ДАР ЧУВАШИСТОН МАРКАЗИ МАДАНИЯТИ ӮЗБЕК КУШОДА ШУД

Дар пойтахти Ҷумҳурии Чувашистон – Чебоксари (Русия) маросими мутантани кушодашавии Маркази маданияти ӯзбек ба вуқӯъ пайваст.

Марказ дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чувашистон ба номи И.Я. Яковлев боз гардид. 
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чувашистон ба номи И.Я. Яковлев Игор Кожанов, проректор оид ба илм ва инноватсияҳо Владимир Иванов, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон Бахтиёр Расулов, муовини аввали вазири таълими Чувашистон Алексей Лукшин иштирок карданд.
Маросими кушоиши Марказ аз шиносоӣ бо таърихи донишгоҳ, ҳаёти он, тамошои толоре, ки дар он акси олимон ва мутафаккирони бузург – гузаштагони халқи ӯзбек гузошта шудаанд, оғоз ёфт. 
Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чувашистон Игор Кожанов кушода, зикр намуд, ки муносибатҳои байни Русия ва Ӯзбекистон ҳоли ҳозир дар сатҳи баланд қарор доранд, ҳамкориҳои дуҷониба, ки ба шарикии стратегӣ асос мекунанд, рӯз аз рӯз меафзоянд, ҳар сол дар Ҷумҳурии Чувашистон Рӯзи забони ӯзбекӣ таҷлил карда мешавад. 
Таъкид шуд, ки кушодашавии Маркази маданияти ӯзбек дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чувашистон ба номи И. Я. Яковлев якҷо бо Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон воқеаи таърихӣ ба шумор меравад.
Дар навбати худ консули генералии Ӯзбекистон дар Қазон Фариддин Насриев қайд сохт, ки ҳамкориҳои байни кишварҳои мо ба шарофати дастгирии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Русия Владимир Путин босуръат инкишоф меёбанд. Таъкид гардид, ки самти бартариноки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангиву инсонпарварӣ мебошад. 
Номбурда зикр кард, ки кушодашавии Маркази маданияти ӯзбек барои қаробати минбаъдаи ҷавонони мо дар оянда ҳамчун асос хидмат мекунад, вай ба  созмондиҳандагон миннатдорӣ баён намуд ва ҷамъомадагонро бо кушоиши Марказ табрик кард. 
Ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон Бахтиёр Расулов аз ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чувашистон ба номи И. Я. Яковлев қаноатмандӣ изҳор намуд, дар пояи муоҳидаи баимзорасида, мубодилаи пурмаҳсули таҷрибаи байни омӯзгорон ва донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Вай таъкид сохт, ки кушоиши Маркази маданияти ӯзбек дар Донишгоҳи Чувашистон намунаи равшани ҳамкориҳои бомуваффақияти байни мактабҳои олӣ мебошад. 
Дар доираи чорабинӣ маросими тантанавӣ ба амал омад, ки дар он ба ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон Бахтиёр Расулов дараҷаи профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чувашистон, ба Игор Кожанов ва Владимир Иванов унвони ифтихории профессорони Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон дода шуданд. 

АИ «Дунё», 
шаҳри Чебоксари     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: