ДЕВОРИ КАҶИ ДУРӮҒ ДЕР НАПОЯД

Бесабаб гузаштагони мо илм дар ҷавонӣ нақш дар санг аст, нагуфтаанд.

Солҳои аввали таҳсили мактаб роҳбари синфамон дар соатҳои тарбиявӣ яке аз масалҳои Алишери Навоиро нақл карда буд, ки то ҳол паси гӯшам садо медиҳад. Бино ба нақли ӯ,  марде буд, ки атрофиён ӯро чун фиребгар хуб мешинохтанд. Рӯзе хонаи он мард оташ мегирад. Мард доду фарёдкунон атрофиёнро ба кумак ҷеғ мезанад, аммо касе ёфт намешуд, ки ба ӯ бовар кунаду ёрӣ расонад. Куҳансоле ба ӯ мегӯяд, ки ту, ҷуз худат, аз касе маранҷ...
Гӯш додани сухани атрофиён, бахусус агар онҳо ношинос бошанд, кори хуб нест. Рӯзе тавассути метро роҳи манзилеро пеш гирифтам. Дар вагон ҳарчанд одамон зиёд буданд, суҳбати се духтар, ки навакак вориди он шуда буданд, ба гӯшам мерасид:  ҳоло метро зуд-зуд меояд. Агар пайи коре ба хона дер монаму модарам занг занад, «дар истгоҳ интизори автобус ҳастам»  мегӯяму тавассути  метро баъди 10-15 дақиқа ба хона мерасам», – мегуфт яке аз онҳо...
Дар худ андешидам: оё модарро фиреб додан мумкин аст? Модаре, ки барои фарзанд ҷоннисориҳо мекунаду бар ивази талошҳояш ба ӯ ҷаннатро ваъда кардаанд, лоиқи фанду фиреб аст?
Ягон падару модар намехоҳад, ки фарзанди ӯ дурӯғгӯй бошад. Сабабҳое, ки наврасонро ба дурӯғгӯӣ водор месозад, зиёданд. Яке аз онҳо дурӯғгӯии худи падару модарон аст, ки пас аз чунин ҳолати ногувор фарзандон низ ба онҳо пайравӣ мекунанд. Аз ин чунин хулоса бояд кард, ки агар волидон хоҳанд, ки фарзанди онҳо ростгӯю ростқавл ба воя расад, худи онҳо бояд ростгӯ бошанд.
Сабаби дуюме, ки равоншиносон онро низ омили асосӣ мешуморанд, тақлид кардани ҷавонон ба рафиқону ҳамсолон мебошад. Албатта, агар рафиқон аз оилаи носолим бошанд, инро низ волидон бояд пешгирӣ намоянд.
Дурӯғгӯии бачаро дар навбати аввал бояд волидон дарк намоянд. Агар дар ҳалли масъала ё коре наврасон баҳонаҳои зиёд ҷӯянд, бояд натиҷа гирифт, ки онҳо ба дурӯғгӯӣ «такя» мекунанд. 
Гуноҳҳо ду навъанд: сағираву кабира. Ҳарчанд дурӯғгӯӣ ба гуноҳи сағира дохил мешавад, агар пешгирӣ нашавад, ба гуноҳи кабира мубаддал хоҳад ёфт. Агар шахси дурӯғгӯро ба роҳи рост роҳнамун насозанд, бешубҳа, рӯзе меояду ӯ ба шахсе табдил меёбад, ки аз ягон бадӣ рӯ намегардонад...
Дурӯғгӯ барои ҷамъият хавфи зиёд дорад. Наврасе, ки дар мактаб устод, дар кӯча рафиқу дар хона падару модарро фиреб медиҳад, ояндаи хуб надорад.
Дар яке аз ҳадисҳои паёмбарамон Муҳаммад (с.а.в.) омадааст, ки «Мусулмон дурӯғ намегӯяд». Оре,  бесабаб гузаштагони мо дурӯғгӯиро гуноҳи азим нашуморидаанд.  Аз кор «монда шудан»-и коргурез ё изофанависон дар асл шахсоне буданд, ки овони ҷавонӣ дурӯғгӯиро «мисли об нӯшидаанд». Боз гуфтаанд, ки оғози ҳамаи сифатҳои ношоистаи одамӣ фиреб аст.
Дини мубинамонро сарчашмаи «одобу тарбия» низ мегӯянд. Дар он дурӯғгӯӣ дар вазъиятҳои муросокории байни бародарон, волидон ва давлатҳо рухсатӣ шудааст. Агар мо низ ба чунин ақидаи қавӣ риоя намоем, муносибати байни одамон, поку беғубор мегардад.

Н. НОДИРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: