Лоиҳаҳои аниқи рушди шарикии индустриаливу технологӣ муҳокима шуданд

  • Лоиҳаҳои аниқи рушди шарикии индустриаливу технологӣ муҳокима шуданд
  • Лоиҳаҳои аниқи рушди шарикии индустриаливу технологӣ муҳокима шуданд
  • Лоиҳаҳои аниқи рушди шарикии индустриаливу технологӣ муҳокима шуданд
  • Лоиҳаҳои аниқи рушди шарикии индустриаливу технологӣ муҳокима шуданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 апрел ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Чехияро зери раҳбарии Сарвазир Петр Фиала, ки дар шаҳри Тошканд бо ташрифи расмӣ қарор дорад, қабул намуд.

Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибати байни Ӯзбекистону Чехия ва амиқсозии ҳамкории амалии байни ду мамлакат дар самтҳои бартаринок муҳокима гардиданд.

Шоистаи қайд аст, ки Чехия  бинобар анъана шарики муҳими аврупоии мамлакатамон ба шумор меравад. Имсол 30-солагии барқарор гардидани муносибати дуҷонибаи дипломатӣ қайд мегардад.

Дар чанд соли охир ҳаҷми табодули тарафайни амвол ду баробар, миқдори корхона ва лоиҳаҳои муштарак 2,5 баробар афзуд.

Ҳоло ҳозир лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, рушди инфрасохтори корӣ ба амал татбиқ мегардад. Инчунин табодули фаъолона аз рӯи анъана дар соҳаҳои таълим, тандурустӣ ва маданӣ ба амал татбиқ мегарданд. Дар доираи ташрифи мазкур инчунин кушоиши намоишгоҳ бахшида ба 20-солагии экспедитсияи археологии Ӯзбекистону Чехия ба вуқӯъ пайваст.

Зимни мулоқот аҳамияти босамар роҳандозӣ намудани потенсиали ҳамкории муфиди тарафайни ду мамлакат, ки чун пешвоёни индустриалии минтақаҳои худ ба шумор мераванд, махсус таъкид гардид.

Ногузирии фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ ва баргузории ҷамъомади навбатии он таъкид шуд.

Натиҷаҳои босамари бизнес-форуми баргузоршуда бо иштироки корхонаҳои пешсафи мамлакатҳоямон ва тақдимоти лоиҳаҳои истиқболнок олӣ арзёбӣ гардиданд.

Ба сифати самти бартаринок соҳаи истихроҷ, такомули энергетика, энергомошинсозӣ, электротехника, хоҷагии қишлоқ, саноати бофандагӣ ва чармӣ, нақлиёт ва логистика, ташкили парвозҳои бевосита, рушди даҳлезҳои нақлиётӣ ва ғайра муқаррар гардиданд.

Аҳамияти истифодаи дастгоҳҳои дастгирӣ ва таъмини молиявии муштараки лоиҳаҳое, ки ба татбиқи васеи технологияи пешқадами чех дар мамлакатамон нигаронда шудааст, таъкид шуд.

Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва таҳияи «нақшаҳои роҳ» бинобар ҳар як самти ҳамкорӣ қарор қабул гардид.

Ғайр аз ин фаъолияти Шӯрои корӣ барқарор мегардад, ки дар доираи он мунтазам баргузор намудани бизнес-форумҳо дар пойтахтҳо ва минтақаҳои Ӯзбекистон ва Чехия ба нақша гирифта мешавад.

Ба масъалаҳои вусъат додани табодули гуманитарӣ, аз ҷумла афзудани ҷойи таҳсили донишҷӯёни Ӯзбекистон дар муассисаҳои таълими олии пешқадами Чехия ва қабули барномаи чорабиниҳои маданӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: