ҶАШНИ «АРЧАИ ПРЕЗИДЕНТ» ДАР БУХОРО

«Арчаи Президент» барои бачаҳо ба ҷашни беғубори орзуву ормонҳо табдил ёфтааст.

Дар давоми ин тантанаҳо туҳфаҳои Президент ба хурдтаракон ҳадя мегардад, ки ин ба шодии онҳо шодӣ зам мекунад.
Дар Бухоро ҷашни «Арчаи Президент»-ии вилоят баргузор гардида, дар он тарбиягирандагони хонаҳои бачагони ҳудуд, ятимони комил, кӯдаконе, ки барои парасторӣ ва нигоҳубин гирифта шудаанд, фарзандони ходимони идораҳои ҳуқуқу тартибот, ки зимни иҷрои вазифа ҳалок гаштаанд, инчунин кӯдакони ногиро даъват гаштанд.
Ҳокими вилоят Ботир Зарифов дар ин тантана гуфт, ки роҳбари давлат ба фарзандони фардои мамлакат меҳру эътибор ва ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар зимн ҳоким кӯдаконро бо Соли нав табрик кард. Ҳоким ба таҳсили онҳо муваффақият хоста, барои фатҳи қуллаҳои баланд ҳидоят намуд.
Ба кӯдакон «Туҳфаҳои Президент» супурда шуд. Онҳо аз воситаҳои таълим ва шириниҳо иборат буд, ки қалби кӯдаконро шод намуд. Ба 538 нафар кӯдаки вилоят дар таркиби «Туҳфаи Президент» табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати ҷашни Соли нав, ширинӣ иборат аз 17 навъ, 2 навъ маҳсулоти  коргоҳӣ, соати смарт, тахтаи оҳанрабоии синф ва дигар ҳадяҳо дохил гаштааст. Инчунин ба тарбиягирандагоне, ки синнашон аз 12 боло аст, дар таркиби туҳфаҳояшон планшетҳо низ вуҷуд дорад.
Пас аз он дар саҳнае, ки «Арчаи Президент» гузошта шудааст, чорабинии маданӣ сар шуд. Бо иштироки Бобои барфӣ ва Маликаи барфӣ спектакли афсонавӣ дар иҷрои ҷамоаи эҷодии театри вилоят намоиш дода шуд, ки дар он меҳру оқибат, пирӯзии некӣ аз болои бадӣ, ҳидоят аз фарзанди инсон ба некӣ ва корҳои хайр нақл мекунад. Дар атрофи арча, ки хеле идона оро дода шудааст, рақсу шодӣ, таронаву суруд танинандоз гардида, барои бачаҳо як ҷаҳон шодиву ҳаяҷон ва кайфияти аъло ҳадя намуд.
«Арчаи Президент» нафақат дар маркази вилоят, балки дар ҳар шаҳру ноҳия тантанавор ташкил гардида, ба ин муносибат фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд, бепарастор ба он даъват гардиданд.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: