ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ТАЙЁРКУНИИ КАДРҲО БАРОИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТ

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар шароити беш аз пеш пурзӯр шудани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ  минбаъд такмил додани самаранокии низоми тайёркунии кадрҳо тавассути баланд бардоштани сифати таълим ва неруи илмӣ дар таъмини рушди иқтисодии кишвар аҳамияти муҳим дорад. 
Дар баробари ин, куллан такмил додани фаъолияти муассисаҳои таълими олӣ дар иқтисод ва молия, дар онҳо ба роҳ мондани низоми самарабахши идоракунӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои навтарини педагогӣ ба раванди таълим, дар асоси андозаҳои ҷаҳонӣ ташкил кардани фаъолияти илмӣ, минбаъд баланд бардоштани мавқеи онҳо дар рейтингҳои байналмилалӣ, васеъ ҷалб намудани кадрҳои илмиву педагогии дорои таҷрибаи пешқадами хориҷӣ асоси омода намудани кадрҳои рақобатпазир барои низоми иқтисодиву молиявии кишвар мебошад.
Бо мақсади такмил додани низоми тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ барои соҳаҳои иқтисод ва молия, бо такя ба андозаҳои байналмилалӣ ташкил кардани равандҳои таълимӣ ва илмӣ дар асоси шаклу усулҳои инноватсионӣ, инчунин таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълими олӣ: 
1. Пешниҳоди Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия, Вазорати иқтисодиёт ва молия, Кумитаи андоз дар бораи бозсозии Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд (минбаъд – Донишгоҳ) аз тариқи ба он ҳамроҳ намудани Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишкадаи фиксалӣ пазируфта шавад.
2. Инҳо вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳ муайян карда шаванд:
тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва такмил додани ихтисоси кадрҳои маълумоти олидор бо дарназардошти тамоюлҳои навтарини ҷаҳонӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, молия ва андоз, технологияҳои молиявӣ, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва талаботи сектори воқеии иқтисодиёт;
ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар раванди таълим, эҷоди коркардҳои пешрафтаи инноватсионӣ барои бахшҳои иқтисодиёт тавассути таъмин сохтани ҳамоҳангии таълим ва тадқиқот, ташаккул додани малакаҳои донишҷӯён дар таҳлили системавӣ, тафаккури эҷодӣ ва фаъолияти амалӣ;
самарабахш ба роҳ мондани низоми экологии «таълим – илм –инноватсия – рақамисозӣ» бо роҳи ташкил намудани лабораторияҳои муосири таълимию илмӣ ва марказҳои симулятсионӣ ва трансфери тадқиқоти илмӣ ва инноватсионӣ, ки ба рушди соҳа нигаронида шудаанд;
татбиқ сохтани лоиҳаҳои илмӣ дар самтҳои кунунии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, молия ва андоз, таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ва амалӣ оид ба татбиқ намудани натиҷаҳои онҳо;
баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ дар фазои ҷаҳонии таълим ва илм, рушди ҳамкории академӣ ва илмӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, ба таври мунтазам ба роҳ мондани коромӯзии хориҷии илмию амалии профессорону омӯзгорон. 
3. Муайян карда шавад, ки:
а) Донишгоҳ муассисаи пешбари таълими олӣ оид ба тайёркунӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъминоти методии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва кадрҳои илмӣ дар соҳаи иқтисодиёт, молия ва андоз ба ҳисоб меравад;
б) ҳамаи донишҷӯён, ки дар Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишкадаи фиксалӣ таҳсил мегиранд, таҳсилро дар Донишгоҳ идома медиҳанд ва аз оғози соли таҳсили 2023/2024, ба донишҷӯёни хатмкунанда дар тартиби муқарраршуда дипломи Донишгоҳ  дода мешавад;
в) аз соли таҳсили 2024/2025  дар Донишгоҳ: 
раванди таълим бо забони давлатӣ, забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ сурат мегирад;
барои донишҷӯёни иқтидорнок, ки ба самти бакалавр ва ихтисоси магистратура қабул шудаанд, гурӯҳҳои алоҳида бо таҳсил дар забонҳои хориҷӣ ташкил карда хоҳанд шуд;
барномаи таълим зина ба зина дар асоси барномаҳои ташкилоти хориҷии таълими олӣ, ки ба рейтинги топ-300-и ташкилотҳои байналмилалии эътирофшуда дохил мешаванд, таҳия мегарданд;
ба раванди таълим профессорону омӯзгорон ва мутахассисони бонуфуз, ки дар соҳаҳои дахлнок таҷрибаи амалии на камтар аз панҷсола  доранду дар низомҳои иқтисод, молия ва андоз фаъолият нишон медиҳанд, ҷалб карда хоҳанд шуд;
низоми такмили ихтисоси кормандони соҳаи иқтисодиёт, молия ва андоз ба роҳ монда мешавад;
г) қабули донишҷӯён ба таҳсил дар Донишгоҳ аз соли хониши 2024-2025 оғоз меёбад.
Дар ин бобат қабул ба таҳсил аз рӯйи гранти давлатӣ дар ҳудуди параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул ва таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълими олӣ муайян карда мешаванд;
д) Донишгоҳ:
дар тобеъияти идоравии Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия буда, Вазорати иқтисодиёт ва молия, Кумитаи андоз ба сифати фармоишгари кадрҳо ба ташкили самарабахши фаъолияти донишгоҳ, таҳия кардани талаботи пурихтисос, таҳкими пойгоҳи модию техникӣ, фароҳам овардани шароит ба донишҷӯён дар пойгоҳҳои амалиётӣ мусоидат менамояд;
соҳиби муҳр ва бланкаҳо бо тасвири Герби давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки номи худ бо  забонҳои давлатӣ навишта шудааст, баланси мустақил ва ҳисобсурати хазинавӣ мебошад;
оид ба ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо вориси ҳуқуқии Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишкадаи фиксалӣ аст. 
4. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
ҳайати Шӯрои назоратии Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд мувофиқи замимаи рақами №1;
«Харитаи роҳ» оид ба самарабахш ба роҳ мондани низоми тайёркунии кадрҳо, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таҳкими пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд дар солҳои 2024-2027 мувофиқи замимаи № 2;
номгӯйи объектҳое, ки ба Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд  дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ беподош дода мешаванд, мувофиқи замимаи №3.
5. Шӯрои назоратӣ (Қӯчқоров):
а) то 1 апрели соли 2024 бобати ба вазифаи кадрҳои идоракунии Донишгоҳ ҷалб намудани мутахассисони соҳиби таҷрибаи корӣ дар муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ  чораҳо андешад;
б) то оғози соли хониши 2024/2025 ташкилоти ботаҷрибаи лоиҳакаширо ҷалб намуда, оид ба сохтмони кампуси замонавӣ дар пойгоҳи ҳудуди мавҷуда, бино ва иншооти Донишгоҳ нақшаи маҳорат таҳия намуда, пешбинӣ кунад:
дар ҳудуди Донишгоҳ бинобар манзили: шаҳри Тошканд, ноҳияи Чилонзор, кӯчаи Олмазор, хонаи 183 сохтмони бинои бисёрошёнаи мултифунксионалии иборат аз аудиторияҳои таълимӣ, коворкинг марказҳо, лабораторияҳои IT, бизнес инкубаторҳо ва толори конфронси ҷавобгӯйи андозаҳои байналмилалӣ;
ба шабакаи ягонаи дорои интернети балансуръат пайвастани кампуси Донишгоҳ ва бинову иншооти дар он қарордошта, ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии иттилоотӣ ба раванди таълим ва илмию тадқиқотӣ;
сохтмони ҷойҳои нави истиқомати донишҷӯён, толорҳои варзишии замонавӣ, ошхона ва дигар бинову иншоот дар ҷойи биноҳои аз ҷиҳати манавӣ ва ҷисмонӣ куҳна ба мақсади фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ барои донишҷӯён.
6. Дар Донишгоҳ Фонди рушди Донишгоҳ таъсис дода, маблағҳои он аз ҳисоби хайрияҳо ташаккул дода мешаванд. 
Муқаррар карда шавад, ки як қисми маблағ, ки баъди хароҷот барои нигоҳдорӣ ва хароҷоти ҷорӣ аз даромади пуливу қарордодӣ дар Донишгоҳ боқӣ мондаанд, ба Фонди рушди Донишгоҳ гузаронда, инчунин барои беҳдошди раванди таълим ва рушди пойгоҳи моддию техникӣ мувофиқи қарори Шӯрои назоратӣ ҳарҷ карда мешавад. 
7. Шӯрои назоратӣ (Қӯчқоров), Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия ба мақсади такмил додани  фаъолияти Донишгоҳ ва баланд бардоштани сифати таълим дар муҳлати ду моҳ дар назди Донишгоҳ Маркази тарнсформатсия бо ҷалби коршиносони хориҷӣ созмон диҳад. 
Ба зиммаи Маркази трнсформатсия барои инҳо масъулият гузошта шавад:
дохил намудани Донишгоҳ то соли 2030 ба рейтинги топ-1000-и муассисаҳои таълими олии ташкилотҳои байналмилалии эътирофшуда, инчунин коркарди стратегия оид ба таъмини гузарондани номнавискунии байналмилалии барномаҳои таълимии Донишгоҳ;
мақбулгардонии самти таълими бакалаврият мувофиқи таҷрибаи хориҷӣ ва ба барномаҳои байналмилалии таълимӣ мувофиқат гардондани барномаҳои таълимии Донишгоҳ;
ташкили коромӯзии на кам аз 200 профессорону омӯзгорони пешбар дар ташкилотҳои хориҷии таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ дар солҳои 2024-2025;
таҳияи барномаҳои таълимии Донишгоҳ дар асоси барномаи ташкилотҳои таълими олии хориҷӣ,
8. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории фаъолияти Донишгоҳ аз ин ҳисобҳо амалӣ гардонда мешавад:
аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ, маблағе, ки аз таълим дар асоси пулию қарордодӣ ба даст меоянд, маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва расондани хидмат дар асоси шартнома, хайрот ва грантҳо, инчунин манбаъҳои дигаре, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ манъ накардаанд;
дар доираи маблағе, ки дар соли 2024 аз буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия ба сифати тақсимотгари маблағҳои буҷаи сатҳи аввал ҷудо карда мешаванд, аз соли 2024 сар карда дар параметрҳои Буҷаи давлатӣ пешбинӣ мешаванд. 
9. Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия дар муҳлати ду моҳ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд. 
10. Ба зиммаи Сарвазир – вазири иқтисодиёт ва молия Ҷ. А. Қӯчқоров ва вазири таълими олӣ, илм ва инноватсия К. А. Шарипов барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур масъулияти шахсӣ гузошта шавад. 
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. К. Абдураҳмонов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ. 

Шаҳри ТОШКАНД, 
7 феврали соли 2024.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: