«ОДАМОНИ ХУБ БИСЁРАНД, К-ИН ОЛАМ БАПОСТ»

Оре, ба ин гуфтаҳои шоир сад дар сад розӣ нашуда наметавонӣ.

Дар ҳақиқат одамони хуб, ободкору саховатпеша зиндагии моро рангу таровати тозаву тар мебахшанд. Ба ҳамзамонон рӯҳи тоза ва дилгармие ба ҳаёт эҳдо мекунанд. Агар бо чунин ашхос ҳамсуҳбату ҳамнишин ва махсусан ҳамсафар бошед, ин омади бузургест. Иттифоқ афтод, ки бо Абдулҳамид якчанд бор дар ҷамъомаду маҳфилҳои ёру дӯстон, соҳибкорон ҳамсуҳбат бошам. Ин марди ҳалиму меҳрубон бо самимияту хоксорӣ ва фурӯтании хеш касро дар ҳайрат мегузорад. Ба дилу дида роҳ меёбад. Камина баъди мулоқоти зиёд бо ин марди наҷиб ният доштам, ки хотираҳои худро рӯйи коғаз оварам. Дар Маскав будам, дӯстам Мирфайёз Султонов, ки бо қаҳрамони ин лавҳа чандин сол инҷониб ҳамкорӣ дорад, занг зада хабар дод, ки дар бораи Абдулҳамид китобе омода мекунад. Дар он оид ба фаъолияти соҳибкорию ҷамоатчигии ӯ сухан рафта, баробари ин баъзе хотираҳо аз забони дӯстону ҳамкоронаш гирд оварда мешаванд. Азбаски фурсат каму имкони муфассалбаёнӣ набуд, «хӯшае аз хирвор» гуфта, навиштани ин чанд саҳифаро муносиб донистам.
* * *
Абдулҳамид боре дар як нишаст иброз дошт, ки насиб бошад, ба наздикӣ сафари Умра мекунад. Мо, албатта, ба ӯ сафари нек ва роҳи сафед хостем. Вале ҳеҷ хаёл накарда будам, ки дар ин сафар ба ӯ ҳамроҳ мешавам.
Беҳуда нагуфтаанд, ки «шахсро дар сафар бишнос». Ман ба хулосае омадам, ки Абдулҳамид дар одобу рафтор, муошират, пос доштани иззату ҳурмати куҳансолон бесобиқа аст. Шояд ин таъсири муҳити оила ва ҷойи зисту аҳли он бошад. Дар ӯ аз ғуруру ҳавобаландиеро, ки собиқ коркунони мақомоти қудратӣ ва соҳибкорони муваффақ доранд, заррае наметавон  эҳсос кард. 
* * *
Абдулҳамид дар соҳибкорӣ, метавон гуфт, мактаби хоси худро дорад. Ӯ дар ҳар куҷо объектҳои истеҳсолӣ, тиҷоратии хешро васеъ карда, ба садҳо ҷавонон ва занону духтарони маҳаллӣ ҷойи кор омода мекунад. Албатта, «гӯшт бе устухон намешавад», баъзеи онҳо ба пули бедарди миён майл кардаву ба роҳҳои хато рафта, дар ҳаққи ӯ хиёнат ҳам кардаанд. Ӯ одати аз касе дилмонда шудану кина парваридан надорад. Ин хислат ба ӯ аз падари бузургвораш Ҳоҷӣ Ҳайит сироят кардааст. – Бадро ҳаволааш ба Худо,– мегуфт падар ва ин рубоиро меовард:
Гар дар дилат аз касе шикоят бошад,
Дарди дили ту аз ӯ бағоят бошад.
Зинҳор ба интиқом машғул машав,
Бадро бадии худаш кифоят бошад.
Ин андарзи қиблагоҳи падари азиз шиору мароми ҳамешагии кори Абдулҳамид аст. Вай насиҳати падарро гирифта, аз хурдӣ ба хондан меҳр баст. Мактаби миёнаро хубу аъло ба итмом расонда, донишашро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сайқал дод. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ ба қавле, аробаашро худаш кашола мекардагӣ шуд.
БИНОИ ДӮСТӢ
Имрӯз ин марди ободгар дар шаҳри Тошканд иқомат дорад ва ба ободкорию соҳибкорӣ машғул аст.
Дар мавзеи «Тошкент-ситӣ» маҷмаи бузурги тиҷоратию соҳибкорӣ бо меҳмонхонаи ҳозиразамон барои 350 ҷой бунёд меёбад, ки дар арафаи ба истифодасупорист. Дар сохтмони ин бинои муҳташами замонавӣ тақрибан 150-200 нафар бинокорон кор мекунанд. Он бояд дар арафаи 35-солагии истиқлол ба истифода дода шавад.
Беҳуда нест, ки объекти мазкурро намунаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек медонанд, он дар мадди назари ду ҷумҳурӣ қарор дорад. Камина охири моҳи майи соли ҷорӣ дар меҳмонии Абдулҳамид Муъминов будам ва шоҳиди он гаштам, ки сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раисони судҳои Конститутсионии Ӯзбекистону Тоҷикистон аз рафти сохтмон қаноатмандии хешро баён карданд. Меҳмонон аз соҳибкорону тоҷирони истаравшании муқими Ӯзбекистон хеле сипосгузор буда, қайд карданд, ки онҳо дар ободию рушди корҳои маданиву маърифатӣ саҳми арзанда мегузоранд. 
КӮРАИ ОДАМГАРӢ
Абдулҳамид Муъминов ба кадом шаҳру ноҳия наравад, кӯшиш мекунад, ки дар ҷараёни сафари корӣ дӯст пайдо кунад. Имрӯз ӯ қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамкорону дӯстони наздик дорад. Дар Қазоқистону Русия ва дигар мамлакатҳои дуру наздик ҳам ӯро чун соҳибкори варзида мешиносанд. 
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳангоме  ки дар мактаби миёна мехондам, бародари калониям шодравон Азизҷон, ки ба шаҳри Тошканд тез-тез рафта меомаданд, вақтҳои таътили тобистона баъзан маро ҳамроҳ ба тамошои Тошканд мебурданд. Қисса мекарданд, ки тоҷирони истаравшанӣ дар ин ҷо нуфузи хуб доранд. Номи баъзеи онҳоро ба забон меоварданд, ки дар байнашон Ҳабибуллоака, марҳум Неъматуллоака ва соҳибкорон Искандар, Абдуманнон, Хуршедҷон ва даҳҳо дигарон буданд.
Ман, албатта, аз ин хурсанд мешудам, ки мардони истаравшанӣ берун аз диёри худ соҳиби обрӯю эътиборанд. 
Инро бинед, ки ҳамсабақам, дӯсти бачагиям Муродҷон Мақсудов ҳам баъди хатми мактаби миёна бо аҳли оила ба Тошканд омада, таҳсили илм кард ва дар соҳаи савдо ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Ӯ  дар маркази Тошканди азим маркази тиҷоратӣ барпо карда, номашро ба хотири зодгоҳаш «Истаравшан» гузоштааст. 
Алҳол  Муродҷон Мақсудов садҳо нафар шогирд дорад. 
Ба наздикӣ Абдулҳамид ба Истаравшан омад, хеле вазн партофта буд. Сабаб пурсидам. Гуфт, ки тақрибан нон намехурад. Ӯ ба Истаравшан ояд, ҳатман дар чойхона ош фармуда, ҳамаи ёру дӯстон, ҳамкоронашро даъват мекунад. Дар ошхӯрӣ ҳам бад не, гӯшту равғани Истаравшан ба ош маззаю лаззати дигар мебахшад, гуфта ҳай-ҳайю бай-байгӯён «мепечонад». 
Ин «хӯшае аз хирвор»-ро бо мисраи дуюми сарлавҳа:
«Кори олам буду бошад, з-одамони рост, рост!»
хотима мебахшам.

Юсуфҷон АБДУРАҲИМОВ, 
узви Иттиҳоди 
журналистони Тоҷикистон, 
собиқадори меҳнат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: