ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ДАР ХОРИҶА ТАЙЁР КАРДАН ВА МИНБАЪД БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ ХИДМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ВА МУТАХАССИСОН

Ба мақсади куллан такмил додан ва минбаъд бозсозӣ кардани фаъолияте, ки ба ҷустану интихоб кардани мутахассисони соҳибистеъдоду пешомадноки ҷавон, хусусан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, ба роҳ мондани таълими мақсаднок ва дар муассисаҳои бонуфузи таълимиву илмии хориҷӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва ширкатҳои дигар аз таҷрибаомӯзӣ гузаштани онҳо, ҳамчунин фароҳам овардани тамоми шароит барои ташаккул додан ва ба хидмати давлатӣ ҷалб намудани кадрҳои насли наве, ки афкори замо

Ба мақсади куллан такмил додан ва минбаъд бозсозӣ кардани фаъолияте, ки ба ҷустану интихоб кардани мутахассисони соҳибистеъдоду пешомадноки ҷавон, хусусан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, ба роҳ мондани таълими мақсаднок ва дар муассисаҳои бонуфузи таълимиву илмии хориҷӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва ширкатҳои дигар аз таҷрибаомӯзӣ гузаштани онҳо, ҳамчунин фароҳам овардани тамоми шароит барои ташаккул додан ва ба хидмати давлатӣ ҷалб намудани кадрҳои насли наве, ки афкори замонавӣ доранд, дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия ёфтаанд ва дорои донишҳои амиқи касбӣ мебошанд:
1. Ба маълумот гирифта шавад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 октябри соли 2019 №ФП-5843 «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани сиёсати кадрӣ ва низоми хидмати давлатии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Бунёди «Эл-юрт умиди» бобати тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанони назди Девони Вазирон ба ихтиёри Оҷонсии рушди хидматҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудааст.
Муқаррар карда шавад, ки Бунёди «Эл-юрт умиди» оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанон (минбаъд – Бунёд) бинобар ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо, аз ҷумла шартномаҳои байналхалқӣ, ҷогузини ҳуқуқии Бунёди «Эл-юрт умиди» оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанони назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
2. Инҳо вазифаҳои иловагӣ ва самтҳои фаъолияти Бунёд муайян карда шаванд: ҷустан, интихоб кардан, рағбатнок кунонидани хидматчиёни соҳибистеъдод ва пешомадноки давлатӣ, бахусус дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, мунтазам ба роҳ мондани омӯзиш ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаштани онҳо дар муассисаҳои бонуфузи таълимиву илмӣ ва дигари хориҷӣ;
ташаккул додан ва кӯмак расонидан барои ба хидмати давлатӣ ҷалб кардани кадрҳои насли нави касбӣ, дорои нуқтаи назари замонавӣ ва дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия ёфтаву соҳиби донишҳои амиқ;
дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ ба роҳ мондани тадбирҳои илмиву амалӣ, ки ба ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар хидмати давлатӣ ва соҳаи таълим нигаронида шуда, ба таҷрибаи кишварҳои пешқадам такя мекунад;
якҷо бо созмонҳои таълимӣ, илмӣ ва дигари хориҷӣ, олимон ва коршиносон, ҳамчунин ҳамватанон татбиқ намудани барномаҳои ба онлайн-платформаҳои масофавии таълимӣ асос кардашуда, курсҳои таълимӣ ва дигар лоиҳаҳои таълимӣ, илмиву тадқиқотӣ ва аёнӣ.
3. Ба пешниҳоди Оҷонсии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати куллан таҷдиди назар кардани низоми ҷустану интихоб кардан ва ба роҳ мондани таълими мутахассисон дар хориҷа, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
барномаи таълими бакалавриат, магистратура ва докторантура дар хориҷа дар пояи озмунҳои кушоди стипендиалӣ барномаҳои асосии таълимии Бунёд (минбаъд – барномаҳои таълимӣ) ба шумор меравад;
интихоби озмунии номзадҳо бинобар барномаҳои таълимии Бунёд барои тамоми шаҳрвандони Ӯзбекистон мунтазам ва дар шакли ошкоро, новобаста аз ҷойи кор ва хониш дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида мешавад;
аз ҷониби Бунёд дар пояи супоришҳои бевоситаи вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳо барномаи аз таҷрибагузарӣ бинобар ихтисосҳои пешомадноку серталаб ташкил карда мешавад.
4. Муайян карда шавад, ки интихоби ошкорои озмунии номзадҳо бинобар барномаҳои таълимии Бунёд мувофиқи самтҳои зерин гузаронида мешаванд:
идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
таъмин кардани волоияти қонун ва соҳаи суду ҳуқуқ;
таълим, нигаҳдории тандурустӣ ва ҷанбаҳои дигари соҳаҳои иҷтимоӣ;
соҳа ва ҷанбаҳои иқтисодӣ.
5. Ба Бунёд барои ҷавононро бинобар барномаҳои бакалавриат дар давлатҳои пешқадами хориҷӣ дар пояи озмунҳои ошкорои стипендиалӣ хонондан дар соли 2021 нисбати соли гузашта 100 ҷой, барои таълим дар магистратура ва докторантура – ба ҳисоби миёна 5 баробар бештар ҷой  ҷудо карда шавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки:
маблағҳое, ки аз Буҷаи давлатӣ барои соли дахлдор ҷудо карда шуда, харҷ нагардидаанд, дар ихтиёри Бунёд мемонанд ва барои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои таълимии он дар солҳои минбаъда истифода мешаванд;

аз ҳисоби маблағҳои Бунёд таҷрибаомӯзии шунавандагони Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар созмонҳои таълимӣ, илмӣ ва дигари хориҷӣ ташкил карда мешавад;
ба роҳ мондани такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва таълими кадрҳои забони хориҷӣ дар хориҷа аз ҳисоби маблағҳои мақсадноке, ки дар Буҷаи давлатӣ барои вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин маблағҳои ғайрибуҷавии супоришгарон ва манбаъҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, татбиқ карда мешавад;
квотаҳои стипендияи Бунёд бинобар самтҳои интихоби озмунии номзадҳо дар қисмати соҳаҳои таълим дар асоси қарори Шӯрои парасторон бо назардошти барномаҳои таълимӣ, ихтисосҳои пешомаднок ва харидоргир ҷудо карда мешаванд;
барои стипендиатҳое, ки хонишро мувофиқи барномаи таълимии Бунёд гузаронидаанд, ӯҳдадории кори доимӣ дар вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигари давлатӣ, ҳамчунин дар ташкилотҳо бо саҳми давлатӣ дар тартиб ва муҳлате, ки дар шартнома бо стипендиат баста шудааст, гузошта мешавад;
Бунёд ҳақ дорад олимону коршиносони машҳури  хориҷӣ ва ватаниро ҷалб намояд, курсҳои таълимӣ, чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва дигарро ба мақсади кӯмакрасонӣ барои баланд бардоштани иқтидори хидматчиёни давлатӣ ва кормандони табақаҳои дигар, рағбатноксозии ҷавонони соҳибистеъдод ва пешомаднок, пеш аз ҳама ҷавонон аз минтақаҳои ҷумҳуриро ташкил кунад;
дар мавриди аз барномаҳои таълимӣ бинобар сабабҳои беасос ё худ сартобӣ аз фаъолияти меҳнатӣ дар вазоратҳо, идораҳо ё худ дигар созмонҳои давлатӣ хориҷ кардани стипендиат, пас аз анҷоми таълим бинобар барномаҳои таълимии Бунёд он стипендиат тамоми харҷҳои молиявиеро, ки аз ҷониби Бунёд барои таълими ӯ сарф шудааст, мувофиқи шартҳои муоҳидае, ки бо ӯ баста шудаанд, ҷуброн мекунад.
7. Ба Шӯрои парасторон супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ:
тартиби ба роҳ мондани таҷрибаомӯзиро бинобар мутахассисиҳои пешомадноку серталаб дар пояи супоришҳои бевоситаи вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳо;
ҳаҷми ниҳоии бо маблағ таъминкунии стипендияҳои Бунёд бо назардошти як нафар стипендиат кор карда барояд ва тасдиқ кунад.
8. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
сохтори Бунёди «Эл-юрт умиди» оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанон мувофиқи замимаи №1;
Дастур дар бораи Бунёди «Эл-юрт умиди» оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанон мувофиқи замимаи №2;
ҳайати Шӯрои парасторони Бунёди «Эл-юрт умиди» оид  ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанон мувофиқи замимаи №3;
Дастур дар бораи тартиби гузаронидани интихоби ошкорои озмунии номзадҳо бинобар барномаҳои таълимии Бунёди «Эл-юрт умиди» оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанон мувофиқи замимаи №4;
«Харитаи амалиёт» бинобар куллан такмил додани низоми тайёр кардани дар хориҷа ва минбаъд баланд бардоштани иқтидори хидматчиёни давлатӣ ва мутахассисон мувофиқи замимаи №5.
9. Ба вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигари манфиатдор супурда шавад, ки:
ҳар сол то 1 сентябр ба Бунёд дар бораи талаботи ҳақиқӣ нисбати мутахассисони пешомадноку харидоргир барои омӯзиш бинобар барномаҳои таълимии Бунёд номзадҳои аз ҳар ҷиҳат тайёр бо пешниҳоди тавсияҳо барои иштирок дар интихоби ошкорои озмунии Бунёд маълумот пешниҳод кунанд;
ба Бунёд барои татбиқ намудани мониторинги фаъолияти меҳнатӣ кӯмак расонанд, барои соҳиби ҷойи кори сазовор шудан, рушди касбӣ ва вазифавии стипендиатҳо дар Ӯзбекистон мунтазам шароит фароҳам оваранд.
10. Ба Бунёд иҷозат дода шавад, ки дар тартиби истисно бо шарикони хориҷӣ барои хидматрасонии бидуни қайди ҳатмии қарордодҳо (шартномаҳо)-и ҳатмии воридотӣ дар корхонаи давлатии унитарии «Маркази экспертизаи маҷмӯии лоиҳаҳо ва қарордодҳои воридотӣ»-и назди Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани нодорӣ, бидуни баргузор кардани савдоҳои биржавӣ ва экспертизаи ҳатмии қарордодҳо (шартномаҳо) дар мақомоти бонуфуз ба мақсади ба роҳ мондани барномаҳои таълимии худ, ҷалби олимон ва мутахассисони хориҷӣ ва ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҳамватанон шартномаҳои бевосита имзо кунад.
Муқаррар карда шавад, ки муҳлати татбиқ намудани қарордодҳои воридотӣ, ки аз номи Бунёд барои татбиқ сохтани барномаҳои таълимии Бунёд ба имзо расидаанд, муҳлате ба шумор меравад, ки дар шартномаҳои мазкур зикр шудааст.
11. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №6 тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
12. Баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №7 беэътибор ҳисобида шаванд.
13. Ба Бунёд супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
14. Ба Бунёд (А.Ш.Бекмуродов) супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ (А.А.Хоҷаев), Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон (А.К.Кӯчимов) ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон (А.Д.Хоҷаев) дар расонаҳои ахбори оммавӣ баромад ва барномаҳои мавзӯии телевизиониро дар бораи аҳамият ва моҳияти Фармони мазкур ба роҳ монанд.
15. Масъулияти шахсӣ барои самарабахш ба роҳ мондани иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қ.Қ.Қуранбоев гузошта шавад.
16. Баррасии ҳарчорякии ҷараёни иҷрои Фармони мазкур, ҳамчунин ба роҳ мондани коргузорӣ ва назорати фаъолияти идораҳое, ки барои иҷрои он масъуланд, ба зиммаи роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.
Дар бораи натиҷаи чораҳои амалишуда дар охири ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
11 феврали соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: