ТАРҶУМОН – ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО ВА ХАЛҚҲО

Суҳбат бо узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Икром

– Мухтасар дар бораи худ маълумот медодед. Зеро хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» бо Шумо аз наздик шинос нестанд.
– Дар ҳақиқат, ман бо хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» бори аввал мулоқот мекунам ва шояд мо аз наздик шинос нестем. Вале ин маънии набудани робитаи адабӣ байни ману намояндагони адабиёти тоҷикро надорад. Баръакс, ман бо чанд адибони тоҷики Тоҷикистону Ӯзбекистон алоқаи мустаҳкам дорам. Аз ҷумла, бо адибони тоҷики тоҷикистонӣ Низом Қосим, Фарзона, Озарахш, Аҳмадҷони Раҳматзод, Акбар Абдулло, Ато Мирхоҷа, Сироҷиддин Икромӣ, Додохони Эгамзод, Назри Яздон, адибони тоҷики ӯзбекистонӣ Асадулло Шукуров, Олимҷон Давлатов, Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон), Тӯхтамиш Боқӣ, Хусрави Саъдуллоҳ, Муҳаммад Шодӣ, Илҳоми Насафӣ, Юнуси Имомназар, Нормурод Каримзода, Раҳимҷон Наимӣ ва дигарон аз наздик шинос ҳастам ва бо онҳо ҳамкорӣ дорам. 
Инҷониб 64 сол муқаддам дар деҳаи Кӯлканди Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудаам. Дар мактаби миёнаи №35 ва Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд) таҳсил намудаам. Баъди хатми донишгоҳ дар мактаби № 8 ноҳияи Ҳисор солҳои 1981-1983 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек кор кардам. Солҳои 1983-1985 дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Совет Тожикистони» (ҳоло »Халқ овози») фаъолият доштам.                 Аз соли 1986 фаъолияти меҳнатии худро дар шаҳри Тошканд идома додам. Як муддат муҳаррири барномаҳои адабӣ-драмавии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, сипас ба сифати мудири бахши тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ифои вазифа кардам. Соли 1991 аввалин китоби ашъори камина бо номи «Уфқ дарахти» («Дарахти уфуқ») дар нашриёти давлатии ба номи Ғафур Ғулом нашр гардидааст. Ҳамон сол маро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд. Баъд китобҳои «Таҳаҷҷуд», «Узлат», «Таҳаммул», «Хаёл мақбараси» («Мақбараи хаёл»)-ро дар нашриётҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон интишор додам.    
– Шуморо ин ҷо алоқамандони адабиёти тоҷик ба сифати тарҷумон мешиносанд. Китоби устод Лоиқро таҳти номи «Онагинам» хеле хуб тарҷума кардаед. Аз адабиёти классикӣ ва муосири форс-тоҷик боз осори киҳоро тарҷума кардаед? Муносибати Шуморо ба адабиёти форс-тоҷик донистан мехостем. 
– Ба назарам, ҷавобро аз саволи охирин, яъни чӣ гуна будани муносибати ман ба адабиёти форс-тоҷик, оғоз намоям беҳтар мешавад. Зеро тамоми фаъолияти тарҷумониям ба муносибати ман ба адабиёти форс-тоҷик вобастагии қавӣ дорад. Ман ба ин адабиёт меҳру муҳаббати беандоза дорам ва онро хазинаи маънавии оламиён мешуморам. Маҳз ба туфайли ҳамин муҳаббату эътирофу эътибор ман барои тарҷумаи асарҳои классикону адибони муосири тоҷик даст задаам. Тарҷума пайвандгари дилҳо ва халқҳост. Дуруст қайд кардед, ки «Модарнома»-и Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, бо номи «Онагинам» соли 2013 дар нашриёти давлатии Хуҷанд нашр намудам. Ногуфта намонад, ки «Онагинам», бино ба талаби хонандагон дар нашриёти шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд бознашр шудааст.
Соли 1988 дар китоби «Аср овози» («Садои аср») якчанд тарҷумаи ман аз эҷодиёти Фурӯғи Фаррухзод ворид шуда буд. Баъд як қатор осори насрии адибони форс-тоҷик – «Синдбоднома»-и Заҳири Самарқандӣ, «Чароғи сиёҳ»-и Муҳаммад Субҳонро тарҷума карда, бо номҳои «Хотинлар макри» ва «Қора чироқ» аз нашр баровардам. Маҷмӯаи шеърҳои Фарзонаву Озарахшро бо номҳои «Ишқ тасбеҳи» («Тасбеҳи ишқ»), «Хайрли тонг» («Субҳ ба хайр»), Нақибхон Тӯғрал «Ғазаллар» («Ғазалҳо»), Фурӯғи Фаррухзод «Қайғу гули» («Шукуфаи андӯҳ»)-ро тарҷума карда, аз чоп баровардам. Нашри китоби «Замонавий тожик шеърияти  антологияси» («Гулчини назми муосири тоҷик») низ як падидаи адабӣ мебошад. Зеро дар ин китоб тарҷума аз шеърҳои 66 нафар адиби муосири тоҷик, аз устод Абулқосим Лоҳутӣ то Нуралӣ Нурзод намунаҳо оварда шудааст. Кори назаррастарини банда дар боби тарҷума «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхии Румӣ мебошад.     
– Доир ба заҳмати тарҷума чанд сухан мегуфтед. Гоҳе дар тарҷумаи тарҷумонҳо колорити миллӣ ҳис карда намешавад. Чунин ба назар мерасад, ки гоҳе онҳо ҳангоми тарҷума забони худро ба табиат ва ифодаҳои забони мавриди тарҷума тобеъ мекунанд...
– Ба фикрам, бояд рӯҳи миллӣ дар забони тарҷумашаванда нигоҳ дошта шавад. Мутахассисони варзидаи соҳаи тарҷума борҳо таъкид кардаанд, ки бо назардошти рӯҳи миллии забони тарҷумашаванда тарҷумон бояд ба ҳолати рӯҳии муаллифу осори ӯ ворид шуда тавонад. Дар ҷараёни тарҷума фақат ба дараҷаи кофӣ донистани забони осори тарҷумашаванда кифоя намекунад. Масалан, тарҷумони ӯзбекзабон дар вақти тарҷума пеш аз ҳама бояд роҳу усулҳои дуруст истифодабарии имкониятҳои забони хешро биҷӯяд. Махсусан, тарҷумон аз адабиёти мумтози классикии форс-тоҷик ғазал, мухаммас, маснавӣ ва дигар намуди жанрҳои классикиро тарҷума карданӣ бошад, бояд дар баробари нигоҳ доштани рӯҳи нусхаи аслӣ, ба нигоҳ доштани ченакҳои вазни арӯз низ кӯшиш намояд. Дар вақти тарҷума тарҷумон ҳуқуқ дорад, ки аз ибораҳои рехта, мақолу зарбулмасал ва ифодаҳои забони хеш, ки ба маънои матни аслӣ мувофиқ меоянд, истифода барад. Ин таҷрибаро, хусусан,  дар ҷараёни тарҷумаи осор аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ё худ аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ бемалол истифода бурдан мумкин аст. Наздик будани тарзи зиндагонӣ, урфу одату анъанаҳои ду халқи бародар ба тарҷумонҳои ҳар ду забон чунин имкониятҳоро фароҳам меоварад. Аммо милликунонии асар низ мизони худро дорад. Масалан, тасвири ҳолати хурсандии мансуби миллати рус, немис ё англисро ба таври «ӯ аз ғояти хурсандӣ тоқиашро ба осмон ҳаво дод» тарҷума кардани тарҷумон ғайритабиист...
– Шеър худ тарҷума аст. Яъне то дар зеҳни шоир кор хӯрда ба рӯйи қоғаз рехтан нафосаташро то ҷое гум мекунад. Яъне, гуфтанӣ будам, ки шеърро дар забони асл хонда баҳра бардоштан лаззати дигар дорад... Чӣ гуфтед?
– Чӣ мегуфтам? Ба ин савол ба тарзи умумӣ «ҳа» ё «не», гуфта ҷавоб дода намешавад. Касоне, ки забонҳои аслии тарҷумашавандаро ба таври мукаммал медонанд, ба ин савол «ҳар гуна асарро дар забони асл хонда баҳра бардоштан лаззати дигар дорад...», гӯянд, мешавад. Аммо на ҳама забондонанд. Ашхосе ҳастанд, ки натанҳо забонҳои дигар, балки забони худро дуруст намедонанд. Дар ин ҳолат мо танҳо тавассути тарҷума метавонем аз осори халқҳои дигар баҳраманд шавем.
Албатта, тавре ки Шумо қайд кардед, шеър «то дар зеҳни шоир кор хӯрда ба рӯйи коғаз рехтан нафосаташро то ҷое гум мекунад». Хусусияти ба худ хосии забонҳо ба тарҷумонҳо имконияти ба пуррагӣ нигоҳ доштани нафосати ашъори тарҷумашавандаро дода наметавонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки нафосати асари тарҷумашуда аз аслият кам аст. Агар тарҷумон аз имкониятҳои забони хеш бархурдор буда маҳорати баланди шоирӣ дошта бошад, нафосату зебоии матни аслиро дар тарҷума нигоҳ дошта метавонад. Ҳатто тарҷумаҳое ҳастанд, ки дар онҳо руҳу нафосати нусхаи аслии шеър нафақат пурра нигоҳ дошта шудааст, балки руҳияту нафосати шеър аз аслият ҳам як қадар болотар садо додааст. Ашъори Сергей Есенинро Эркин Воҳидов ба забони ӯзбекӣ ва Лоиқу Бозор Собир ба забони тоҷикӣ хеле хуб тарҷума кардаанд. Аз ашъори Марина Светаева, Анна Ахматова тарҷумаҳои Фарзона маҳсули меҳнати пурзавқ мебошад.
– Чанде қабл дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои адабиёти тоҷик кор сар кард. Ба фикрам, дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шӯрои адабиёти ӯзбек собиқаи бештар дорад. Ба фикри Шумо ин шӯроҳо ба рушди адабиётҳои миллӣ то куҷо саҳм гузошта метавонанд? Барои ҷоннок ва пурсамар кардани кори онҳо чӣ бояд кард?
– Дар ҳақиқат, дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои адабиёти тоҷик нисбат ба Шӯрои адабиёти ӯзбек дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон каме дертар таъсис дода шуд. Ин кори хайрро бо зарбулмасали халқии «Дер ояду шер ояд» талқину дастгирӣ мекунам. Умед дорам, ки ба кор шурӯъ намудани ин шӯро қадами хайре мебошад ва ба рушди адабиётҳои миллии ҳар ду халқ саҳми назаррас мегузорад. Хидматҳои Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аллакай ба назар мерасад.
Бо ёриву дастгирии Иттиҳоди нависандагон нашри китобҳои шоирони тоҷики Ӯзбекистон, иштироки нахустини шоирони ҷавони тоҷики Ӯзбекистон дар семинари эҷодкорони ҷавони Зомин, аз тарафи шоир ва тарҷумони боистеъдод Хусрави Саъдуллоҳ бо маҳорати баланд ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани осори намояндаи барҷастаи адабиёти ӯзбек – Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва ба субут расидани дигар корҳо хидмати шӯрои навтаъсис мебошад. Барои ҷоннок ва пурсамар шудани кори он, ба назарам, бояд дар ҳамаи шуъбаҳои вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ бахши ин шӯро таъсис дода шавад. Агар таъсис дода шавад, нур болои нур мегардад. 
Ба фикрам, ҳоло танҳо дар вилояти Самарқанд таҳти роҳбарии Асадуллоҳ Шукуров бахши Шӯрои адабиёти тоҷик амал мекунад. Боз як роҳи ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ин аст, ки шӯро бо марказҳои фарҳангии тоҷикон бояд ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Барои мисол гуфтаниям, ки дар вилояти Суғд Маркази фарҳангии ӯзбекони вилоят таҳти сарварии барандаи ордени «Дӯстӣ», номзади илми педагогӣ Илҳом Юсупов беш аз даҳ сол аст, ки амал мекунад ва бо Шӯрои бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон алоқаи мустаҳкам дорад. Марказ ба туфайли бо ҳукумати Ӯзбекистон ва Маркази маънавият ва маърифати тоҷикони  вилоятҳои Самарқанду Ҷиззах алоқаи адабиро мустаҳкам ба роҳ мондан, китобҳои «Тожикистон ӯзбек адабиёти антологияси» («Гулчини адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон»), «Меҳрнома» ва дигар китобҳоро интишор дод. Китоби «Гулчини адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон» намунаи осори 49 нафар адиби шинохтаи ӯзбеки тоҷикистонӣ, китоби «Меҳрнома» бошад, намунаҳои эҷодиёти 18 нафар шоири ӯзбеки вилояти Суғд ва 18 нафар суханварони тоҷики вилоятҳои Самарқанду Ҷиззахро дар бар мегирад. 
– Доир ба робитаҳои дӯстии халқҳои ба ҳам дӯсту бародар – тоҷикону ӯзбекон, ки хишти тиллоии бинои ҳамзистии ин дӯстиро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ниҳодаанд,  чӣ гуфтаниҳое доред?
– Чи хеле ки Шумо таъкид намудед, дар ҳақиқат, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ хишти тиллоии кошонаи ҳамзистии халқҳои тоҷику ӯзбекро ниҳодаанд. Ин бузургон дар баробари асарҳои оламшумули худ, ба мо дӯстии бебаҳоро мерос гузоштаанд. Адибони бузурги ҳар ду миллат: Ғафур Ғулому Мирзо Турсунзода, Ойбеку Ҷалол Икромӣ, Абдулло Орифову Бозор Собир, Эркин Воҳидову Лоиқ Шералӣ ва дигарон  ба дӯстии ин ду халқи бародар рӯҳи тозаву мазмуни нав бахшиданд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар зиндагии ин ду халқи бародар ба туфайли кӯшишҳои сарварони мо – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон даври нав оғоз гардид ва дӯстии ӯзбекону тоҷикон мустаҳкамтар шуд. Мехостам, ки байти зерини Мирзо Турсунзода: «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо» вирди забони ҳар як тоҷикистониву ӯзбекистонӣ бошад... 
– Шумо чанде қабл сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидед. Ин мукофоти олӣ барои кадом хидматҳоятон буд?
– Каминаро бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои тарҷумаи шоҳасари олами маърифат – «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхии Румӣ сарфароз гардониданд. Аввало, барои ба назари эътибор гирифтани хидмати ночизи банда ба ҳукумати Тоҷикистон, шахсан ба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён менамоям. Инчунин, ба Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон, ба адибони шинохтаи ҳар ду кишвар, ки номзадии маро барои гирифтани ҷоизаи мазкур дастгирӣ намудаанд, арзи сипос менамоям.  
– Донистани нақшаҳои эҷодии шоир ва тарҷумони моҳир барои алоқамандони каломи бадеъ мароқангез аст...
– Хонандагони ӯзбек аз мутолиаи осори намояндагони адабиёти форс-тоҷик хушашон меояд, вале ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ихлосу таваҷҷуҳи хоса доранд. Шавқу завқи хонандагонро ба инобат гирифта, тавре ки дар боло зикр намудам, бо ҳамроҳии бародарам Сайфуллохон Қорихонов ба тарҷумаи шеърҳои шоир шурӯъ намудем ва соли 2013 китоби  «Модарнома» таҳти номи «Онагинам» рӯйи чопро дид. Ин китоб дар нашриёти шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд чанд маротиба бо теъдоди зиёд бознашр шуда бошад ҳам, талабгорони ашъори ба забони ӯзбекӣ тарҷумашудаи Лоиқ хеле зиёданд. Барои ҳамин чанд шеъри фалсафӣ ва ошиқонаи ӯро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардам ва китоби нави ашъори ӯро тартиб додаам. Ҳоло китоби нави Лоиқ бо номи «Кӯнглим дуо истар», («Дилам дуо мехоҳад») ба чоп омода аст. Агар ҳомиён пайдо шаванд, ин китоби устод низ чоп мешавад. Ҳамчунин, ашъори Муҳаммад Иқболро тарҷума кардаам, ки он ҳам омодаи нашр аст. Нақшаи асосии ман ба охир расондани баёни насрии «Маснавии маънавӣ» мебошад. Нақшаи дигарам барои хонандагони хурдсол тайёр намудани китоби панҷҷилдаи «Хамса»-и Алишер Навоист.         
– Имсол рӯзномаи «Овози тоҷик» садсола мешавад. Орзую таманноҳои Шумо ба аҳли қалам ва хонандагони ин нашрия. – Иди садсолагии рӯзномаи «Овози тоҷик» нафақат иди тоҷикони Ӯзбекистон, инчунин иди ҳамаи ӯзбекистониён ва тоҷикони  ҷаҳон аст. Аҳли қалам ва хонандагони нашрияро бо ин иди пуршукӯҳ табрику муборакбод менамоям. Таманно дорам, ки умри ҳар яки онҳо аз умри рӯзномаи дӯстдоштаашон кам набошад, табъашон шоду рӯзгорашон обод бошад. Барои зиёд намудани донишу малакаи касбии худ ва таҳким бахшидани  дӯстии халқҳои бародар саҳм гузоранд. Хомаи аҳли қалами рӯзнома ҳамеша сабз бод!    
– Барои суҳбати пурмазмун ва ҷавоб ба суолҳо ба Шумо аз номи ҳайати таҳририя ва хонандагони рӯзнома арзи сипос менамоям.                     – Саломат бошед!  

Мусоҳиб А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: