ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ДАСТГИРИИ АҲОЛӢ ВА СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Фармон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 марти соли 2020 №ФП - 5969 "Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба нарм гардондани таъсири манфӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт пандемияи коронавирус ва бӯҳрони ҷаҳонии глобалӣ" ва аз 3 апрели соли 2020  №ФП - 5978 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии аҳолӣ, бахшҳои иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ да давраи пандемияи коронавирус” оид ба тавсеаи дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, таъмини бомаблағтаъминкунии мӯътадили соҳаҳои иқтисодиёт чораҳо  андешида мешаванд.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ имтиёз ва сабукиҳо дода шуданд, пардохти бемамониати музди меҳнати кормандони ташкилотҳо, ки  аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағгузорӣ мешаванд, инчунин нафақа, стипендия ва кӯмакпулӣ таъмин карда шуданд.

Бо мақсади таъмин кардани дастгирии иловагии шахсоне, ки манбаъҳои асосии даромади худро дар давраи муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус аз даст додаанд, табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ:

1. Муақаррар карда шавад, ки аз 1 апрели соли 2020 то 1 октябри соли 2020:

а) беподош ба Фонди ҷамъиятии хайрияи Ӯзбекистон “Маҳалла”, Бунёди “Саховат ва кӯмак”, Фонди ҷамъиятии « Меҳр-шафқат ва саломатӣ»-и Ӯзбекистон, аз ҷумла филиалҳои онҳо дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, инчунин шахсони ҷисмонии ба рӯйхати шахсони ҷисмонии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд воридгардида, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият давлатӣ дар маҳалҳо ташаккул меёбанд, додани:

воситаҳои пулӣ  ва молҳо (хизматрасониҳо)  ҳангоми ҳисоб кардани андози  даромад ба сифати хароҷоти тарҳшаванда ҳисобида мешаванд;

молҳо (хизматрасониҳо) аз андози арзиши иловагӣ  озод карда шуда ва ба объекти андозбандӣ аз андози муомилот дохил карда намешаванд;

б) кӯмакҳои беподош (маблаҳои пулӣ, мол ва хизматрасонӣ), ки аз Фонди ҷамъиятии хайрияи Ӯзбекистон “Маҳалла”, Фонди  “Саховат ва кӯмак”, Фонди ҷамъиятии «Меҳр-шафқат ва саломатӣ» -и Ӯзбекистон, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ гирифта мешаванд,  агар  шахсони кӯмакгиранда ба рӯйхати шахсони ҷисмонии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо ташаккул меёбанд,  дохил карда шудаанд, ба сифати даромади шахси ҷисмонӣ ҳисоб карда намешаванд;

в) ба шахсони ҷисмонӣ ҳуқуқи таъхири бефоиза бинобар пардохти андози даромади шахсони ҷисмонӣ, ки  аз ба иҷора додани биноҳои истиқоматӣ ба шахсони ҷисмонӣ ва биноҳои ғайриистиқоматӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ, ки фаъолияташон дар давраи пандемияи коронавирус боздошта шудааст, ба даст меоранд,  дода мешавад. Бо ин  маблағи оид ба  пардохти андози даромади шахсони ҷисмонӣ таъхирдодашаванда бо ҳиссаҳои баробар то 1 апрели соли 2021 пардохт карда мешавад;

г) маблағи даромадҳои фоизӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои лизинг ҳисоб карда ва ба таъхир гузошта шудаанд, ҳангоми ҳисоб кардани андози даромад дар давраи таъхири додашуда ба маҷмӯи даромад дохил карда намешавад;

д) тартиби аз ҷониби Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ҷуброн намудани  хароҷоти фоизӣ бинобар қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба шартномаҳои қарзии мавҷудаи субъектҳои соҳибкорӣ низ татбиқ карда мешавад.

2. Тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он дар соли 2020 миқдори ёрии моддӣ, ки ба ходим пардохта шуда,  аз даромади шахсони ҷисмонӣ андоз ситонда намешавад, аз 4,22 то 7,5 баробари музди меҳнати камтарин зиёд гардонда шавад.

3. Бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз ҳисоб баровардани ҷамъи қарзи нафақахӯрон барои нафақаҳои барзиёд пардохтшуда, ки дар натиҷаи санҷишҳо оиди  дуруст таъин кардан ва пардохти нафақа муқаррар шудааст, то 20 апрели соли 2020 розигӣ дода шавад.

4. Муайян карда шавад, ки аз 1 майи соли 2020 нафақаҳо ба нафақахӯрони коркунанда бевосита аз ҷониби Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молия (ба истиснои шахсоне, ки аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нафақа мегиранд) пардохт карда мешаванд.

5. Муқаррар карда шавад, ки мўҳлати пешниҳоди батаъхиргузории бефоиза (муҳлатдиҳӣ) оид ба пардохти андоз  бо тартиби соддакардашуда, ки дар банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 апрели соли 2020 №ФП - 5978 «Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус” пешбинӣ шудааст, то 31 декабри соли 2020 дароз карда мешавад.

Ба эътибор гирифта шавад, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳуқуқ доранд, мӯҳлатеро мустақилона муайян намоянд, ки дар тӯли он маблағи минбаъдаи андоз, ки ба онҳо батаъхиргузорӣ (муҳлатдиҳӣ), вале на бештар аз ду сол дода мешавад, пардохта мешавад.

6. Вазорати молия дар муддати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд,  таклифот пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ж.А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон         Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд, 27 апрели соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: