ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА РУШДИ БОСУРЪАТИ САНОАТИ ХӮРОКВОРИИ ҶУМҲУРӢ ВА ТАЪМИНИ ПУРРАИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРИИ ХУШСИФАТ

Дар натиҷаи тӯли солҳои охир андешида шудани тадбирҳо дар кишвар содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2017 ду маротиба афзоиш ёфта, беш аз 10 миллион тонна сабзавот, зиёда аз 17 миллион тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва 2,5 миллион тонна маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол карда шуд.

Дар натиҷаи тӯли солҳои охир андешида шудани тадбирҳо дар кишвар содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2017 ду маротиба афзоиш ёфта, беш аз 10 миллион тонна сабзавот, зиёда аз 17 миллион тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва 2,5 миллион тонна маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол карда шуд.
Ҳамзамон пурра мувофиқат накардани маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои бехатарӣ, муносибатҳои номатлуби байни истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти озуқаворӣ ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва пешрафт ба бозорҳои нав халал мерасонанд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми коркарди меваю сабзавот, гӯшт, шир ва дигар маҳсулоти хӯроквории кишоварзӣ дар асоси стандартҳои байналмилалии сифат, ҷорӣ намудани системаи дастгирии давлатии истеҳсоли намудҳои маҳсулоти хӯроквории ватанӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазиранд, инчунин минбаъд беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории босифат ва бехатар:
1. Ба зиммаи Вазорати кишоварзӣ вазифаҳои зерини иловагӣ гузошта шаванд:
фароҳам овардани шароит барои муносибатҳои мутақобилан судманд байни корхонаҳое, ки меваю сабзавот, гӯшт, шир ва дигар маҳсулоти хӯроквории кишоварзӣ (истеҳсолкунанда) истеҳсол мекунанд ва корхонаҳои коркард, тайёркунӣ ва фурӯши ин маҳсулот;
баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти хӯроквории ватанӣ, таҳияи стратегия ва моделҳои рушди саноати хӯрокворӣ дар асоси истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи табиӣ ва иқтисодии минтақаҳо;
ташкили асбобҳо ва системаҳои нави иттилоотӣ - чораҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ оид ба дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ки бо коркарди меваю сабзавот, гӯшт, шир ва дигар маҳсулоти хӯроквории кишоварзӣ машғуланд, татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои хеле самаранок;
таҳлил ва пешгӯии таъсири вуруди сармояҳои мустақими хусусӣ ва хориҷӣ ба рушди саноати хӯрокворӣ, коркарди пешниҳодҳои дахлдор дар ин самт;
андешидани чораҳо ҷиҳати ташкили марказҳои муосири савдо ва логистикӣ, пешбурди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо, тавсеаи иқтидори содиротӣ ва коҳиш додани ҳаҷми воридот.
2. Ба мақсади иҷрои самараноки вазифаҳои иловагии бо фармони мазкур гузошташуда дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ:
дар пойгоҳи Раёсати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтор Сарраёсати рушди саноати хӯрокворӣ бо шумораи ҳадди аксари ҳайати роҳбарикунандаи  12 воҳиди штатӣ таъсис дода шавад;
вазифаи муовини вазир - сардори Саридораи рушди саноати хӯрокворӣ ҷорӣ карда шавад.
Ҳамзамон, 8 воҳиди штати Сарраёсати рушди саноати хӯрокворӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани воҳидҳои иловагии штат ташкил карда мешавад.
3. Пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар бораи интиқол додани маблағ аз Фонди рушди шаробпазии Агентии танзими бозори спиртӣ ва тамоку ва рушди шаробсозӣ ба маблағи 20 миллиард сӯм ба Фонди рушди кишоварзӣ ва таъминоти озуқавории Вазорати кишоварзӣ (минбаъд - Фонд) маъқул дониста шавад.
4. Самтҳои иловагии хароҷоти Фонд инҳо муайян карда шаванд:
пӯшонидани 50 фоизи хароҷот барои омода кардани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои нави пешомадноки истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳаҷми на бештар аз 100 миллион сӯм барои ҳар як лоиҳа;
пӯшонидани 50 фоизи хароҷоти таъмини инфрасохтор бо лоиҳаҳои нави пешомадноки ташаккулёбанда оид ба  истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳаҷми на бештар аз 100 миллион сӯм барои ҳар як лоиҳа;
пӯшонидани 50 фоизи хароҷоти барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба соҳаи истеҳсол ва коркарди амиқи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳаҷми на бештар аз 50 миллион сӯм барои ҳар як лоиҳа.
Вазорати кишоварзӣ якҷоя бо Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар муддати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тартиби андешидани чораҳои дастгирии дар ин банд пешбинишуда пешниҳод тақдим намояд.
5. Бо пешниҳодҳои Вазорати рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати молия, Агентии идораи активҳои давлатӣ ва ШХ «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» оиди инҳо розигӣ дода шавад:
барҳамдиҳии ШХ «Ӯзбекозиқовқатхолдинг»;
ба Фонд интиқол додани бақияи маблағҳо бинобар натиҷаҳои барҳамдиҳии Фонди рушд, таҷдид ва навсозии корхонаҳои саноати хӯроквории ШХ «Ӯзбекозиқовқатхолдинг».
6. Комиссияи барҳамдиҳии ШХ «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» дар таркиби мувофиқи иловаи № 1 таъсис дода шавад.
7. Вазорати молия дар асоси ҷадвал баргардонидани маблағҳои қарзии ШХ «Ӯзбекозиқовқатхолдинг»-и барҳамдодашавандаро дар назди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва бонкҳои хориҷӣ, ки таҳти кафолати ҳукумат ҷиҳати фароҳам овардани иқтидорҳо барои коркарди маҳсулоти ширӣ ҷалб шудаанд, таъмин менамояд.
8. Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ:
ҷалби васеи маблағҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалиро барои дастгирии молиявии системаи истеҳсолот, коркард ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ;
 мақсаднок расондани маблағҳои ҷалбшудаи ташкилотҳои молиявии байналмилалиро ба истеҳсолкунандагон, коркардчиён ва содиркунандагони маҳсулот дар қисмати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо таъмин кунанд.
9. Вазорати рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз соли таҳсили 2021/2022 сар карда барои тадриҷан баланд бардоштани параметрҳои фармоиши давлатӣ барои қабул ба шаклҳои рӯзона ва ғоибонаи таълими  бакалавриат  бинобар самтҳои «5321000 - Технологияи хӯрокворӣ (аз рӯи намуди маҳсулот)» ва  «5410500 — Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ибтидоии маҳсулоти кишоварзӣ (аз рӯи намудҳои маҳсулот)»-и мактабҳои таълими олии ҷумҳурӣ дар асоси эҳтиёҷоти кадрии Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор чораҳо андешанд.
Вазорати кишоварзӣ:
дар тӯли як моҳ пойгоҳи маълумотҳоро дар бораи корфармоён - объектҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёне, ки дар соҳаи самти дахлдори таҳсилот (ихтисосҳо) таҳсил мекунанд, ташаккул диҳад;
якҷоя бо Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус то 1 декабри соли 2020 тадбирҳои дахлдорро барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои пешқадам, ки таҷҳизот ва технологияҳои муосирро дар соҳаи технологияҳои хӯрокворӣ ҷорӣ кардаанд, татбиқ намоянд.
10. Бо мақсади таъмини самаранок ва саривақтии тадбирҳои дар ин қарор муайянгардида:
а) муовини Сарвазир Ӯ.Барноев:
дар тӯли як ҳафта ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод оид ба номзади баландихтисос ба мансаби муовини вазири кишоварзӣ - сардори Сарраёсати рушди саноати хӯрокворӣ, ки қобилияти дар сатҳи касбӣ иҷро намудани вазифаи ба зиммааш гузошташударо дорад, дорои дониши зарурии назариявӣ ва малакаҳои амалӣ мебошад;
дар давоми як моҳ диверсификатсияи ноҳияҳоро оид ба парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо назардошти захираҳои мавҷудаи табиӣ ва иқтисодии минтақаҳо таъмин намояд;
б) Вазорати кишоварзӣ (Хоҷаев):
дар давоми як моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарори ҳукуматро дар бораи ташкили фаъолияти Саридораи рушди саноати хӯрокворӣ пешниҳод намояд;
дар муддати як моҳ Сарраёсати рушди саноати хӯроквориро дар асоси озмун бо кадрҳои баландихтисоси дорои донишҳои зарурии назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, ки усулҳои замонавии менеҷмент ва маркетингро аз худ кардаанд, таъмин намояд;
дар давоми ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд;
дар тӯли се моҳ якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ (Норқулов) ва Кумитаи давлатии гумрук (Азимов) дар бораи намуд, хусусият, ҳаҷм, нархҳои молҳои барои саноати хӯрокворӣ воридотӣ ва инчунин дар бораи корхонаҳои ватанӣ, ки маҳсулоти мазкурро истеҳсол мекунанд, бо ҷойгиркунии пойгоҳи маълумотҳо дар вебсайти расмии худ пойгоҳи маълумотҳои доимӣ навкардамешударо созмон диҳад;
в) Вазорати кишоварзӣ (Хоҷаев) якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ (Норқулов) ва Вазорати молия (Ишметов):
дар давоми се моҳ ба Девони Вазирон оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои дастгирии ташкили марказҳои истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти хӯроквории кишоварзии марказҳои савдо ва логистикӣ ва марказҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории кишоварзӣ бо омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ пешниҳод тақдим намояд;
то 1 январи соли 2021 Барномаи васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишоварзиро барои солҳои 2021–2023 бо назардошти талаботи дохилӣ ба маҳсулоти хӯроквории кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
то 1 марти соли 2021 коркард ва тасдиқи барномаи рушди босуръати коркарди меваю сабзавот, гӯшт, шир ва дигар маҳсулоти хӯроквории кишоварзиро таъмин намояд;
г) муовини Сарвазир С.Умурзоқов барои ҷалби маблағ аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти онҳо чораҳо андешад;
д) Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо, ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар тӯли як моҳ ташаббускорони лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хӯроквориро бо назардошти захираҳои мавҷудаи табиӣ ва иқтисодии минтақаҳо муайян кунанд ва дар хариди лоиҳаҳо ёрии амалии доимӣ расонанд;
е) Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Хоҷаев) якҷоя бо Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Агентии ахбори «Дунё» барои васеъ инъикос намудани рӯйдодҳои дар қарор муайяншуда дар воситаҳои ахбори оммавӣ, бо ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ чораҳо андешанд.
11. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 апрели соли 2019 № ҚП-4292 «Дар бораи такмил додани фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мувофиқи замимаи № 2 тағйирот ворид карда шавад.
12. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 феврали соли 2016 № ҚП-2492 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи ташкили идоракунии саноати хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ» беэътибор дониста шавад.
13. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
9 сентябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: