«...АЗ МУАЛЛИМОНИ МАКТАБ ЯГОН ФИКРИ СОЛИМ НАМЕГИРЕД...»

Давлат рушд мекунад, ҷамъият пеш меравад.

Ислоҳоти ояндасоз пайгирона амалӣ мегарданд. Бахусус, тӯли солҳои охир ислоҳоти соҳаи таълим назаррасанд, вале мо...
Хостам андешаҳоямро перомуни китоби дарсии “Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш” (Муаллифон: Таваккал Чориев, Ҷумъаназар Эшонқулов, муҳаррир: Илҳом Эшонзодаи Насафӣ, синфи 3,  қисми 2,  Тошканд – 2022) иброз намоям.
Рости гап, сари ин масъала бисёр андеша намудам. Нависам ё нанависам? Ҳар боре, ки ба мақсади аёдати волидон ва хешу табор ба зодгоҳ – деҳаи дурдасти ноҳияи Нурато меравам, омӯзгорон маънидорона саволборонам мекунанд. Масъала якто – нуқсонҳои китобҳои дарсӣ. Шояд онҳо фикр мекунанд, ки камина то ҳол бо нашри китобҳои дарсӣ сарукор дорам. Аз вилоятҳои Сурхондарёву Қашқадарё, Навоиву Ҷиззах, Тошканду Сирдарё низ занг зада, доир ба тарҷума ва таҳияву таҳрири китобҳои дарсӣ фикр баён мекунанд. 
Ба қарибӣ аз ноҳияи Чиноз муаллимони синфҳои ибтидоӣ занг зада, аз нобасомонии китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ изҳори норозигӣ намуданд.  Боре ба яке аз муаллифон Ҷумъаназар Эшонқулов тавассути телеграм дар ин хусус паёмак фиристода, матлабро фаҳмондам, ки ҳоло чун нутқи айнаннақлшуда онро ин ҷо меорам: “ ... ҷиҳати таҳрир аз назари ягон омӯзгори мактаб мегузарондем, дилпуртар мешуд”. (гап дар бораи китоби дарсии “Адабиёт”-и синфи 7 мерафт). Дар ҷавоб чунин паёмак омад ва онро низ айнан ба ҳукми хонандагон ҳавола менамоем: “ ...Аз муаллимони мактаб ягон фикри солим намегиред ва дақиқан ҳам фикри судбахш дода наметавонанд. Беҳтараш аз пайи кори худ шавем...” Ва дере нагузашта аз нафари дигар – Илҳом Эшонзода паёмаки дуюм расид, ки айнан меорам: 
“Сухан кам гуфтану андеша 
кардан,
Беҳ аз бисёргӯӣ пеша кардан”.
Ба навиштан азм карданам ба он хотир аст, ки хонандаи мактабӣ Фазлиддин Адилҷонов (мактаби рақами 47, ноҳияи Чиноз)  ба муаллим савол медиҳад, ки ба ҷойи нуқта кадом садонокро гузорад? Нигаред, дар саҳифаи 118-уми китоби мавриди назар оварда шудааст: «Садонокҳои мувофиқ гузошта, калимаҳо тартиб диҳед». 
Дар ҳақиқат, фикри талабаи мактабӣ ҷон дорад. Чунки дар калимаҳои якуму дуюми ҷадвал садоноки мувофиқ гузоштан имкон надорад. 
Ҳазор офарин, ба муаллимоне, ки то имрӯз аз саҳву хатоҳои бешумори китоби дарсӣ сарфи назар карда, дар мактабҳо садоқатмандона дарс мегузаранд. Дар саҳифаи 9-уми китоб дар супориши «Ҳарфҷадвал» оварда шудааст: «Дар катакҳои холӣ бо гузоштани садонокҳои у, ӯ, о, а номи гулҳо, паррандаи хушхон, ҷашн ва моҳи фарорасии фасли баҳорро тартиб диҳед».
Ҳоло бигӯед, дар калимаҳои.улбул, .амал, нав.ӯз кадом садонокҳоро гузоранд? Дар аввали китоб номи ҳафт нафар муқарризон — омӯзгорони мактабҳо нишон дода шудааст. 
Дар саҳифаи 15 доир ба мавзӯъ тестҳо тартиб дода шудаанд. Ин кори хуб аст, зеро барои қавигардонии хотираи талабагон мусоидат мекунад? Дар он ба имлои нав риоя карда, пас аз ҳарфи «г» ҳарфи «ғ»-ро ҳамчун варианти ҷавоб гузоштаанд. Вале ин кашшофон дар қаринаи «ғ»-и он фасли ҳамалро кашф намудаанд. Ба диққататон мерасонам, ки ҳамал аслан калимаи арабӣ буда дар фарҳанг: 1. Барра, бачаи гӯсфанд. 2. Яке аз дувоздаҳ бурҷи фалакӣ, ки ба моҳи аввали шамсӣ ( 21 март – 20 апрел) рост меояд. 3. Моҳи якуми шамсӣ... ҳамчунин номи яке аз бурҷҳост. Муаллифон ин гуна фаслро барои донишомӯзони синфи 3 аз куҷо кашф кардаанд? Гузашта аз ин, чаро тестҳои китоби дарсӣ дар баъзе саҳифаҳо се варианти ҷавоб, дар дигар саҳифаҳо бошад, панҷ варианти ҷавоб доранд (дар саҳ. 36 бо се вариант оварда шудаанд).
Поёнтар, дар саҳифаи 20-уми китоб дар «Ҳарфҷадвал» боз хатои болоиро аз сари нав такрор карда, ҳам муаллим ва ҳам талабаро ба иштибоҳ андохтаанд. Канӣ, худашон гӯянд, дар ҷойи катаки холӣ кадом садонокро гузоранд, номи аъзои оила ҳосил мешавад: .омо,  па.ар,  хоҳа. (ҷойи катакҳо бо сенуқта нишон дода шудааст – Ҳ.С). Дар худи ҳамин ҷо ёдовар мешавем, ҳамаи супоришҳои дар зери «Ҳарфҷадвал» омада аз сари китоб то охир нуқсонҳо доранд. Дар баъзе саҳифаҳо   даст задани олимони корчаллонро дида, ангушти ҳайрат мегазед. Ба саҳифаи 33 назар меафканем, ки сурати нӯҳ ашё  оварда шуда, дар болотараш чунин навиштаанд: «Ҳафт хӯроки наврӯзии бо ҳарфи “син”, яъне “с” оғозёбанда».  Охир худ қазоват кунед, донишомӯзи синфи сеюм анору тухму ширу ҷурғотро маҷбуран бо ҳарфи с хонда наметавонад. Ман доир ба саҳву хатоҳои имлоиву китобатӣ ва техникӣ ҳарф намезанам, зеро теъдоди онҳо кам нест. Дар саҳифаи 44-уми китоб оварда шудааст: «Бойчечакбозӣ» аз чанд калима сохта шудааст?» Ба хонандаи синфи сеюм агар калимаи «бойчечакбозӣ» аз чанд реша иборат аст, мегуфтед, аз ҷиҳати методӣ дурусттар мешуд.
Ба меъёрҳои имлоиву ишоратӣ риоя накарда, ба ҷойи аломати сенуқта як нуқта гузоштаанд, қоидаи маъмулии забон вайрон шудааст. Дар саҳифаи 50-ум доир ба супориши «Чистонро хонед ва ҷавобашро ёбед» чунин ҷавобро ҷой додаанд: (Ҷавоб: Ха.б.з ва ҳ.р.и  А)    
Бо ин ҷумлае, ки бо зевари фикр ороста шудааст, чӣ гуфтан мехоҳед: «Бозёфти давоми афсонаи “Нахӯдак” ва хониши он» (?) (саҳифаи 56). Охир бозёфт дар луғат: «1. Чизи тоза ба даст даромада, нав ёфтшуда, кашфиёт; 2. Фоида, нафъ; чизи бемеҳнат бадастомада; 3. Гардонда гирифтан» шарҳ дода шудааст. Муаллифон онро ба кадом маънӣ дар ин саҳифа ҷой додаанд, ба худашон маълум асту бас. 
Камина барои хондани давоми китоб ҳавсала накардам. Муаллимони бечора дарди худро пеши кӣ баранд ва шогирдони бегуноҳи мо чӣ кор кунанд? 
Ҳоло ҳам вақт аст, аз пайи ислоҳ бояд шуд.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
устоди ДДОЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: