Тансиҳатии мардум натанҳо ба сатҳи баланди хидматрасонии тиббӣ ва фаъолияти муназзами муассисаҳои соҳаи тандурустӣ вобаста аст, балки ба тараққии соҳаи варзиш низ алоқаи ногусастанӣ дорад.
Ин аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳдошти сиҳатии мардум тарҳҳои мухталиферо роҳандозӣ мекунад ва дар робита ба тараққӣ додани намудҳои гуногуни варзиш чораҳои муассир меандешад.
Бояд гуфт, ки 30-юми октябри соли 2022 Президент фармонеро «Дар бораи татбиқи васеи чораҳои тарзи ҳаёти солим ва ривоҷ додани соҳаи варзиш» ба имзо расонида буд.
Боиси таҳсин аст, ки аз ҷониби муассисаҳои дахлдор корҳо баҳри ба амал татбиқ гардидани фармони мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар қаламрави вилоят барои «Ҷоми ҳокими вилоят» байни хонандагони синфҳои 9 то 11-и дабистонҳо аз рӯйи футбол сабқати шавқоваре баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар чорчӯби иҷро намудани фармони мазкур дар ноҳияи Ғузор низ мусобиқаҳои хотирмони футбол доир мешаванд. Дар ноҳия 81 мактаби таҳсилоти умумӣ мавҷуд буда, аз ҳар кадоми онҳо тимҳои алоҳидае ташкил шуда, байни худ вориди сабқат мегарданд.
Ноҳия ба чор сектор ҷудо шуда, дар ҳар кадоме аз секторҳо мусобиқаи футбол дар алоҳидагӣ баргузор мешавад. Дар минтақаи сектори дуюм байни дастаҳои хонандагони 28 мактаб бозии футбол доир гардид. Ин сабқат дар варзишгоҳи мактаби спорти Ғузор баргузор гашта, беш аз 400 футболбозро фаро гирифт. Интизор меравад, ки дар сабқати футболбозони дастаи омоданамудаи мактабҳои Ғузор беш аз 1000 нафар варзишгар иштирок кунад. Пас аз интихоби ниҳоӣ тимҳои ғолиб ба зинаи вилоятии сабқат роҳхат хоҳанд гирифт. Мусобиқаҳо барои дарёфти «Ҷоми ҳокими вилоят» то моҳи майи соли ҷорӣ идома хоҳанд кард.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.