ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА БЕҲТАР ГАРДОНДАНИ СИФАТИ ХИДМАТРАСОНИИ ТИББӢ БА АҲОЛӢ ВА МИНБАЪД БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ КАДРӢ ДАР СОҲАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ ва васеъ намудани иқтидори захиравии муассисаҳои тандурустии минтақаҳо, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, инчунин такмил додани системаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб:

Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ ва васеъ намудани иқтидори захиравии муассисаҳои тандурустии минтақаҳо, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, инчунин такмил додани системаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб: 
1. Ба Вазорати молия дар солҳои 2021-2022 дар асоси дархостҳои он дар асъори миллӣ дар ҳамарзиши то 100 миллион доллари ИМА бинобар ставкаи 2 фоизи солона аз ҳисоби маблағҳои Фонди таҷдид ва рушд барои хариди  таҷҳизоти замонавии тиббӣ барои муассисаҳои тиббии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва вилоятӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони онҳо дар муассисаҳои тиббии пешбари хориҷӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо карда шавад. Ҳамзамон, ин маблағҳо ба мӯҳлати 3 сол аз рӯзи пешниҳоди дархостҳо аз ҷониби Вазорати молия дода мешаванд. 
2. Вазорати молия ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд маблағе, ки дар банди 1 қарори мазкур пешбинӣ шудааст, ба сифати қарзи буҷа мувофиқи дархости асоснокшудаи онҳо ва бо шарти аз рӯи ставкаи муқарраргардида ба мӯҳлати на бештар аз 3 сол ҷудо намояд. Дар баробари ин, Вазорати молия метавонад маблағҳои қарзиро барои муҷаҳҳаз гардонидани марказҳои махсуси илмию амалии тиббии ҷумҳуриявӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисони онҳо дар муассисаҳои тиббии пешрафтаи хориҷӣ равона намояд.
3. Муайян карда шавад, ки: 
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо раёсатҳои дахлдори ҳудудии нигаҳдории тандурустӣ дар асоси гузарондани инвентаризатсия эҳтиёҷот ба таҷҳизоти тиббиро дар қисмати ҳар як минтақа ва муассиса муайян менамояд ва ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ барои мувофиқаи рӯйхати таҷҳизот, ки аз ҳисоби маблағи қарз харид карда мешавад, тақдим менамояд;
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд таҷҳизоти тиббиро аз рӯи рӯйхати мувофиқашуда харид мекунанд. Бо ин ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «O‘zmedimpeks»  метавонад ба сифати агент ба раванди мазкур ҷалб карда шавад; 
супориши техникӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои хариди техникаи тиббӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази экспертизаи маҷмӯии лоиҳаҳо ва шартномаҳои воридотӣ» (минбаъд – Марказ) аз муоинаи маҷмӯӣ мегузаранд;
Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои истифодаи самарабахш ва мақсаднок, инчунин сари вақт баргардондани маблағи қарзи ҷудошуда шахсан ҷавоб медиҳанд; 
рӯйхати кормандони тиббӣ, ки ихтисосашонро дар хориҷ такмил медиҳанд, аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар асоси озмун ташаккул меёбанд ва бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии мутахассисони қобилиятнок ва соҳибистеъдоди тиббӣ ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои тиббӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 майи соли 2021 № ФП-6221 созмон дода шудааст, тасдиқ карда мешавад. 
 Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд рухсат дода мешавад, ки бо шарти баргузор намудани экспертизаи маҷмӯӣ дар Марказ ба мақсади такмили ихтисоси мутахассисони муассисаҳои тиббии  минтақаҳо дар муассисаҳои тиббии бонуфузи хориҷӣ шартномаҳои бевосита имзо кунанд.
4. «Харитаи роҳ» оид ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии муассисаҳои тиббии давлатии ноҳия (шаҳр) ва вилоятҳо мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
5. Палатаи ҳисоб (Б. Турабов) аз болои ҷараёни хариди таҷҳизоти тиббӣ ва истифодаи самараноки он дар доираи қарори мазкур назорати доимӣ муқаррар намуда, дар ҳар се моҳ ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот пешниҳод намояд. 
6. Ба зиммаи Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, вазири нигаҳдории тандурустӣ Б. А.  Мусаев ва вазири молия Т. А. Ишметов барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
Баррасии рафти иҷрои қарори мазкур, амалӣ гардондани мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилоти барои иҷрои он масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.
Дар бораи натиҷабахшии чорабиниҳои амалишаванда Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 июли соли 2022 хабардор карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
11 ноябри соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: