БА ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАРОИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ МЕРАВАНД, ЧӢ ГУНА ИМКОНИЯТҲО ДОДА МЕШАВАНД?

Дар мамлакати мо барои таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон низоми пурсамари қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол барои ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дар хориҷа меҳнат мекунанд, дар қонунгузории мо як қатор навгонӣ ва сабукиҳо ҷорӣ мешаванд.

Дар мамлакати мо барои таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон низоми пурсамари қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол барои ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дар хориҷа меҳнат мекунанд, дар қонунгузории мо як қатор навгонӣ ва сабукиҳо ҷорӣ мешаванд.
Бояд таъкид кард, ки пештар аз ҷониби давлат дастгирӣ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, ғамхорӣ нисбати эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи онҳо ва орзуву омолашон ба роҳ монда нашуда буд, дар ҳудуди мамлакат ва дар хориҷ аз он ҳам кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо мавҷуд набуданд.
Солҳои охир дар мамлакат  барои ба роҳ мондани муҳоҷирати муташаккил ва бехатар, ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо беш аз 10 қонун ва қарорҳо қабул карда шуданд. Бахусус 30 июли соли 2021-ум аз ҷониби Президенти кишвар Қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ нисбати рағбатноксозии шаҳрвандони барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ баромада» қабул шуд, ки давоми мантиқии корҳои ин соҳа гардид.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур аз 1 сентябри соли равон то 1 сентябри соли 2022-юм ба шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванду аз  рӯихати маҷмӯаи барномавии «Labor-migration» гузаштаанд, баҳри омӯхтани касбу ҳунар ё худ забони хориҷӣ имтиҳонҳоро бомуваффақият супурдаанд, барои сарпур сохтани ҳуҷҷатҳои ба имтиҳонсупорӣ вобаста ба миқдори 3 баробари музди камтарини меҳнат, барои сарпур сохтани хароҷоти вобаста ба харидани чиптаҳои роҳ ба миқдори 2 баробари музди камтарини меҳнат, барои сарпур сохтани ҳуҷҷатҳое, ки ба расмикунонии «визаи корӣ» барои фаъолияти меҳнатӣ дар давлатҳои тараққикарда вобастаанд, ба миқдори 5 баробари музди камтарини меҳнат ҷубронпулӣ дода мешавад.
Ҳамчунин аз 1 сентябри соли 2021 дар маҷмӯи барномавии «Labor-migration» барои шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, саҳифаи махсусе ташкил карда мешавад, ки имкони ба даст овардани ҷубронпулиро таъмин мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки аз 1 августи соли равон хароҷоти шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатии ширкатҳои нақлиётӣ кор кардаанду ҷароҳат бардоштаанд, ба ҳодисаи нохуш дучор шудаанд, ба бемории ҷиддӣ ва сахт гирифтор гардидаанд, аз ҷумла барои ба Ӯзбекистон овардани фарзандони ба воя нарасидаи онҳо, ҳамчунин сафари хидматии ходимони тиббие, ки чунин шаҳрвандон таҳти назорати онҳо баргаштаанд, сарпур карда мешаванд.
Аз ҷумла барои дастгирӣ кардани шаҳрвандоне, ки дар хориҷа меҳнат мекунанд, инчунин ба хазинае, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳифз менамояд, ба миқдори 52 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
Қарори мазкур, ки ба беш аз пеш мустаҳкам кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар кишвар, ба ҳифз кардан ва рағбатнок сохтани онҳо нигаронида шудааст, баробари ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ба тарзи ҳаёти фаровони онҳо низ хидмат хоҳад кард.

Дилбар МАМАҶОНОВА, депутати Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: