ДАР БОРАИ ТАСДИҚ КАРДАНИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ИЛМ ТО СОЛИ 2030

Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, истифодаи васеи нерӯи илмию инноватсионӣ бо сафарбаркунии пурраи захираҳои илмию зеҳнӣ ва молиявӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ислоҳоти пайвастаи илм барои пешомад, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мустақилфикр, дорои дониши замонавӣ, ба сатҳи сифатан нав боло бардоштани корҳо оид ба навсозии инфрасохтори илмӣ, инчунин мувофиқи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳур

Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, истифодаи васеи нерӯи илмию инноватсионӣ бо сафарбаркунии пурраи захираҳои илмию зеҳнӣ ва молиявӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ислоҳоти пайвастаи илм барои пешомад, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мустақилфикр, дорои дониши замонавӣ, ба сатҳи сифатан нав боло бардоштани корҳо оид ба навсозии инфрасохтори илмӣ, инчунин мувофиқи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ»:
1. Консепсияи рушди илм то соли 2030 (минбаъд Консепсия номида мешавад), инчунин нишондиҳандаҳои мақсаднок ва индикаторҳои  Консепсия мутобиқи замимаҳои №№ 1 ва 1а тасдиқ карда шаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки Консепсия, нишондиҳандаҳои мақсадноки он аз ҷумла инҳоро дар бар мегиранд:
а) дар самти такмили низоми идоракунии соҳаи илм:
татбиқи системаи рейтингии миллӣ, ки ба арзёбии самаранокии фаъолияти илмию инноватсионии ташкилотҳои илмӣ нигаронда шудааст;
беҳтар гардондани шарикии иҷтимоии байни давлат ва ташкилотҳои илмӣ тавассути рушди системаи худидоракунӣ дар илм, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар доираи он;
б) дар самти такмили системаи маблағгузории илм ва фаъолияти илмӣ, инчунин диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ:
то соли 2025 6 маротиба, то соли 2030 10 маротиба нисбат ба ММД афзоиш додани  ҳиссаи ҳамаи маблағҳое, ки ба илм ҷудо карда мешаванд;
то соли 2025 аз 8 фоизи имрӯза то 20 фоиз, дар соли 2030 — ба 30 фоиз расондани ҳиссаи маблағҳое, ки аз ҷониби сектори хусусӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавиву конструкторӣ дар ҳаҷми умумии маблағгузории илм ҷудо карда мешаванд;
дар соли 2021 таъсис додани ду, дар соли 2025 –  даҳ  фонди венчурӣ якҷоя бо ширкатҳои пешрафтаи сармоягузории хориҷӣ бо мақсади маблағгузории коркардҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои стартап;
в) дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва муҳандисӣ ва ба самти фаъолияти илмӣ равона намудани онҳо:
то соли 2025 то 45 сол, то соли 2030 – то 39 сол расонидани синну соли миёнаи унвонҷӯҳои ташкилотҳои илмӣ;
то соли 2025 2 маротиба, то соли 2030 – 3 баробар афзоиш додани ҳиссаи кормандони баландихтисоси илмӣ (номзадҳои илм, доктори фалсафа ва илмҳо) дар шумораи умумии унвонҷӯёни то 39-сола;
г) дар самти ташкили инфрасохтори муосири рушди илм:
то соли 2025 3,5 маротиба, то соли 2030 – 9 маротиба зиёд гардондани ҳиссаи хароҷоти ташкилотҳо барои навовариҳои технологӣ, ки бо саъйи худашон дар маҷмӯи хароҷот барои навовариҳои технологӣ дар соҳаи таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳо амалӣ шудаанд;
то соли 2021 то 60 адад расондани шумораи резидентҳои технопарки инноватсионии Яшнобод, дар ин замина васеъ кардани номгӯ ва зиёд гардондани ҳаҷми маҳсулоти инноватсионӣ бо ташкили зиёда аз 720 ҷойҳои нави корӣ;
ташкили 7 маҷмӯи замонавии лабораторӣ ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо таҷҳизоти ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалии GLP ва GMP;
д) ба самти ташаккули муҳити замонавии иттилоотии барои рушди илм мусоид:
ташкили портали миллии илмӣ;
ҷорӣ намудани рейтингҳои олимон, ташкилот ва манбаъҳои иттилооти илмию техникӣ.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
мутахассисони ҷавони дорои малакаҳои идоракунии системаи илм ва донишҳои иқтисодӣ ба вазифаҳои роҳбарони ташкилотҳои илмӣ ба тариқи афзалиятнок таъин карда мешаванд;
аз 1 январи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври доимӣ системаи таълим ва такмили ихтисоси роҳбарони ташкилотҳои илмӣ ҷорӣ карда мешавад;
аз 1 январи соли 2021 дар ҳар як ташкилоти илмӣ дар ҳудуди шумораи умумии ҳайати роҳбарикунанда вазифаи мушовир оид ба илм ва фаъолияти илмӣ ҷорӣ карда мешавад, ки ба он арбобони маъруфи илмӣ ва олимони бонуфуз таъин карда мешаванд ва ин мушовир инчунин Шӯрои илмии ташкилотро роҳбарӣ мекунад;
дар ҳар як соҳаи илм бо мақсади ташаккул додан ва таъмин кардани фаъолияти самарабахши ин соҳаҳо, инчунин баланд бардоштани масъулияти мактабҳои илмӣ, арбобони илмӣ ва олимони варзида дар ин самт ҷамоаҳои илмӣ таъсис дода мешаванд;
дар соли 2021 аудити фаъолияти илмию инноватсионии ҳамаи ташкилотҳои илмии давлатӣ бо ҷалби ширкатҳои экспертҳои мустақили байналмилалӣ аз ҳисоби маблағи Фонди дастгирии рушди инноватсионӣ ва ғояҳои нав гузаронида мешавад;
роҳбарони (муовинони якуми) тамоми мақомоти идораи давлатӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагидории сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамзамон барои рушди илм ва фаъолияти инноватсия масъуланд, кори ташкилотҳои тобеъро дар ин самт ҳамоҳанг мекунанд.
4. Бо мақсади дастгирӣ ва ба таври васеъ ҷалб намудани ҷавонони боистеъдод ба илм, ки дар минтақаҳо ба фаъолияти илмӣ машғуланд, инчунин созмон додан  ва баланд бардоштани иқтидори илмии мактабҳои бонуфузи илмӣ аз 1 январи соли 2021 барномаи «Зудҳаракатии академӣ» ҷорӣ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки дар доираи барномаи «Зудҳаракатии академӣ»:
грантҳо барои ҳавасмандгардонии ғояҳои илмии ҷавонони боистеъдод, ки ба фаъолияти илмӣ машғуланд, ташкили таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддати онҳо дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва марказҳои илмӣ аз ҳисоби Фонди дастгирии ҷавонони боистеъдоди Академияи ҷавонон ҷудо карда мешаванд;
ба ин  табақаи ҷавонон ҳуқуқи истифодаи ройгон аз таҷҳизоти муосири илмии ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин воҳидҳои илмии назди вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дода мешавад.
Вазорати рушди инноватсионӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор то 1 декабри соли 2020 бо тартиби муқарраргардида ба Девони Вазирон лоиҳаи қарори Ҳукуматро дар бораи татбиқ намудани барномаи «Зудҳаракатии академӣ» пешниҳод намояд.
5. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
«Харитаи роҳ» оид ба дар солҳои 2020-2022 татбиқ намудани Консепсияи рушди илм то соли 2030 (минбаъд – «Харитаи роҳ») мувофиқи замимаи №2;
Параметрҳои мақсадноки васеъ намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ барои илм ва корҳои илмию тадқиқотӣ дар солҳои 2021–2023 (минбаъд – Андозаҳои мақсаднок) тибқи замимаи № 3;
Нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба оид ба ноил шудан ба параметрҳои мақсадноки васеъ намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаи илм ва корҳои илмию тадқиқотӣ дар солҳои 2021–2023 (минбаъд — Нақшаи чорабиниҳо) мутобиқи замимаи №4.
6. Аз 1 январи соли 2021 Системаи ягонаи электронии ҳамоҳангсозии тайёркунии кадрҳо бо дараҷаи илмӣ ҷорӣ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки тавассути Системаи ягонаи электронии ҳамоҳангсозии таълими кадрҳо бо дараҷаи илмӣ корҳои зерин пурра амалӣ карда шаванд:
ташаккул додани бонки маълумотҳо оид ба коромӯзон-муҳаққиқон, унвонҷӯён, роҳбарони илмӣ ва мушовирон, инчунин қайди иҷрои кор тибқи нақшаи инфиродии коромӯз-муҳаққиқон ва унвонҷӯён;
гузарондани назорати самаранокии донишкадаҳо оид ба тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ, ташаккул додани ҳисоботҳои дахлдор ва иттилооти таҳлилӣ;
ташаккул додани дархостҳо оид ба квотаҳои қабул барои омӯзиши коромӯзӣ-тадқиқотчӣ, дар докторантураи асосӣ ва докторантура;
сабти номи унвонҷӯён барои таҳсил дар донишкадаҳои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи илмӣ.
Вазорати рушди инноватсионӣ хароҷоти марбут ба кори бефосила, хидматрасонии техникӣ ва нигоҳдорӣ, инчунин такмили минбаъдаи имкониятҳои функсионалии низоми мазкури электрониро маблағгузорӣ кунад.
7. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
ҳуҷҷатҳо дар бораи додани унвони илмии доктори илмҳои фалсафа (PhD) ё доктори илм (DSc), ки аз ҷониби ташкилотҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дода шуд, дар онҳо системаи якмарҳилавии таҳсилоти баъдидипломӣ ҷорӣ карда шудааст ва яке аз 300 мавқеи аввалро дар рӯйхати рейтингҳои байналмилалӣ гирифтааст, ки ҳамасола бо қарори муштараки Вазорати олӣ ва таҳсилоти миёнаи махсус ва Инспексияи давлатии назорати сифати таълим тасдиқ карда мешавад, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мустақиман ҳамчун доктори илм (DSc) эътироф карда мешаванд ва мавриди нострификатсия (муқаррар кардани эквивалент) қарор доранд;
ҳуҷҷатҳо дар бораи додани унвони илмии профессор, дотсент, ходими калони илмӣ ва дигар унвонҳои ба он баробаркардашудаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки яке аз 300 мавқеи аввалро дар рӯйхати рейтингҳои байналмилалӣ ишғол кардаанд, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мустақиман бидуни экпертизаи иловагӣ ва санҷишҳои дигар дар асоси тавсияҳои шӯроҳои мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои илмӣ эътироф карда мешаванд.
8. Девони Вазирон дар муддати ду ҳафта лоиҳаҳои қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи такмили низоми идоракунии давлатӣ оид ба рушди фаъолияти илмию инноватсионӣ» ва «Дар бораи тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи рушди инноватсионӣ» ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намояд, ки инҳоро пешбинӣ мекунад:
ҷорӣ намудани тартиби нави ташаккули барномаҳои давлатии фаъолияти илмӣ;
истифодаи самараноки маблағҳои Фонди дастгирии рушди инноватсионӣ ва ғояҳои инноватсионӣ, Фонди Президентӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, инчунин Фонди дастгирии ҷавонони лаёқатноки Академияи ҷавонон;
аз нав дида баромадани вазифаҳо ва функсияҳои ҷории Вазорати рушди инноватсионӣ ва боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он.
9. Ба эътибор гирифта шавад, ки Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Модернизатсияи низоми миллии инноватсионии Ӯзбекистон» (минбаъд — Лоиҳа) оид ба ҷудо намудани маблағҳои кредитии имтиёзнок дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА ба мақсади рушди  системаи инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дар асоси тиҷоратикунонии коркардҳои илмӣ маъқул дониста шудааст.
Вазорати рушди инноватсионӣ ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ ба муҳлати то 1 январи соли 2021:
оид ба таъсиси Шӯрои коршиносони байналмилалӣ (International Expert Board) барои арзёбӣ ва гузаронидани экспертизаи ташаббусҳо (лоиҳаҳо) дар доираи Лоиҳа чораҳо андешанд;
оид ба таъсиси Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба мақсади мусоидат ба татбиқи ташаббусҳо (лоиҳаҳо), инчунин ҷорӣ кардани низоми назорати молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи Лоиҳа дар асоси талаботи Бонки ҷаҳонӣ чораҳо андешанд;
оид ба ҷалби қарзҳои иловагии имтиёзнок аз Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 50 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани нерӯи илмии Ӯзбекистон» дар соли 2021 пешниҳод тақдим намояд.
10. Вазорати молия, Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои масъул дар доираи параметрҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ барои хароҷоти дахлдор оид ба ноил шудан ба Параметрҳои мақсаднок маблағ ҷудо кунанд.
11. Аз 1 январи соли 2021 ба нишондиҳандаҳои рейтингии баҳодиҳии сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 майи соли 2020 № ҚП-4702 тасдиқ шудааст, нишондиҳандаҳои шумораи лоиҳаҳои бунёдӣ, амалӣ ва инноватсионӣ, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии минтақаҳои дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, шумораи унвонҷӯёни илмӣ ва олимон ба як миллион аҳолӣ, шумора ва ҳаҷми тиҷоратигардонии коркардҳои илмӣ дохил карда шаванд.
12. Вазорати рушди инноватсионӣ ба муҳлати то 1 декабри соли 2020 барномаеро оид ба ташкили корҳо бобати якчанд маротиба афзоиш додани ҳаҷми тиҷоратикунонии коркардҳои муҳими илмӣ, ки дар асоси таҳлили ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи самаранокии лоиҳаҳои илмӣ, ки соли 2019 дар доираи барномаҳои давлатии фаъолияти илмӣ ба анҷом расонида шудаанд, қабул намояд. 
13. Иҷрокунандагони масъул – мақомоти идораи давлатӣ ва ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ, ки ташкилотҳои тобеи илмӣ доранд, инҳоро таъмин кунанд:
дар давоми як моҳ — таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳо, ки дар «Харитаи роҳ» дар солҳои 2020-2021, дар охири ҳар сол – дар соли оянда бо мувофиқаи Вазорати рушди инноватсионӣ муайян шудаанд;
дар ҳар семоҳа то рӯзи 5-уми моҳи пас аз ҳисоботӣ - ба Вазорати рушди инноватсионӣ пешниҳод намудани маълумот дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ва «Харитаи роҳ».
Вазорати рушди инноватсионӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор то рӯзи 10-уми пас аз моҳи ҳисоботӣ таҳия ва ба Девони Вазирон пешниҳод намудани маълумоти умумигардондашуда дар бораи иҷрои Фармони мазкур ва пешниҳодҳо оид ба барҳам додани камбудиҳои ошкоршуда.
14. Масъулияти шахсӣ ба зиммаи:
Шӯрои ҷумҳуриявии оид ба илм ва технологияҳо (А.Н. Арипов) – барои таъмини саривақтӣ, пурра ва босифати Фармони мазкур, ташкили самарабахш ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳое, ки барои татбиқи Консепсия ва «Харитаи роҳ» масъуланд, инчунин ба даст овардани нишондиҳандаҳои мақсаднок, дар маҷлисҳои Шӯро дар як сол на камтар аз ду маротиба шунидани ҳисоботи роҳбарони дахлдор оиди корҳои аз ҷониби онҳо анҷомдодашуда бо қабули чораҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда;
вазири рушди инноватсионӣ (И.Ю  Абдураҳмонов) — барои таъмини ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки Консепсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ, такмили низоми идоракунӣ дар соҳаи илм, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти илмӣ ва васеъ намудани номгӯи маҳсулоти инноватсионӣ дар асоси ба таври доимӣ тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ;
Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои масъул — барои таъмини саривақтӣ, босифат ва пурраи иҷрои чорабиниҳои дар Консепсия ва «Харитаи роҳ»  пешбинишуда, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ, ки ба ҳалли илмии мушкилоти мавҷудаи минтақаҳои дахлдор равона шудаанд, дар асоси ташаккули барномаҳои минтақавӣ оид ба фаъолияти илмӣ;
президенти Академияи илмҳо (Б.С. Юлдошев) — барои мутобиқсозии пурраи фаъолияти илмӣ ва инноватсионии ташкилотҳои илмии системаи Академияи илмҳо ба эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, афзоиши миқдор ва васеъ намудани миқёси ҷорӣ кардани коркардҳои баландмаҳсули илмӣ  ва технологияҳо гузошта шаванд.
15. Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба илм ва технологияҳо дар муддати ду ҳафта вобаста намудани  мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаҳоро ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон ва дигар васоити ахбори омма ба мақсади  то охири соли 202 ташкили баромадҳо ва барномаҳои телевизионии мавзӯӣ оид ба дар байни аҳли илм ва аҳолӣ васеъ равшан намудани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур таъмин намояд.
16. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
29 октябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: