ДАР ПЕКИН МАРОСИМИ ТАҚДИМОТИ КИТОБИ «СОЛНОМАИ САМАРҚАНД» БА ЗАБОНИ ЧИНӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар китоб ҳамчунин равобити таърихии байни Самарқанд ва Чин, нақши шаҳр дар Роҳи бузурги абрешим инъикос ёфтааст.

Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои илмии Чин, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин воситаҳои ахбори оммаи ҶМЧ ва ҳамватанони муқими ин кишвар ширкат доштанд.
Китоб, ки аз ҷониби як гурӯҳ олимони ӯзбекистонӣ омода шуда, дар нашриёти «New Star Press Co, Ltd» бо дастгирии Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷӣ нашр шудааст.
Ба иштирокчиёни тақдимот иттилоъ дода шуд, ки китоб ба таърихи шаҳри бостонии Самарқанд, дар ҷаҳон ҳамчун гавҳари Роҳи бузурги абрешим маъруф бахшида шудааст. Дар он бо тартиби хронологӣ таърихи ҳа-зорсолаи шаҳр аз пайдоиш то имрӯз тасвир карда шудааст. Дар китоб ҳамчунин дар бораи робитаи таърихии Самарқанд ва Чин, нақши шаҳр дар Роҳи бузурги абрешим ҳикоя карда мешавад.
– Самарқанд ҳамчун дурдонаи машҳури ҷа-ҳонии Роҳи бузурги абрешим ёдгории гузаштаи пуршарафи ин роҳи афсонавӣ буда, дар мубодилаи молҳо технологияҳо, ғояҳо ва арзишҳои фарҳангӣ байни Осиё ва Аврупо саҳми калон гузоштааст, – қайд карда шуд дар маросими тақдимот. – Имрӯз Самарқанд макони баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад. Моҳи сентябри соли 2022 дар ин ҷо ҷамъомади сарони Шӯрои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Ноиби президенти Идораи оид ба корҳои нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Юй Тао дар суханронии худ гуфт, ки Самарқанд дуюмин шаҳри бузурги Ӯзбекистон ва яке аз марказҳои роҳи қадимаи абрешим мебошад. 
«Чунон, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар муқаддимаи «Солномаи Самарқанд» гуфта буд, ин шаҳри қадимӣ ва ҷавон, воҳаи бо афсонаҳои нотакрори шарқӣ, рангин, дорои манзараҳои қадимӣ ва бошукуҳи таърихӣ ва яке аз гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳон мебошад», – қайд кард ӯ. – Бовар дорам, ки «Солномаи Самарқанд» василаи муҳими табодули фарҳангии ду кишвар мегардад. Бо нашри ин китоб дар Чин шумораи бештари одамон ба ин ҷо меоянд, то дар бораи ин шаҳр маълумот пайдо кунанд ва ба он ошиқ шаванд». 
Президенти нашриёи «New Star Press Co, Ltd» Ма Ҷусзюн қайд кард, ки Роҳи қадимаи абрешим шоҳиди дӯстии деринаи Чин ва Ӯзбекистон мебошад. Самарқанд, ки бо номи «Оинаи ҷаҳон ва боғи рӯҳ» маъруф аст, гавҳари ин масирест, ки Чин ва тамоми ҷаҳонро мепайвандад, таъриху муосирро ҳамоҳанг месозад ва ҳоло ба як маркази илмию фарҳангии машҳури ҷаҳон табдил ёфтааст. 
«Китоби «Солномаи Самарқанд» нашри муҳими силсилаи ҳаҷман калони «Солномаи сад шаҳр дар роҳи абрешим» мебошад. Ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои сарсухан ба ин китоб ва изҳори итминон, ки нашри ин китоб ба таҳкими муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Чин, ба рушди робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва боз ҳам коҳиш додани масофаи байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард, изҳори сипос менамоям. 
Муовини котиби генералии СҲШ Соҳайл Хон:
– Имрӯз барои иштирок дар муаррифии китоб дар бораи Самарқанд дар сафорати Ӯзбекистон дар Пекин хеле хурсандам. Дар ин ҷо ман дар бораи ин шаҳри зебоманзар маълумоти зиёди ҷолибу муфид ба даст овардам. 
Бояд гуфт, ки Самарқанд натанҳо ифтихори Ӯзбекистон, балки тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Покистон аст. Вақте ки сухан дар бораи марказҳои таърихии илмӣ, фарҳанг ва маърифат меравад, аксари одамон дарҳол Самарқандро пеши назар меоранд. 
Дар солҳои 2022 ва 2023 дар ин шаҳр ҳамоиши сарони кишварҳои СҲШ, нишасти БАТР ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор шуд. Самарқанд имрӯз исбот намуд, ки ҳамчун маркази муколама ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, ки олимон ва сиёсатмадорони тамоми ҷаҳонро муттаҳид менамояд, хидмат мекунад. 
Яке аз хусусиятҳои Ӯзбекистон дар байни кишварҳои СҲШ дар он аст, ки тамоми гавҳарҳои роҳи абрешим дар ин ҷо ҷойгир шудаанд. 
Котиби генералии Клуби Пекин оид ба муколамаи байналмилалӣ Хан Хуа:
– Барои ман Ӯзбекистон кишвари ба дил наздик аст. Соли гузашта ман ба Тошканду Самарқанд сафар кардам. Ман ҳамеша ба Самарқанд, ки чорроҳаи тамадунҳои гуногун ва шоҳиди рӯйдодҳои муҳими таърихӣ аст, мафтун ҳастам. Дар солҳои охир дар ин ҷо биною иншоотҳои замонавӣ сохта шуданд. Барои рушди муносибатҳои иқтисодии Ӯзбекистону Чин имкониятҳои бузург мавҷуданд. 
Имрӯз мо инчунин мебинем, ки ҳамкориҳои байни кишварҳо ва минтақаҳои мо дар тамоми соҳаҳо чи гуна хеле босуръат рушд мекунанд. Ин бешубҳа ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо хидмат мекунад. 

АИ «Дунё», 
ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: