ЛОИҲАИ САЙЁҲИИ ЧИН ДАР БӮСТОНЛИҚ БА КОР ОҒОЗ МЕКУНАД

Айни замон ҳайати вакилони вилояти Тошканд, ки дар ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд, ба шаҳри Урумчӣ ташриф оварданд.

Зойир Мирзаев дар ваколатхонаи вилояти Тошканд, ки дар ҳудуди ин марказ ба кор шурӯъ кардааст, намояндагони доираҳои соҳибкориро қабул кард ва як қатор гуфтушунидҳо анҷом дод. 


Дар мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои технологияҳои баланд, инноватсия, саноат, энергетика, рушди инфрасохтор, нақлиёт, логистика, хоҷагии кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳайати вакилони вилояти Тошканд инчунин, бо фаъолияти минтақаи курортӣ, ки дар қаторкӯҳҳои Тён-Шони шаҳри Урумчӣ воқеъ аст, шинос шуданд. Дар оянда дар мавриди бунёди маскани фароғатии замонавӣ дар ҳудуди «Оқтош»-и ноҳияи Бӯстонлиқ созишҳои мусбат ба даст дароварда шуданд. Дар бораи сафари ҳайати Чин ба вилояти Тошканд моҳи феврали соли ҷорӣ ҷиҳати шинос шудан бо фазои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон ва оғози корҳои лоиҳавӣ мувофиқа карда шуд.
Арзиши ибтидоии сармоягузории лоиҳа 10 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Дар форуми сармоягузорӣ, савдо ва сайёҳии Ӯзбекистон – Чин макети хурди ёдгории меъмории ба ҷаҳон машҳури Регистон дар Самарқанд, ки дар боғи марказии шаҳри Урумчӣ сохта шудааст, намоиш дода шуд. 
Дар маросими ифтитоҳи анҷуман ҳокими вилоят Зоҳир Мирзаев суханронӣ намуда, ба мустаҳкам намудани муносибатҳои тарафайн даъват кард. Инчунин, пешниҳоди корчаллонҳои чинӣ оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

А. МУСОЕВ,
мухбири ӮзА.       

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: