Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ба мақсади пайваста идома додани ислоҳот дар соҳаи муносибатҳои замин, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 июни соли 2021 № ФП-6243 «Дар бораи чораҳои таъмини баробарӣ ва шаффофият дар муносибатҳои замин, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ба замин ва ба активҳои бозаргонӣ табдил додани онҳо» оғоз ёфтаанд:
1. Аз 1 марти соли 2024 ба ҷойи озмуни кушоди электронӣ ҳангоми ба иҷора додани қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ савдоҳои музоядаи электронии онлайн ҷорӣ карда шаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
а) қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ ба муҳлати сӣ сол тавассути ауксионҳои электронӣ ба иҷора дода мешаванд, ки дар он нархи ибтидоӣ дар ҳаҷми арзиши меъёрии қитъаи замин муқаррар карда мешавад;
б) омода намудани мавод барои гузоштани қитъаҳои замин ба савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ то ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ бо тартиби барои озмуни кушоди электронӣ муқарраршуда амалӣ гардонда мешавад, гузаронидани савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ бошад, тибқи тартиби ташкил ва гузаронидани савдоҳои музояда сурат мегирад;
в) ба ғолибони савдоҳои музоядаи электронии онлайн оид ба иҷора додани қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ иҷозат дода мешавад, ки арзиши қитъаи заминро ҳар моҳ бо ҳиссаҳои баробар ба муддати се сол пардохт намоянд;
г) ба шаҳрвандоне, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил карда шуда, онҳо ғолибони савдоҳои музоядаи электронии онлайн оиди ба иҷора додани замини таъиноти кишоварзӣ барои пеш бурдани хоҷагии фермерӣ, боғдории хусусӣ, полизпарварӣ ва чорводорӣ мебошанд, иҷозат дода мешавад, ки арзиши қитъаи заминро бо муҳлатдиҳии бефоиза дар ҳиссаҳои баробар дар давоми панҷ сол пардозанд;
д) маблағҳое, ки аз фурӯши ҳуқуқи иҷора тавассути савдоҳои электронии онлайн ба даст омадаанд, баъди бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳои иҷора, бо назардошти пардохти хидматрасонии операторӣ бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд:
10 фоиз – ташкилотҳои низоми Вазорати кишоварзӣ (2 фоиз – ҶММ «Маркази рақамисозии агросаноат», 3 фоиз – Донишкадаи илмию лоиҳавии «Ӯздаверлойиҳа», 5 фоиз – Фонди рушди кишоварзӣ ва таъминоти озуқаворӣ);
якуним баробари андозаи арзиши асосии ҳисоб – ба ҳисобсурати мақомоти бақайдгирандаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин;
маблағи боқимонда – ба буҷаи маҳаллии ноҳияи (шаҳри) дахлдор.
3. Вазорати кишоварзӣ якҷоя бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, Агентии оид ба кадастр ва Агентии оид ба идоракунии активҳои давлатӣ ба муҳлати то 1 марти соли 2024 инҳоро таъмин намоянд:
ба савдои музоядаи электронии онлайнӣ гузоштани 15 626,8 гектар қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ (ба нуқтаҳои аҳолинишин наздик, таъминоти обаш хуб, маҳсулнокиаш баланд, майдонаш чун одат бо тақсимоти контурҳои майдонаш беш аш 5 гектар ба лотҳо то 1 гектар) мувофиқи замимаи №1;
ба таври автоматӣ аз 1 марти соли 2024 ба савдои музоядаи электронии онлайнӣ гузоштани қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ, ки қаблан ба озмуни кушоди электронӣ гузошта, ғолибони онҳо муайян нашуда буданд.
4. Аз 1 марти соли 2024 сар карда ба иҷорагирони қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ иҷозат дода шавад, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро (кирояи дубора) оид ба қитъаҳои замини ба иҷора гирифташуда ба шахси дигар бидуни тағйир додани мақсади истифодаи қитъаи замин супоранд. Дар ин бобат:
иҷорагир вазифадор аст, ки қитъаи заминро на камтар аз се сол худаш истифода барад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин банд на камтар аз панҷ сол, ин муҳлат аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқи иҷора ҳисоб карда мешавад;
ба шахси дигар додан (иҷораи дубора)-и қитъаҳои замин, ки ба шахсони ҳуқуқӣ бевосита бинобар қарори мақомоти давлатӣ бидуни гузарондани савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ, озмуни кушоди электронӣ ё конкурс дода шудаанд, баробари гузаштани панҷ сол аз лаҳзаи қайди давлатии ҳуқуқи иҷора роҳ дода мешавад;
иҷорадиҳанда ӯҳдадор аст, ки пардохтҳои якдафъаинаи иловагиро, ки мувофиқи муҳлатҳои иҷора аз рӯйи натиҷаҳои озмуни кушоди электронӣ мутаносибан тақсим мешаванд, ё пардохтҳое, ки аз рӯйи натиҷаҳои савдоҳои музоядаи электронии онлайн пардохт мегарданд, амалӣ намояд.
5. Қарори Шӯрои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз 13 декабри соли 2023 №3787-IV/ҚМ-642-IV «Дар бораи омӯзиши ҳолати истифодаи оқилона ва самарабахши замин дар ҷумҳурӣ, инчунин минбаъд баланд бардоштани самарабахшии назорати шӯроҳои маҳаллӣ дар самти мазкур» ба эътибор гирифта шавад.
Ба Шӯроҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и депутатҳои халқӣ ваколат дода мешавад, ки дар давраи то 31 декабри соли 2024 дар сессияҳои худ самарабахшии истифодаи қитъаҳои замини таъиноти кишоварзиро, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқашон нопурра мебошанд, аз рӯйи ҳуҷҷат ва майдони дарамал аз якдигар фарқ мекунанд, барои ҳуқуқи истифодаи доимӣ ҷудо шудаанд, амалан бидуни оид ба сабабҳои зикршуда гузарондани бақайдгирии давлатӣ истифода мешаванд, омӯхта, оид ба инҳо қарор қабул кунанд:
дар бораи ба имзо расондани шартномаи иҷораи замин (ворид намудани тағйироту иловаҳо ба шартномаи иҷора) байни ҳокими ноҳия (шаҳр) ва истифодабарандагони замин;
дар бораи андешидани чораҳо оиди ба захира баргардондани қитъаи замин.
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд то 31 декабри соли 2024 оид ба қайди давлатии ҳуқуқи иҷора ба қитъаҳои замин, ё ки ба захира баргардондани замин бинобар тамоми қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ дар ҳудудҳои худ, ки аз рӯйи онҳо қайди давлатии ҳуқуқ ба замин корбурд нашудааст, вале онҳо амалан истифода мешаванд, чораҳо андешанд.
6. Муқаррар карда шавад, ки пардохтҳои ҷубронӣ барои ҷуброни зарари истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал барои заминҳои обёришавандаи таъиноти кишоварзӣ дар ҳамаи ҳолатҳо ба истиснои ҳолатҳои мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ пурра аз ҳамаи шахсон ситонда шаванд.
7. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он дар сурати иҷро нашудани ӯҳдадории гаравдеҳ, ки бо гарав барои қитъаи замин таъмин шудааст, бидуни тағйир додани мақсади истифодаи қитъаи замин ба иҷора барои муҳлати боқимондаи амали иҷораи қитъаи замин ба воситаи савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин бобат:
ризоияти (гирифтани хулоса)-и мақомоти ваколатдор барои ба савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ гузоштани ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин талаб карда намешавад;
маблағе, ки аз фурӯши ҳуқуқи иҷора дар савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар ба даст омадаанд, дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, тақсим карда мешаванд.
8. Тартиби бевосита ба кластерҳои агросаноатӣ додани қитъаҳои замин аз ҷониби Девони Вазирон бекор карда шавад. Дар баробари ин кластерҳои агросаноатӣ метавонанд қитъаҳои заминро ба воситаи савдоҳои музоядаи электронии онлайнӣ ё бо роҳи хоста гирифтани пешниҳоди беҳтарин барои татбиқи лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ ба иҷора гиранд.
9. Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо, Вазорати адлия дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарори Ҳукумат дар бораи сода гардондани тартиби хостагирии пешниҳодҳои беҳтаринро барои татбиқи лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ оиди такмил додани тартиби ҷудо кардани қитъаҳои замин ба корхонаҳо бо иштироки сармояҳои хориҷӣ тақдим намоянд.
Дар баробари ин аз ҷониби иҷорагир ба Буҷаи давлатӣ ворид намудани маблағ ба миқдоре, ки дар коэффисиентҳо нисбат ба арзиши бозоргонии ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин муайян шуда, аз ҷониби ташкилоти баҳодиҳӣ муайян карда мешавад, дар ҳолати додани қитъаи замини мазкур бевосита ба иҷора ба корхонаҳо бо иштироки сармояҳои хориҷӣ, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ бо роҳи хоста гирифтани пешниҳодҳои беҳтарин барои татбиқи лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ ба назар гирифта шавад.
10. Вазорати адлия якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намоянд.
11. Тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 ворид карда шаванд.
12. Ба зиммаи муовинони Сарвазир Ҷ. А. Ҳоҷаев ва Ҷ. А. Қӯчқоров, вазири кишоварзӣ И. Ю. Абдураҳмонов барои ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
Барои иҷрои Фармони мазкур мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.
Ш. МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Шаҳри ТОШКАНД,
18 январи соли 2024