Осоиштагӣ неъмати бебаҳост.
Ба ин хотир, инсоният мудом тарафдори осоиштагӣ мебошад. Орзуи мо хотирҷамъ хуфта, бо хушдилӣ бедор шудан ва дар диёри осоишта ба сар бурдан аст. Ҳар дафъа ҳангоми дуо кардан осоиштагиву хотирҷамъии халқу ватанро таманно мекунем. Дар ин лаҳза ҳарбиёни мо низ, ки тинҷиву осоиштагии халқро таъмин намуда, дахлнопазирии сарҳадҳои мамлакати моро мустаҳкам ҳимоя мекунанд, ба ёд меоянд.
Дар чорабиние, ки дар арафаи Иди ҳимоятгарони Ватан таҳти мавзӯи «Ман такягоҳи Ватани худ мебошам» бо ҳамкории Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ва Ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» баргузор гардид, дар ҳамин хусус сухан рафт.
Дар чорабинӣ, ки ҳарбиёни ифтихорӣ, муаллимон ва донишомӯзони литсейҳои ихтисосонидашудаи соҳа иштирок карданд, тарғиботчиёни ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» – сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» А. Мелибоев, дорандаи ордени «Фидокорона хизматлари учун» Ш.Ёрматов, Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Р.Ярашева дар бобати нақши бемисли ҳарбиён дар осоиштагиву фаровонии мамлакати мо сухан карданд. Таъкид гардид, ки дӯст доштани Ватан, эъзоз кардани ҳар як ваҷаб хоки он, аввало аз ба тинҷиву осоиштагии кишвар ҳисса гузошта, барои аз ҳар гуна буҳронҳои вайронкор ҳифз кардани он ҷонбозӣ нишон додан шурӯъ мешавад.
–Дар бораи дӯстдорӣ ва ҳифзи Ватан бисёр мисолҳо овардан мумкин, – мегӯяд А.Мелибоев.–Ҳангоми ба Ҳиндустон рафтан дидам, ки фурӯшанда тоқии худамонро ба мо илтимос карда фурӯхтан мехоҳад. Баъди он ки аз он каме онсӯтар рафтам, тоқиҳо ба чашмам ғариб менамуданд. Тоқат накардам, баргашта рафта, ҳамон 18 дона тоқиро харида, ба Ӯзбекистон овардам. Нахостам, ки як пораи Ватанамро дар он ҷо гузорам. Ин воқеаро беҳуда нагуфтам. Барои дар бораи Ватан навиштан «Ватан» гуфта дод задан шарт нест. Онро хомӯшона ҳам дӯст доштан мумкин. Агар як санги ба сӯйи Ватан партофшударо баргардонем, дурӯғ будани сухани барои бадномии он нигарондашударо исбот карда, ба ҷамоаи васеъ расонем, ин ҳам аз сидқи дил дӯст доштани Ватан аст.
Баромади бадеии донишомӯзони литсейи ҳарбиву академии «Мактаби Темурбекҳо», литсейи академии рақами 1-уми Тошканди Вазорати корҳои дохилӣ ба давра файзи алоҳида бахшид. Рақсҳои шодибахш дар иҷрои дастаи рақсии «Булбулча» ба ҳозирин туҳфаи идона шуд. Оҳангу суруд, шеърҳои муассир қироатшуда дар бораи Ватан, замини муқаддас ва халқи азизамон ба иштирокдорони чорабинӣ шукӯҳи бетакрор, кайфияти болида, ҳисси ифтихор ва ватанпарварӣ эҳдо намуд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби тарғибгарони «Маърифат» ба китобхонаи литсейи академии рақами 1-уми Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбиву академии «Мактаби Темурбекҳо» китобҳо эҳдо карда шуданд.
Дилобар МАМАТОВА,
мухбири ӮзА.