МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ ИНШООТИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 октябр бинобар чораҳои такмил додани низоми ҳифзи иншооти моликияти зеҳнӣ машварат баргузор кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 октябр бинобар чораҳои такмил додани низоми ҳифзи иншооти моликияти зеҳнӣ машварат баргузор кард.

Дар ҷараёни рушди илм ва инноватсияҳо, табдил додани дастовардҳои онҳо ба маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд барои таъмин сохтани ҳифзи муътамади моликияти зеҳнӣ аҳамияти бузург дорад. Дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоте, ки мақоми брендро соҳиб аст, дорои арзиши баланд мебошад. Дар Аврупо саҳми моликияти зеҳнӣ 45 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, дар Чин 12 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар Русия 7 фоизро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, аз ин нуқтаи назар кишвари мо аз комёбиҳои ҷаҳонӣ қафо мемонад. На идораҳои дахлдор, на роҳбарони минтақаҳо ба масъалаи моликияти зеҳнӣ эътибор медиҳанд. Дар оқибати он олимони ихтироъгар ва намояндагони соҳаҳои эҷодӣ аз кор мераванд. Дар чунин шароит муассисаҳои илмии ватанӣ имкон надоранд инноватсияҳоро самарабахш ба роҳ монанд, соҳаи саноат бошад, ба коркард ва брендҳо эҳтиёҷ дорад.
Ҳатто муроҷиатҳо барои қайди кашфиётҳои хуб, ихтироъҳои пешқадам, намунаҳои саноатӣ дар бисёр ҳолатҳо танҳо барои он ки ҳимояи кори илмӣ тезонида шавад, пешниҳод мешаванд. Талаботи мавҷудаи бақайдгирӣ низ куҳна шудаанд.
Дар машварат масъалаҳои такмил додани қонунгузории соҳа, пурзӯр кардани ҳифзи иншооти моликияти зеҳнӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои илм дар ҳар кадом идора ва соҳа баррасӣ шуданд.
Ба Вазорати адлия ва Агентии оид ба моликияти зеҳнӣ супурда шуд, ки барномаи сесолаи рушди соҳаро кор карда барояд, муҳокимаи васеи онро бо иштироки тамоми идора ва минтақаҳо, донишгоҳ ва муассисаҳои тадқиқотӣ ба роҳ монад. Зарурияти ҷорӣ намудани низоми имтиёз, рағбатноксозии муаллифони моликияти зеҳнӣ, мукофотонидани соҳибони патентҳо таъкид гардид.
Дар кишвари мо ҳар сол тақрибан 4,5 ҳазор иншооти моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла беш аз 2 ҳазор нишонҳои амволӣ ба қайд гирифта мешаванд. Чунончи, Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ тӯли даҳ соли охир 35 кашфиётро ба қайд гирифт, ки самараи иқтисодии танҳо 16-тои онҳо аз 400 миллиард сӯм гузашт. Ҳоли ҳозир бобати татбиқ сохтани ин технологияҳо бо корхонаҳои коркарди тиллои хориҷӣ гуфтушунидҳо идома доранд.
Вале чунин коркардҳо на дар кишвари мо, балки бинобар талаботи замона мувофиқат накардани низоми баҳодиҳӣ ба арзиш дар хориҷа ба қайд гирифта мешаванд. Дар натиҷа бисёр кашфиётҳо аз эътибор берун мемонанд.
Вобаста ба ин дар машварат муҳимияти ба роҳ мондани низоми тайёркунии баҳодиҳандагон якҷо бо мутахассисони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таъкид гардид.
Супурда шуд, ки дар чоряки якуми соли оянда барои патентҳои саноатӣ, ки дар онҳо иншооти моликияти хусусии соҳаҳои саноат ҷойгузин мешаванд, платформа ташкил карда шавад,ҳамчунин пойгоҳи маълумотҳо бинобар моликияти зеҳнии корхона ва мактабҳои олӣ ташаккул ёбад.
Соли гузашта дар мамлакат тақрибан 400 кашфиёт, 110 модели фоиданок, 170 намунаи саноатӣ, 36 дастоварди селексионӣ ба қайд гирифта шуданд, вале танҳо 43 ихтирои илмӣ татбиқ карда шуд. Бинобар ин баргузор намудани «бозори электронӣ»-и дастовардҳои илмӣ мувофиқи мақсад мебошад.
– Бояд ҳамкории соҳибони патентҳо ва соҳибкорон таъмин карда шавад, – зикр кард Президент.
Роҳбари давлат ба масъалаи қайди байналхалқии нишонҳои маҳаллии амвол эътибори махсус дод.
Алҳол танҳо 72 бренди ватанӣ аз чунин қайд гузаштаанд. Барои зиёд кардани ин рақам тамоми имкониятҳо мавҷуданд.
Маҳсулоти машҳур чун кордҳои Чуст, нонҳои Самарқанд, адраси Марғилон, анори Шеробод, ангури Олтиариқ ва Паркент, харбузаҳои Хоразм, хурмои Сурхондарё метавонанд ҳамчун бренди ҳудудӣ ба қайд гирифта шаванд ва фаъолона  ба бозорҳои байналхалқӣ роҳ ёбанд.
Ба Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ супориш дода шуд, ки қайди байналхалқии брендҳои маҳаллиро вусъат диҳад ва онҳоро барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баромадан дастгирӣ намояд.
Ташкил кардани тренингҳо барои соҳибкорон оид ба масъалаҳои фароҳам овардан ва ҳифз кардани моликияти зеҳнӣ дар Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд ва факултаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зарурияти коркарди барномаҳо ва майдонҳои электронӣ барои брендинги маҳсулоти соҳибкорон, дар минтақаҳо баргузор кардани бозори брендҳо таъкид гардид.
– Номи Ӯзбекистон бояд дар маҳсулоти мо, ки ба бозори ҷаҳон бароварда мешаванд, зикр гардад. Танҳо маҳсулоти дорои бренд қодир аст дар бозори хориҷӣ сазовори мақоми муносиб бошад, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид шуд, ки таҷрибаи бақайдгирии нишонҳои амволи ба брендҳои байналхалқӣ ҳамном аз ҷониби соҳибкорони алоҳида ба ворид шудани сармояҳои хориҷӣ монеъ мешаванд. Бобати ба низом даровардани фаъолият дар самти мазкур супоришҳо дода шуданд.
Боз як мушкилот – ба мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани асарҳои санъат ва адабиёт бидуни ризоияти муаллифон мебошад.
Барои мисол, дар онлайн-кинотеатрҳое, ки дар Ӯзбекистон амал мекунанду барои тамошои онҳо маблағ ситонида мешавад, беш аз 30 ҳазор филм, сериал, клип ва мултфилмҳо ҷойгузин шудаанд, вале муаллифон барои онҳо мукофоте намегиранд.
Ба Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ, Агентии оид ба моликияти зеҳнӣ супурда шуд, ки сайтҳои шавқовар, шабакаҳои радио ва телевизиони дар мамлакат ба қайд гирифташударо омӯзанд ва манфиати муаллифонро таъмин намоянд.
– Агар мо ҳифзи моликияти зеҳниро мустаҳкам кунем, ин ҳамчун пойдевори муътамад барои Эҳёи Сеюм  хизмат мекунад, – хулоса кард Президент.
Шахсони масъул бинобар масъалаҳои дар машварат баррасишуда маълумот пешниҳод карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: