САОДАТИ ТАҒЙИР ДОДАНИ ХУД

Ватанпарварӣ мафҳумест, ки меҳру садоқати инсонро ба кишвар, маъвои худ ифода мекунад, он аз ҷумлаи арзишҳои маънавии хоси ҳамаи қавму халқиятҳо мебошад.

Ин мафҳуму арзишҳо дар тӯли асрҳо такмил ёфтаанд. Аз нуқтаи назари таърих ватандӯстӣ маҷмӯи эҳсосотест, ки дар раванди рушди иҷтимоӣ одамон вобаста ба сарнавишти Ватани худ, муборизаи халқҳо барои дахлнопазирӣ ва истиқлолияти қаламраве, ки дар он зиндагӣ мекунанд, ғанӣ гардидааст. Ин дар ифтихор аз гузаштаю имрӯзи Ватан ва ҳифзи манфиатҳои он зуҳур меёбад. 
Имрӯз мо дар замони муборизаи бевосита ва билвоситаи ғоявию мафкуравӣ зиндагӣ мекунем. Пас, вақте сухан дар бораи миллати озод, манфиат ва сарнавишти кишвар меравад, ин гуна вазифаҳо на танҳо масъулияти зиммаи Сарвари давлат аст, балки вазифа ва масъулияти онҳоест, ки ин маконро Ватани худ меҳисобанд. Зимнан, ватандӯстӣ танҳо муҳаббат ба Ватан нест. Вай ҳиссиёти бузург аст... Ва маънии дар рӯзҳои хубу бади Ватан ҳамнафас буданро дорад. 
Биёед, як андеша кунем. Барои бо Ватан якҷо будан ба мо чӣ намерасад? Кӣ ё чӣ монеа мешавад, ки дар рӯзҳои неку бади кишвар бо ӯ  бошем. Дар ҳарду ҳолат ҷавоб якто – худи мостем.
Ин ҳақиқат аст. Мо авлоди алломаҳои бузургем, мегӯему камолоти духтарону писарони худро бо пул андоза мекунем, онҳоро бо коррупсия ошно месозем. Пайравони темурбекҳо ҳастем, мегӯему низомиёнро қаҳрамон намеҳисобем. Мо занону духтаронро чун модари миллат таърифу тавсиф карда, ба осмонҳо мебардорем ва дар баробари ин «оё хонда дунёро мегирӣ?» гӯён орзуҳояшонро поймол мекунем.
Агар иддаоҳои мазкур саъю кӯшиши мо ва ба сифати сарвари як оила бошад, аз дигар ҷиҳат мо маънавияти баландро тарғиб карда, ба фарҳанги одӣ риоя накунем, иқтисодиётро инкишоф медиҳем гуфта, иқтисодиёти «маъҳхуф»-ро боз ҳам бештар пинҳон кунем, аз маблағи ба сохтмон ҷудогардида биноҳои «дар ҳаво» муаллақро месозем, мардуми оддиро фиреб медиҳем, магар ин як ҳақиқати талх ва оқибати бемасъулиятии мансабдорони соҳа нест?
Дар як қатор маҷлисҳои бахшида ба муҳокимаи соҳаҳои маънавият, фарҳанг ва иқтисодиёту маблағгузорӣ, мустаҳкам намудани қобилияти мудоифавии мамлакатамон ва инкишофи Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин масъалаҳои сохтмони манзил, хоҷагии коммуналӣ, нақлиёт ва экология маҳз ҳамин гуна мушкилоти таъхирнопазирро таҳлил карда, фикру мулоҳизаҳои танқидӣ ба миён гузошта, нақшаҳои пешомаднок муайян карда шуданд.
Дар фаъолияти роҳбари давлатамон таҳлили ҳамаҷониба дар шакли кори маҷмӯӣ бино ба сарҳисоби сол усули нав мебошад. Ин ислоҳот бо мурури замон суръат пайдо кард. Барои амалӣ гардидани хоҳишу иродаи одамон роҳи васеъ кушода шуд, ҳаёти мардум тағйир ёфт ва ин ҷараён давом дорад.
Бинед, дар натиҷаи ин нақшаҳо, мақсаду орзуямон низ зиёд гардиданд. Ғояи «Мо як ҷо бошем – халқи ягонаем, муттаҳид шавем – Ватан ҳастем» ба шиорамон табдил ёфтааст. Аммо ин худ аз худ ба амал наомадааст, ё  касе аз берун омада, ба ҷо наовардааст. Бояд эътироф кард, ки ин натиҷаи заҳмати беандозаи Сарвари давлат дар  роҳи заҳматноку пурмашаққат, ҷустуҷӯҳои пайвастаи ӯ ва албатта сиёсати пурсамари як роҳбари баркамол аст, ки хидмат ба мардумро шарафи бузург меҳисобад.
Осон нест, бахусус имрӯз, ки Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ эътимоди зиёд пайдо карда, халқ бо номи Ӯзбекистон ба роҳи бузург қадам ниҳода, самти худро муайян намуд, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю эътибор пайдо кард, онҳое, ки таърихи миллати моро намедонанд ва барои аз харитаи таърих ҷустуҷӯ кардан бесаводии худро нишон дода, ба сиёсати оқилонаи роҳбарияти Ӯзбекистон фишор оварданӣ мешаванд, чуноне ки Президент гуфтааст, «Агар мо хоҳем, ки дар ҷаҳон бо номҳои «Ӯзбекистон», «ӯзбекистонӣ», «ӯзбек» зиндагӣ кунем, пас  бояд ба ин гуна ҳасадгӯйҳо ҷавоби сазовор диҳем. Дар ин бобат, албатта, ба мо суханони ниёгонӣ ҷадидамон «ягонагии забон, фикр ва кор» зарур аст. Танҳо  дар ин ҳолат мо дар муборизаҳои ғоявӣ пирӯз мегардем.
Чуноне, ки Сарвари давалат таъкид кардааст «Барои давраи нав – ғояи нав, ташаббусҳои нав ва натиҷаҳои нав лозиманд, фақат дар он сурат ба маънои том давраи нав оғоз меёбад». Ин суханон моро ба ҳушёрӣ даъват менамояд, танбалӣ, бефарқӣ ва бепарвоиро бартараф мекунанд. Ҳар кадоми моро ба ташаббускориву бунёдкорӣ ҳидоят менамоянд. Ҳама барои якдигар ҷавобгар ва масъул мешаванд.
Дарҳақиқат, дар он ҷое, ки ташаббус ҳаст, дар он ҷо натиҷа мешавад. Натиҷа чӣ қадар дақиқ ва ҳаётбахш бошад, боварӣ ба фардо ҳамон қадар бештар мешавад. Дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав, дар он зиндагӣ кардан, бо Президенти кишвар якдилу якҷо будан, ба дӯши халқе, ки худашро тағйир дода метавонад, бори ӯҳдадориеро хоҳад гузошт, ки ба тақдири миллат, давлат ва истиқлоли аҳолии Ӯзбекистон иртиботи ногусастанӣ дорад. Зеро «дар қалби ҳар инсон офтобе ҳаст, танҳо имкон бояд дод, ки он нур пошад».

Гулрух АГЗАМОВА, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.        
       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: