ЧОРЯК АСР ҲАМНАФАС

Дар шавқовару хонданибоб баромадани саҳифаҳои «Овози тоҷик» мухбирони он дар вилоятҳо низ саҳми бебаҳо мегузоранд.

 Яке аз онҳо хабарнигори рӯзнома дар вилояти Бухоро, марди донишманду таҳаммулпазир  Амрулло Авезов мебошад, ки имрӯз  дар арафаи ҷашни 70 солагист.

Ман Амруллоакаро солҳои донишҷӯиям дар Донишгоҳи давлатии Бухоро ғойибона медонистам.  Духтари калонии он кас Баҳора  аълохону фаъолтарин донишҷӯи  факултаи филологӣ буд ва мегуфтанд, ки падари ӯ  мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» ва муаллими  фанни  забон ва адабиёти тоҷик  мебошад. 
Солҳо гузашту мо бо Авезов дар «Овози тоҷик» ҳамкасбу ҳамкор шудем. Ҳар гоҳе ки устод ба ин даргоҳи муқаддас қадам гузоранду ба коргоҳи мо сар халонанд, бо он кас дар бораи Бухорои қадимаву мардуми содаву самимии ӯ ҳамсуҳбат мешавем...
 Ноҳияи Шофиркон маскани олиму донишмандон ва ашхоси маъруфи зиёд мебошад. Дар ин ҷо шахсоне ба воя расидаанд, ки дар рушди илму маърифат ҷойгоҳи алоҳида доранд. Қаҳрамони мақолаи  мо – Амрулло Авезовро, ки   25 сол инҷониб дар «Овози тоҷик» кор мекунад, метавон аз ин ҷумла шуморид, чунки хонандагоне, ки солҳои омӯзгории муаллим таълиму тарбия гирифтаанд,  имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии мамлакат фаъолият доранд, дар рушду нумӯи Ватан ҳиссагузоранд. Мақолаву очерк, тарҷумаву ҳикояҳои  А. Авезов, ки дар саҳифаҳои «Овози тоҷик»,  гузашта аз ин, дар матбуоти Тоҷикистони ҳамсоя низ рӯйи чопро мебинанд, муштариён бо завқу шавқи зиёд мутолиа менамоянд.
Мардуми мо нахустфарзандро бо масъулияти калон ва эътибори алоҳида ба воя мерасонанд, ки ӯ ҳамеша барои додарону хоҳарон намунаи ибрат бошад. Авезов низ дар чунин муҳит ба воя расид ва касби падар – Шукрулло Авезов, ки  вазифаҳои ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия ва сарварии мактаби миёнаи рақами 7-уми ноҳияро дар ӯҳда дошта, Аълочии маорифи халқ буду соҳиби медали «Шӯҳрат» гардидааст,  барои худ пеша намуд ва  додару хоҳаронро тавонист аз пайи худ раҳсипор намояд. Додарон Сайфулло, Мӯсо, Исо, хоҳараш Адиба ва нафари зиёди фарзандони онҳо соҳиби касби бошарафи омӯзгориро интихоб намуданд.
– Додарам Мӯсо ва фарзандам Азиза барвақт аз ин дунё даргузаштанд, ки ин барои мо хеле вазнин буд, аммо ман барои он шукр мекунам, ки аз онҳо фарзандони қобилу солеҳ ба ёдгор мондаанд... – гуфтанд ҳамкасби мо.
Амрулло Авезов баробари журналист будан, депутати шӯрои вилоятӣ ва дертар ноҳиявӣ, яке аз фаъолони маҳаллаи зодгоҳ низ мебошад.
— Барои шумо кадоме аз касбу коратон «аз они худӣ» шудааст, — мепурсам аз ҳамсуҳбатам.
— Ҳамаи он касбу коре, ки то ин синну сол дар ӯҳдаи ман буд, аз ман масъулияти зиёд талаб мекард. Аз рӯйи ҳар ду вазифа – чӣ хабарнигорӣ ва чӣ депутати халқӣ  ба корхонаву ташкилотҳо бештар муроҷиат менамоям, — мегӯяд А. Авезов. – Он чиз аламовар буд, ки солҳои пеш  даву тозу саъю кӯшиши ман  тавре ки интизор будам, на ҳама вақт  натиҷаи дилхоҳ медод. 
15-20 сол пеш аз ин агар  бо ягон масъала ба раҳбару ҷонишин ва ё раиси касабаи вилояти Бухоро муроҷиат карданӣ бошам, вохӯрии ман бо ин мутасаддиён ба рӯзи оянда гузошта мешуд. Рӯзи дигар низ роҳи дуру дарозро тай намуда меомадаму боз ноумед бармегаштам... ва ниҳоят дар иҷлосияи навбатии Шӯрои намояндагони вилоят ба ман навбати сухан расид. Ман суханони худро бо яке аз ҳикояи «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, ки роҳбари онвақтаи давлат  мутолиаи онро ба ҳамаи раҳбарон тавсия карда буд, оғоз намудам:
— Нӯшервони Одил беҳтарин сипоҳсолори худро волии Озарбойҷон таъин кард. Сипоҳсолор чанде  пас  барои худ боғу бӯстонсаро барпо кард. Дар ин байн замини пиразанеро, ки аз паси он рӯз медид, гирифт. Муроҷиатҳои  пиразан  ба ҳукмдор суде набахшиданд. Пиразанро ба қаср роҳ надоданд. Ӯ маҷбур шуд, ки ба подшоҳ арз кунад. Аз ин рӯ ба Мадин омад. Пиндошт, ки ӯро ба қаср роҳ намедиҳанд, бино бар ин рӯзи шикори Нӯшервонро муайян намуда, ба сайдгоҳ рафт. Он ҷо бо ҳукмфармо рӯ ба рӯ шуда, матлабашро баён кард. Нӯшервон ба зан ғамхорӣ зоҳир намуд ва то муайян намудани ҳақиқати ҳол ӯро дар ҷойи махсус нигоҳ дошт.  Баъди санҷишҳо ноинсофии волии Озарбойҷон ошкор гардид ва малик ӯро ба қатл расонд. Боғу саройро ба пиразан бахшид. Нӯшервон дарк намуд, ки ба қаср роҳ ёфтани корафтодагон чандон осон нест. Аз ин рӯ,  супориш дод дар назди дарвозаи он занҷир овехта, дар он зангӯлаҳо банданд, то ҳар корафтода онро ҷунбонда ба қабули шаҳриёр омадани худро маълум кунад. Ин тадбир имкон дод, ки муроҷиаткунандагон аз адлу марҳамати Нӯшервон баҳра баранд.
Нисфирӯзие садои зангӯла баланд шуд. Нӯшервон ходимҳояшро фиристод. Онҳо баргашта гуфтанд, ки касе нест, вале хари лоғаре пушти худро ба занҷир мемоладу овози зангӯла аз ҳамин ҷост. Нӯшервон пай бурд, ки хар бо арз омадааст. Ӯ супориш дод, ки соҳиби онро пайдо кунанд. Маълум шуд, ки соҳиби хар қариб бист сол аз вай истифода бурда, баъди пиру корношоям шуданаш аз хона рондааст.
Харро ҳамроҳи соҳибаш ба назди Нӯшервон оварданд. Ӯ барои беадолатиаш ба соҳиби хар чил дарра фармуд ва гуфт, ки «хар то зинда ҳаст, ба вай коҳу ҷав деҳ, вагарна туро ба қатл мерасонам...»
— Баромади ман барои иштирокдорони иҷлосия ғайриодӣ буд ва онҳо интизори хулосаи ҳикоя буданд, — идома дод қаҳрамони лавҳаи мо. – Албатта, ман дар андешаи изо надодани он раҳбарон будам ва гап соҳиби худро ёфта буд.
Аз байн вақти зиёд нагузашту дар вилоят ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон  эътибори алоҳида нигаронида шуд. Ҳокими вилоят дар мавзеъҳо қабули сайёри худро мегузошт, ки баҳри  фаровонҳолии аҳолӣ ҷойгаҳи хосаи худро пайдо карда тавонист.
— Мо бояд шукргузори ин замона бошем, — мегӯяд Амруллоака, — чунки замонҳое шуд, ки фарзандҳои фарзонаи Бухорои куҳанро бо фахру ифтихор ба забон мегирифтанду агар гап ба сари забони модарии онҳо ояд, гӯё онро  «фаромӯш» мекарданд. «Мавригӣ»-и гуфтаву суфташуда садо медод, аммо на дар асл.
Имрӯз бошад, бо сиёсати одилонаи роҳбари давлатамон Ш. Мирзиёев ҳамааш ранги дигар гирифт. Барои ҳамзабону ҳаммиллатони мо дари имкониятҳои нав кушода шудааст. Моро лозим меояд, ки аз ҳамаи чунин имкониятҳо пурсамар истифода барем. 
Дар охирсухан бояд гуфт, ки самараи меҳнату заҳматҳои зиёдаш мебошад, ки соҳибҷашни мо мавриди эътибору эҳтироми ҳукумат ҷой гирифтааст. Ӯ бо унвони «Аълочии таълими халқ» (соли 1991), ордени «Дӯстлик» (соли 1996), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (соли 2009) ва ташаккурномаву ифтихорномаҳои зиёд сарафроз гардонда шуда, се маротиба дар озмуни «Журналисти беҳтарини сол»-и Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ғолибиятро ба даст овардааст.
Аҳли ҷамоаи «Овози тоҷик» Амрулло Авезовро бо 70-солагии умраш муборакбод намуда, умедворӣ менамояд, ки ӯ ҳоло солҳои зиёд муштариёнро бо мақолаҳои шавқовари худ баҳраманд мегардонад.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: