Дар Бухоро навраси 15-сола аз болои модараш ба Омбудсмани кӯдакон шикоят кард

Навраси 15-солаи сокини вилояти Бухоро аз болои модараш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон шикоят кард.

Навраси 15-солаи сокини вилояти Бухоро аз болои модараш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон шикоят кард.

Гуфта мешавад, ки модари М.М. муддати тӯлонӣ ба ӯ тазъиқ мекардааст, аз ин рӯ, аз соли 2023 инҷониб кӯдак аз модар ҷудо зери парастории бибиаш ба сар мебарад.  М.М.  мегӯд, ки падараш бо сабаби сари вақт иҷро накардани ӯҳдадории алимент аз озодӣ маҳрум карда шудааст,   аз ин рӯ  ёрии амалӣ пурсидааст, ки хоҳар ва худашро зери парастории модар нагузоранд.

Дар асоси дархости Омбудсмани кӯдакон вазъи иҷтимоии ин оила аз ҷониби Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ҳамаҷониба омӯхта шуд.  Аз ҷумла, маркази хизматрасонии иҷтимоии “Инсон”-и ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро зимни таҳқиқи вазъ ба хулосае омад, ки манфиати кӯдакро модар не, модаркалон таъмин карда метавонад. Ҳамчунин васии М.М. ва хоҳараш расман модаркалон таъин шудааст.

 Масъалаҳои иҷтимоии ин оила минбаъд низ таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва шахсони масъул қарор дошта, дар ҳолатҳои зарурӣ тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расонидани кумакҳо андешида мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: