз сари тосашро болои зонуҳо монда андеша кард. Чизе намехӯрд. Калла дар гушнагӣ зӯр кор мекунад, фикр мекард ӯ.
Зани ҷавон ҳайрон, ки ба мардакаш чӣ шуд? Аз пушт пистонҳои нармашро ба тахтапушти шавҳар молида, аз сари тосаш бӯсида, сахт ба оғӯш кашида сабаби ғамгинии ӯро мепурсид.
 – Халал нарасон, ман фикр карда истодаам, ки аз куҷо пули калон ёбам, – мегуфт Амонака.
Баъди чанд рӯзи ташнаву гурусна нишастан, мокиёни рӯйи ҳавлӣ хурӯсвор садо баланд кард. Занаш, ки ҳавлӣ мерӯфт, “ҳе ҷеғи бемавридат ба замин” гӯён ба сӯйи мокиён ҷорӯби дасташро парронд.
– Куштан лозим ин мокиёнро, ҷеғи мокиён хосияти хуб надорад, – гуфт зан.
– Ин ҷо айби мокиён нест, айби ман, ки хурӯсро кушта хӯрдам ва онҳо бе мардина монданд.
Ва ба ёдаш мақоли «Як рӯз бошу хурӯс бош!» омад. Ва ин таконе ба фикраш шуд, ки роҳи ёфтани пули муфтро кашф кунад.
Амонака ба тарафи занаш нигоҳ карда садо баланд кард: «Эврика! Ёфтам! Мо Академияи одамони бовиҷдонро месозем? Занакҷон компутерро биёр, уставашро сохта худи ҳамин рӯз дар ҳокимият тасдиқ мекунонам.
Ҳаққи аъзогӣ аз хоҳишмандон – 5 миллион сӯм. Ба гӯши занаш ин 5 миллион сӯм гуфтани шавҳар он қадар форид, ки чоки даҳонаш аз ин гӯш то ба он гӯш мавҷ заданд.
– Дар вақти қабул ба академия мо чӣ хел муайян мекунем, ки ҳамон кас виҷдон дорад ё не? – гуфт занаш.
– Ту ба инаш эътибор нате. Дар шаҳри мо одамони бевиҷдон нест. Ҳоло мебинӣ ҳама давида меоянду ба узвият қабул мешаванд. Баъд ман мегӯям, ки лимит тамом шуд, агар боз панҷ миллион илова кунед, шуморо қабул мекунем.
– О, мардакҷон, ин калли шумо каллаи Суқрот, Афлотун ва Эйнштейн! Якта ордени академияро низ месозем. Ва инро низ мефурӯшем.
Баъди чанд рӯз ҳокимият ин академияро ба расмият шинохту Амонака дар рӯзномаҳо эълони қабулро нашр кард.
Дар таги дарвозаи ҳавлиаш одамон қатор шуданд. Дар ҷойҳои мо одамони хушбовар кам нестанд. Дар андак муддат шумори аъзои академия аз ҳазор боло рафт.
Сипас аъзо нашудагон “магар мо бевиҷдонем?” гӯён омадан гирифтанд.
Баъзе донишмандон ба ҳукумат эътироз карданд, ки ин дӯкони бемазагӣ баста шавад. Ҳокимияти шаҳр хатои худро фаҳмида, ин дӯконро баст.
Амонака аллакай он қадар маблағ ҷамъ карда буд, ки то охири умр мерасид. Акнун мақоли ҳар кас тонаду дарнамонадро доим зери лаб замзама мекард.
Ҳусни хотимаи ин ҳикоя он, ки дар охир ҳама пулҳоро ба доллар иваз карда, ба бонк монда, зани ҷавон аз шавҳараш пурсидааст:
– Ҳамин виҷдон дар асл чӣ маъно дорад?
Амонака ҳини ин савол коняк нӯшида сархуш буд. Аммо ин савол як сатил оби хунук барин шуд, ки аз сараш рехтанд. Зуд луғатро ба даст гирифта, маънои аслии виҷдонро кофт. Маънои аслиаш — дарёфтан, ҳисси масъулият будааст ба маънои дувум.
Ӯ гуфт: – «Мана — маънои аслияш дарёфтан будааст. Мо магар пул наёфтем?»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: