Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо сафири Русия мулоқот кард

27 ноябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Ӯзбекистон Олег Малгинов мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Русия ва ҷадвали мулоқотҳо барои ояндаи наздик, ки чи дар шаклҳои дуҷониба ва чи дар доираи бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон .

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: